Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Хусусиятҳои биологии намудро омўхта, роҳҳои парваридани онро ҷустуҷў кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Жоголева, Кочкарева, 1986; Красная книга Таджикой ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МАРМАК
Salvia gontscharovii Kudr.
Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аз ҷиҳати таснифотӣ омўхтан лозим аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Сарсарак мерўяд.
Онро фақат се маротиба чиндаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди S. insignis Kudr.
(қаторкўҳи Боботоғ) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои оҳакдор ва оҳаксанги ҷангалзори гармсер (тақрибан дар баландиҳои аз 800 то 900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Дар муҳити рушд дар давраи ҳозира начиндаанд. Солҳои пеш ниҳоят кам будааст (ҳамагӣ чандсад бех ҳисоб кардаанд). Ҳоло мармакзори табиӣ маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, то 25-50 см қад мекашад. Гулбаргаш сафед, баъзан гулобӣ. Дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад.
Моҳи май-июн гул карда, охири июн самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муҳити ҳақиқии рушди он (води дарёи Вахш, наздики кўпруки Пулисангин) дар вақти пур шудани обанбори Норак зери об монд.
Дар ҷойҳои дигар, ки мармакро чинда буданд, боқӣ намондааст.
Дар муҳити рушди мармак мунтазам чорво мечаронанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ омўхта нашудаст.
Дар табиат зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Мармакро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷўй намуда, вазъи онро дар табиат омўхтан лозим аст. Дар сурати пайдо намудан, онро қатъиян ҳифз бояд кард. Парвариши ин гиёҳро ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кудряшев, 1938; Махмедов, 1980.
МАКАКГУЛ
Salvia insignis Kudr.
Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Ҷануби Ғарбии Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растание, ки дар ҳадди нестӣ қарор дорад.
Паҳншавӣ
Фақат дар минтақаи ҷангали гармсери кўҳҳои ҷануби Боботоғ мерўяд. Солҳои 80-уми асри ХХ онро дар атрофи чашмасори Ухлов ва Анинбулоқ (Тоҷикистон) ва Қашқаву Гарлубулоқ (Ўзбекистон) низ пайдо карданд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. gontscharovii Kudr., ки дар қаторкўҳи Сарсарак вомехўрад, монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Фақат дар ҷинсҳои рангон (гили ашҳаб ва гачи кушод) месабзад ва баъзан дар байни набототи рангон (дар баландиҳои аз 1000 то 1200 м аз сатҳи баҳр) мавқеи асосиро ишғол мекунад.
Шумора
Дар маҳалҳои рушд шуморааш ба 800-1000 бех мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи пояаш устувор, 20-25 см қад мекашад. Гулаш сурхчатоб.
Ба воситаи тухм зиёд мешавад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Моҳҳои май-июн гул карда, июн
– июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар маҳалҳои рушд дар натиҷаи чарондани чорво (махсусан дар фасли баҳор) ва ҳангоми корҳои хоҷагӣ (ҷамъ кардани гиёҳо, ҳезум) зарар мебинад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи набототи Тошканд онро муддати кўтоҳ парвариш кардаанд, вале натиҷаи он ба табъ нарасидааст. Растании хуби ороишист. Онро парваридан мувофиқи мақсад аст.

пешина
аз 256
навбатӣ