Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои биологӣ Тобистон дар моҳҳои гарм ва камбориш ба хоб меравад. Кирминаи он низ ба хоби тобистона рафта, тирамоҳ ба визвизаки болиғ табдил меёбад. Зимистонро фардҳои болиғ сипарӣ мекунанд.
Ғизои асосии визвизак аз намудҳои нармбаданҳое, ки ба зерҷинси Goniocarabus мансубанд таркиб ёфтааст.
Саршумор
Хеле камшумор аст. Дар ҳудуди муҳити сукунати намуд танҳо ду гурўҳи мустақили он маълум аст.
Ҳудуди хеле маҳдуди паҳншавии он дараи хурдеро, ки дар нишебии ҷануби қаторкўҳи Рангон ҷойгир аст фаро гирифтааст.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Омилҳои асосие, ки боиси кам шудани саршумори визвизак мегарданд, мавсими бардавому бебориш ва ҳарорати баланд мебошанд.
Ин омил ба зинда мондани визвизакҳое, ки дар ин вақт ба хоб рафтаанд таъсири бад мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои паҳншавии визвизаки тоҷикистониро ғўруқ эълон намудан ва доштани ин намудро аз тарафи коллексионерҳо манъ кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крыжановский, 1968. Крыжановский, Михайлов, 1971.
ҲАШАРОТ
Insecta
ВИЗВИЗАКИ СФИНКС
Carabus sphinx (Reitter, 1895) Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Визвизакҳо ‒ Сarabidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Эндемики минтақаҳои кўҳии Ҳисору Дарвоз ба ҳисоб меравад.
Дар байни Тавилдара ва Сағирдашту қаторкўҳи Ҳазратишоҳ вомехўрад.
Якчанд фарди онро дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Пётри I (водии дарёи Обихингоб) ёфтаанд.
Муҳити сукунат
Ҷангалзори сираки серфарк, ки дар баландии 1600-2000 метр ҷой гирифтааст, муҳити сукунати визвизакҳо ба шумор меравад.
Дар зери санг ва танаи дарахтоне, ки ба замин афтидаанд, паноҳ мебарад.
Хусусиятҳои биологӣ Кам тадқиқ шудааст. Дар давраи зочагӣ зимистон мегузаронад.
Давраи пурраи инкишоф 3-4 моҳ давом мекунад. Визвизакҳои болиғ ва кирминаи онҳо аз ҳисоби тўқумшуллук ва балғамшуллукҳо ғизо мегиранд.
Саршумор
Намуди камшумор аст. Соли 1971 дар ноҳияи Тавилдара дар муддати як моҳ бо ёрии зуғутаи ҳашаротгир танҳо 20 фарди визвизакро доштаанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Эҳтимолияти омилҳои маҳдуди афзоиши визвизакҳо боиси камшумории намуд гардидааст.
Рақобати онҳо бо гамбускҳои дигар, ки сокини як маҳалланд ба махдудшудани онҳо оварда мерасонад.
Сарчашмаи иттилоот:
Крыжановский, 1953; Михайлов, 1976, 1977.
ВИЗВИЗАКИ ҲИСОРӢ
Carabus hissarianus (Semenov, 1900) Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Визвизакҳо ‒ Сarabidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар нишебиҳои қаторкўҳи Ҳисор дар мавзеъҳои Кондара, Ҳушёрӣ дарёфт гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар ҷангалзорони паҳнбарг (фарк, себ, олуча, чормағз) зери санг ва барги растаниҳо вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ нашудааст. Гамбуски даррандааст. Тамоми маълумоти эътимодбахше, ки дастрас аст, ба минтақаи миёнакўҳ тааллуқ дорад. Зоҳиран, ба ҳайвоноти мунқариз шабоҳат дорад. Ба рақобати намудҳои дигари Carabus, ки дар ҳамон мавзеъҳои якхела сукунат меёбанд тоб оварда наметавонад.
Саршумор
Ниҳоят камшумор аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Маълум карда нашудааст. Камнасл будани визвизаки ҳисорӣ боиси камшумории онҳо мегардад.

пешина
аз 256
навбатӣ