КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба I. korolkowii Regel, ки аз Тиёншони Ғарбӣ (дар якчанд мавзеъ) то Помиру Олой маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа ё гурўҳ-гурўҳ вомехўрад. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пояаш кўтоҳ (дарозиаш 20-35 см), баргаш шамшермонанд (бараш 4-8 мм). Дар пояаш 2 гули бунафш мешукуфад.
Гулбаргҳояш 6-7 см. Моҳҳои май-июн гул карда, июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ба киштзор табдил додани заминҳое, ки савсан мерўяд, чиндани гулу кофтани решаи он боиси камшавӣ ва маҳдудии рушдгоҳ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Гули хеле зебост. Барои рўёндани навъҳои нави савсан аҳамияти калон дорад. Дар боғи набототи ш.
Душанбе ва ш. Кўлоб парвариши онро санҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Намуди ниҳоят камёфт ва нодир буда, аҳамияти тиҷоратӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии онро қатъиян манъ карда, дар муҳити рушди он парваришгоҳ барпо намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978.
САВСАН
Iris hoogiana Dykes Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании камшумор.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Ҳисор, Қаротегин, Вахш, Дарвоз, Пётри I, Ғозималик ва Сурхо вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ ва шағалдор, аксар дар настаранзор, буттаву дарахтзор (дар баландиҳои 1500-3500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба I. stolonifera Maxim (ғарби Помиру Олой) ва I. darwasica Regel (ноҳияҳои марказии Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тўп-тўп мерўяд. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола буда, то 40-80 см қад мекашад. Пояаш якто. Баргаш шамшершакл ё досмонанд.
Гулаш калон, бунафш, нилгун.
Мевааш ғўза, сепалла. Тухмаш мурудшакли ҷигарӣ.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар маҳаллҳои рушди савсан чарондани чорво, чиндани гулу РЕПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae шапояи он боиси камшуморӣ мегарданд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад.
Дар Боғҳои набототи ш. Душанбе ва Кўлоб чун гули ороишии зебо онро парвариш мекунанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ ва давоӣ мебошад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар маҳалҳое, ки савсан бештар мерўяд, чанд парваришгоҳ барпо кардан лозим аст. Чиндани онро манъ бояд кард.Чаронидани чорворо дар минтақаҳои сабзиши он танзим намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
САВСАНИ ДАШТӢ
Iris lineata Foster ex Regel Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Вахш, Санглох, Ариқтоғ ва Тираклитоғ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ, нимсаваннаҳои алафаш паст ва баланд (ҷорўбаку ғешазор, юғанзор) ва ҷангали гармсер (пистазор, шулашзор) дар баландиҳои 900- 1500 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба I. stolonifera Maxim. (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё