КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Гамбускҳо одатан дар ҷангалҳои кўҳие, ки аз фарк, чормағз ва коҷ таркиб ёфтаанд дар баландии 1200 то 2600 метр аз сатҳи баҳр дучор меоянд.
Саршумор
Маълумоти аниқ оид ба саршумори ин намуд дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар давоми 30 соли охир 15 фарди ин намуд ҷамь оварда шудааст. Дар солҳои 80- ум дар мавзеъҳои гуногуни зист дар тўли 30 шабонарўз дар доми барбер танҳо як гамбуск дошта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Гамбуск шабона фаъол гардида аз ҳисоби ширае, ки аз поя ва навдаи дарахтони паҳнбарг ҷорӣ мешавад ғизо мегирад.Кирминаҳо дар дохили дарахтони хушкида инкишоф меёбанд. Инкишоф бисёрсола аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Маҳдуд гардидани саршумори фардҳои ин намуд ба буриши шиддатноки ҷангалзор ва чаронидани чорво алоқаманд аст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои сукунати гамбуски Севертсовро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Бо мақсади таҳия намудани чораҳои ҳифз ҷойҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин намуд бояд муфассал таҳқиқ карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Крыжановскиий, 1965; Николаев, 1987.
ЧЎБХЎРАКИ МУШКИН
Aromia moschata cruenta Bog.
Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Чўбхўракҳо – Cerambycidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Намуди реликтӣ мебошад. Эндемики нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор ба ҳисоб меравад.
Муҳити сукунат
Дар водии дарёҳо, минтақаҳои соҳилии дарёҳои кўҳӣ, ки дар онҳо бедзорҳо месабзанд, вомехўрад.
Саршумор
Маълумоти аниқ оид ба саршумор вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Парвози гамбускҳо аз даҳаи сеюми моҳи июн шурўъ гардида, то оғози моҳи август идома меёбад. Гамбускҳо аз ҳисоби растаниҳои чатргул ғизо гирифта ба дарахтони бед парвоз мекунанд.
Модинаҳои ҷуфтшуда, дар қисми наздирешагии поя ва тарқиши пўстлох тухм мегузоранд.
Кирминаҳо дар зери пўстлох инкишоф ёфта, баъдан ба дохили поя ворид шуда ғизо мегиранд.
Дар сўрохии ғизогирифтаи онҳо гарди орди хокистарранг боқӣ мемонад. Дарозии сўрохии кофтаи кирминаҳо ба 40 см ва паҳнии он то 14 – 20 мм ташкил мекунад. Кирминаҳо дар қисми намноки растаниҳои дарахтӣ маскан мегиранд. Кирминаҳои синни охирин (баъди дуюм даври зимистонгузаронӣ) ба зоча мубаддал мешаванд. Дар даҳаи сеюми моҳи июл аз зочаҳо фардҳои болиғ пайдо мешаванд.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Буриши растаниҳои буттагивударахтӣ, ки бо мақсади васеъ кардани майдонҳои кишт, бунёди иншоотҳо ва ғ. амалӣ карда мешаванд ба саршумори ин намуд таъсири ҷиддӣ мерасонад. Нобуд кардани дарахтон дар чунин мавзеъҳо боиси аз байн рафтани ин ҳашароти дарахтхўр мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Буридани бешазорҳои дар соҳили дарёҳои минтақаҳои кўҳӣ ва миёнакўҳ ҷойгирбударо, ки муҳити хоси зисти чўбхўраки мушкин мебошанд пешгирӣ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кадыров, 1988; Кадыров, Шоев, 2007.
ҲАШАРОТ
Insecta
ЧЎБХЎРАКИ ҚИРАМЎЙЛАБ
Mesoprionus angustatus Jak.
Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Чўбхўракҳо – Cerambycidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар туғайзорҳои Осиёи Миёна дучор меояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва мавзеъи Қарадум вомехўрад. Дар гузашта васеъ паҳн гашта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё