КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Пояркова, 1949, 1960; Флора Таджикской ССР, т VII, 1984.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ШИБОҒНАХЎДАК
Astragalus artemisiformis Rassul.
Оилаи Fabaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодир аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Фақат хоси нишебии ҷануби қаторкўҳҳои Ҳисор мебошад (дар муҳити бахшгоҳи рўдҳои Хонақоҳ ва Қаратоғ, инчунин дар ҳавзаи рўди Ширкент маълум аст).
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори паҳнбарг бо арчазор мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. xanthomeloides Korov. et M.
Pop. монандӣ дорад.
Шумора
Дақиқ таҳқиқ нашудааст. Кам ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаест, ки 10-20 см қад мекашад.
Дарозии навдаҳои яксолааш 5-12 см. Баргаш паршакли тоқа, аз 3-6 ҷуфт баргча иборат аст.
Хўшагулаш дарозрўя, 4-6 гули зард дорад. Моҳи июл гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи фаъолияти инсон, кўҳкорӣ ва чаридани чорво аз байн рафтанаш мумкин.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Дар бораи парвариш маълумот нест Тадбирҳои ҳифз Ҳолати онро дар табиат таҳқиқ карда, барпо кардани парваришгоҳ зарур мебошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Расулова, 1979; 1981; Флора Таджикской
ССР, 1981.
НАХЎДАКИ БАДАХШӢ
Astragalus badachschanicus Boriss.
Оилаи Fabaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодир аҳа-мияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Ин намуд фақат хоси қаторкўҳи Вахон мебошад (ағбаи Амғ, дар атрофи деҳаи Зунг, Лангар Гишт, Мулвоҷ ва Вранг) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи шибляк, даштҳои зўлзадазор (трагакант), дар водии дарёҳо, таҳшинҳои алювиалӣ ва шағал, мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. falconeri Bunge ҳамшабеҳ аст.
Шумора
Дақиқ таҳқиқ нашудаст. Кам ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании буттагӣ, 10-30 (40) см қад мекашад. Пояҳо борик сершумор, печутобхўрда, бо мўякчаҳои сафеди хоршакл пўшидаанд.
Баргҳо 1-2,5 см дарозӣ доранд, баргҳо 7-13 ҷуфт, нишаста, ҷафс ва белчамонанданд. Тўдагул сарак, 4-8 гул дорад, гулаш зард, сурх баъди хушк шудан бунафш ё бунафши зардтоб мегардад.
Косабарг 4-5 см дарозӣ дорад, дандончаҳояш кўтоҳ, секунҷа, нўгаш тез, дар як сатҳ ҷойгир нестанд.
Бодбонак 1 см дарозӣ, 7-8 мм паҳноӣ дорад ва белчаҳо аз бодбон дарозтар, заврақча бо белчаҳо баробар. Ғўрак нештаршакл пур аз мўякҳо. Сутунча луч.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Кўсак 2-2,3 см дарозӣ ва 3-5 мм паҳноӣ дорад, нимдоира, сабзранг, дар қисми шикамаш ҷўйча дорад бо мўякҳо пўшида аст. Дар моҳи июл гул ва июл-август тухм мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи фаъолияти инсон, мунтазам чарондани чорво аз байн рафтанаш мумкин.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Дар бораи парвариш маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Ҳолати онро дар табиат таҳқиқ намуда, барпо кардани парваришгоҳ зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Расулова, 1979; 1981; Флора Таджикской
ССР, 1981.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
НАХЎДАКИ ДАРВОЗӢ
Astragalus darvasicus N. Basil.
Оилаи Fabaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё