КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Дар Тоҷикистон миқдори умумии каҳчим тақрибан 1000 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании яксола, 2-8 см. Пояреша ва баргҳо бо мўякчаҳо пўшонида шудааст. Пояҳояш дихотомӣ.
Баргҳояш соддаи тухмшакл ё элипсшакл. Хўшагулаш сипарча.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гиёҳи ороишист. Рушдгоҳи каҳҷим дар натиҷаи мунтазам чаронидан ва поймол кардани ЧОРПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae во, инчунин таъсири омилҳои хоҷагидории инсон сол то сол танг шуда истодааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Фақат аз тухм зиёд мешавад. Ҳар сол нағз мерўяд.
Тадбирҳои ҳифз
Дар ҷойҳое, ки каҳчим нисбатан бисёр аст, парваришгоҳ таъсис дода, парвариши онро ба роҳ бояд монд.
Сарчашмаи иттилоот:
Бондаренко, 1971; Бочансев, 1976; Овчинников и др., 1977.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
САФЕДБЕХ
Gypsophila vedeneevae Lepesch.
Оилаи Cariophyllaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷануби ғарби Помиру Олой.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони ҷанубӣ, кўҳи Ронгон, Хоҷазаринг, Гардани уштур, назди деҳаи Эсанбой мерўяд.
Муҳити рушд
Дар заминҳои гачу оҳакдори урёну пистазор (дар баландиҳои 1500-1600 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба G. capituliflora Rupr. (баландкўҳи Помиру Олой ва Тиёншони Марказӣ) ва G. preobrashenckyi Czerniak. (шимоли Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Қитъаҳои ҷудогонаи сафедбехзор (қариб дар 20 км2) вомехўранд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаест, ки 40-50 см қад мекашад.
Гиёҳи хоси ҷануби ғарби Помиру Олой мебошад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди сафедбех чарондани чорво ва таъсири омилҳои хоҷагидории инсон боиси маҳдудию камшумории он гардида истодаанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Фақат аз тухм зиёд мешавад.
Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гиёҳи ороишист.
Тадбирҳои ҳифз
Дар муҳити рушди сафедбех парваришгоҳ таъсис дода, парвариши онро ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1953; Овчинников, 1968.
ЗОРЧА
Silene caudata Ovcz Оилаи Cariophyllaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси шарқи Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Кам омўхта шудааст.
Паҳншавӣ
Онро дар қаторкўҳи Пётри I (водии дарёи Зеризамин) чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар заминҳои гачу оҳакдори урёну пистазор (дар баландиҳои 1500-1600 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. korshinskyi Schishk. (шимоли Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Шумора ва биологияи он дар табиат маълум нест. Онро як маротиба В. И. Липский охирҳои асри
19 чинда буд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Бутта, 8-15 см қад мекашад. Гиёҳи камёфт. Кам омўхта шудааст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз сабаби он ки рушдгоҳи зорчаро мунтазам чорво чаронда поймол мекунанд, мумкин аст ин гиҳёи нодир аз байн равад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи онро дар табиат фавран муқаррар карда, муҳофизати онро ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, 1968.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МАГАСКУШАКИ
ДАНДОНАКУНД
Silene obtusidentata B.Fedtsch.et M.Pop.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё