Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Решаи дарози азим дорад. Навдааш мўякчадор. Баргаш (10-25 см) паршакли тоқа, аз 10 то 33 ҷуфт баргчаҳо иборат аст. Гулаш сурх, бо мўякчаҳои сафеду сиёҳ пўшида аст. Косабаргаш найчашакли борик. Тухмаш гурдашакл, қаҳваранг.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест. Рушдгоҳи пароканда дорад, мумкин дар натиҷаи фаъолияти инсон, чаридани чорво аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Маълумот дар бори парвариш нест.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати онро дар табиат фавран ҷустуҷўй карда, муҳити рушдашро ҳифз намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1959; Флора Таджикской
ССР, 1981.
НАХЎДАКИ ДАШТӢ
Astragalus subspongocarpus Ovcz. et Rassul.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодир аҳамияти калони илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Фақат дар Тоҷикистон дар доманаи қаторқўҳҳои Ҳисор (шимолтари ш. Душанбе) дарёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳо, талу теппаҳои зардхоки минтақаи ҷангалзори гармсер (шибляк) ва нимсаванна мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. spongocarpus Meffert. монан­ дӣ дорад.
Шумора
Маълум нест, вале теъдодаш хеле кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пояаш (50-90 см қад мекашад) ғафси дароз, мўйякчадор. Баргаш (14-20 см) паршакли тоқа, аз 15-24 ҷуфт баргчаҳо иборат аст.
Хўшагулаш дар бағали баргҳо тўда-тўда пайдо мешавад. Гулаш зард, нишаста. Косабаргаш найчашакли кўтоҳ. Тухмаш гирда, қаҳваранг.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест. Шояд дар натиҷаи фаъолияти инсон, чаридани чорво аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухмаш зиёд мешавад. Маълумот дар бори парвариш нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати онро дар табиат фавран муайян ва муҳити рушдашро ҳифз намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Расулова, 1980; Флора Таджикской
ССР, 1981.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
НАХЎДАКИ КЎҲӢ
Astragalus taschkutanus V. Nikit.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди камёфту нодир аҳамияти калони илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Фақат дар Тоҷикистони Марказӣ дар қаторкўҳи Ҳисор (ҳавзаи рўди Ширкент: дар байни деҳаҳои Аршӣ ва Қизил Алма, Пашми куҳна), кўҳи Тахти Сулаймон ва муҳити Дарвозакам месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдори минтақаи арчазори термофилӣ мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. insignis Gontsch. монандӣ дорад.
Шумора
Хеле кам вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбутта, 60-80 см қад мекашад, хордор. Баргаш (8-14 см) паршакли тоқа, аз 10-15 ҷуфт баргак иборат аст. Баргакҳо нештаршакл буда, канори поёни онҳо пур аз мўйякчаҳои сафед мебошад. Гулаш (0,8-1 см) бо мўякчаҳои дарози сафед ва сиёҳ пўшидааст.
Хўшагулаш аз 3-5 гул иборат аст.
Гулаш арғувонӣ. Косабаргаш зангўламонанд. Ғузааш дарозрўя, аз 6-8 тухм иборат аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест. Рушдгоҳи пароканда дорад, шояд дар натиҷаи фаъолияти инсон, чаридани чорво аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухмаш зиёд мешавад. Маълумот дар бори парвариш нест.

пешина
аз 256
навбатӣ