Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шумора
Дар дараи Дударгӣ миқдори башумори бузрав мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи поликарпӣ, то 80 см қад мекашад. Пояҳояш тоқа ва гирд аст. Гулҳояш дар чатр аз 15 то 20 мебошад.
Гулбаргҳояш зард. Моҳи август гул мекунад, сентябр самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои хоҷагидории инсон (роҳкушоӣ) сабаби нестшавии бузрав мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Бузравҳои мавҷударо ба зери назорат гирифта, ҳолати табиии онро омўхтан лозим аст. Дар дараи Дударгӣ барои таҳдиди он тадбирҳо андешидан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин, 1975.
ЗАРАФШОНИЯ
Zeravschania regeliana Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ғарби Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон ва Ўзбекистон (қаторкўҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва кўҳҳои Бойсун) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Z. scabrifolia M. Pimenov (қаторкўҳи Пётри I, Камчирак) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва тарқиши шахҳо (дар баландиҳои аз 900 то 2700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи алафӣ буда, аз 50 то 100 см қад мекашад.
Навдаҳо навбат бо навбат ба боло равона шудаанд ва шакли химчамонанд доранд. Баргҳояш луч, ҷилодиҳанда, аз қисми болоияш сабзисиёҳтоб ва аз қисми поён сафедча мебошад. Баргҳои назди решагӣ думчаи дароз дошта ва асосаш васеъшуда буда, забончаи дарозрўя дорад. Лавҳаи барг аз 10-20 см дарозӣ ва 5-10 см паҳни дорад. Баргҳои дарозрўяи тухммонанд дошта дукарата буридашуда мебошад. Тўдагулаш аз 5 то 8 см васеъгӣ дошта, аз 5 то 10 чатрча дорад. Тўдагул аз 15 то 20 гул дорад. Думчаҳои гул дароз буда, дар мева то 8 мм дарозӣ борик мебошад. Тоҷбаргҳои
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae гул тухмшакли бараксро дорад.
Меваҳо то 6, 5 мм дарози тухммонанд дорад. Моҳи июн ва июл гул мекунад, мевааш дар моҳи июлавгуст самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Эҳтимол таъсири омилҳои рўзгори инсон бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҷиҳати таснифот ҷолиби диққат аст. Ҳолати табиии зарафшонияро омўхта, мавзеъҳои рушди онро ҳифз бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин, 1948; 1959; Шишкин, 1951.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ДАРМАНА (ШИҲ)
Artemisia mogoltavica Poljak.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир буда, феълан кам таҳқиқ шудааст.
Паҳншавӣ
Дар чанд муҳити Тоҷикистони Шимолӣ дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар хокҳои камқуввати хокистарранг ва гилзамину шўразаминҳо мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. cina Berg et Pojark. (ҷануби Қазоқистон) қаробат дорад.
Шумора
Маълумоти дақиқ нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбутта, 30-40 см қад мекашад.
Пояаш чўбмонанд. Дарозии лаъличаи баргаш 5 см. Баргҳои наздигули он нештаршакланд. Сабадгулаш ҷорўбак (дарозиаш то
3 мм), гулбаргҳои зард дорад.
Моҳи октябр гул карда, ноябр самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҷамъоварии бенизоми дармана чун ашёи хоми доруворӣ, аз худ кардани муҳити рушди растанӣ ва таъсири чарогоҳ.

пешина
аз 256
навбатӣ