Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат
Сокини хоси иқоматгоҳи одамон аст, вале дар ҳама ҷо кам вомехўрад. Кирминаи онро дар танаи санҷид (Eleagnus) ёфтаанд ва тахмин мекунанд, ки аввалин муҳити сукунати он туғайзор аст.
Саршумор
Ниҳоят камшумор аст. Дар як ҷо ба миқдори зиёд ҷамъ намешавад.
Аз соли 1896 то имрўз ҳамагӣ
6 маротиба ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Ҳашароти дарранда аст. Дар иқоматгоҳҳои куҳнаи одамон ва ҳезумхонаҳо зиндагӣ мекунад ва эҳтимол аз ҳашароти хурд ғизо мегирад. Аз рўйи намунаи коллексияҳо он дар давраи болиғӣ зимистон мегузаронад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Маҳдуд гардидани масоҳати туғайзор боиси аз байн рафтани ганданафасаки Богданов мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Барои коллексия ҷамъ овардани ганданафасаки Богдановро манъ намудан лозим аст. Туғайзори мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»- ро ҳифз ва масоҳати онро васеъ кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кириченко, 1959, 1964,
ҲАШАРОТ
Insecta
ГАНДАНАФАСАКИ
ФЕДЧЕНКО
Reduvius fedtschenkianus (Oshanin, 1870) Қатори
Ганданафасакҳо ‒ Heteroptera Оилаи
Редувидаҳо ‒ Reduviidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар гирду атрофи Хуҷанд, Конибодом ва мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Асосан дар биёбонҳои сафедхок зиндагӣ мекунад. Дар лонаи калламуши калони регзор ва баъзан дар хонаи сангпушт ҳаёт ба cap мебарад.
Саршумор
Маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хеле кам вомехўрад. Дар коллексияи Институти зоологияи Академияи илмҳои Россия (ш. Санкт- Петербург) ва Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе) тақрибан 20 адад ганданафасаки Федченко маҳфуз дошта мешавад.
Хусусиятҳои биологӣ Ҳашароти дарранда буда, дар лонаи хояндаҳо ва сангпушти даштӣ зиндагӣ мекунад. Давраи инкишофаш ҳамагӣ ду сол давом меёбад.
Кирминаҳо ва нимфаҳо дар зери сафедхок пинҳон шуда, дар болои хок танҳо нўги мўйлабчаҳои онҳо намоён мемонанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Босуръат азхуд намудани заминҳои минтақаҳои нимбиёбон сабаби асосии камшумор ва нест шудани ин намуд гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Барои коллексия ҷамъ овардани ганданафасаки Федченкоро манъ бояд кард. Барои пурзўр намудани ҳифзи он мавзеъҳои хоси зисти намудро дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» муҳофизат кардан зарур аст. Хусусиятҳои биологӣ ва паҳншавии онро таҳқиқ намуда, тадбирҳои амиқи муҳофизатро муқаррар кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Власов, Кириченко, 1952.
ВИЗВИЗАКИ
ТОҶИКИСТОНӢ
Carabus tadzhikistanus (Kryzhanovskij, 1968) Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Визвизакҳо ‒ Сarabidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ду маҳал ‒ нишебиҳои ҷануби қаторкўҳҳои Рангон ва Ғозималик дарёфт карда шудааст.
Ҳамчун сокини мавзеъҳои набототи кўтоҳнашви муқаррарӣ танҳо аввали баҳор ‒ марту апрел дар баландиҳои 1000-1100 метр ва каме дертар ‒ апрел ва аввалҳои май дар баландии 1500-2000 метр вомехўрад.
Муҳити сукунат
Барои зист мавзеъҳои санглох, ки рўзона барои визвизак паноҳгоҳ аст макони мувофиқи зист мебошад.
Бештар дар зери алафҳои аз соли гузашта боқимонда паноҳ мебарад.

пешина
аз 256
навбатӣ