КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Шумораи ин намуд босуръат маҳдуд гардидааст. Дар аксар мавзеъҳои паҳншавӣ ба нестӣ расида, дар мавзеъҳои дигар камшумор ва ё дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад.
Саршумор
Маълумот вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Кирминаҳо дар решаи растаниҳои буттагиву дарахтии биёбонӣ ва саксавулҳои нимбиёбон, терескен ва ҷузғун инкишоф ёфта, гамбускҳо дар охири моҳи июл пайдо мешаванд. Танҳо наринаҳо парвоз карда, модинаҳо шом ва шабона ба зудӣ мехазанд. Тухмҳо дар қум, тарқиши поя ва решаи саксавул гузошта мешаванд. Инкишоф то чор сол идома меёбад.
Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки кирминаи ин намуд дар қисмҳои хушкшудаи растаниҳои буттагиву дарахтӣ, махсусан дар қисмати назди реша, ки намнокӣ барои рушди кирмина кифоя аст, инкишоф меёбад.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби асосии камшавии шумораи ин намуд вайрон намудани макони сукунати он аз тарафи инсон мебошад. Буридани туғайзор ва чаронидани чорво дар муҳити сукунат боиси маҳдуд гардидани шумораи чўбхўраки қирамўйлаб мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Буридани дарахтони туғайзорро пешгирӣ намуда, коллексия намудани ин намуди гамбускро манъ кардан зарур аст.
Сарчашмаҳои иттилоот.
Костин, 1973; Кадыров, 2007.
ЧЎБХЎРАКИ СУРХЧАТОБИ
ПАВЛОВСКИЙ
Miniprionus pavlovskii Semenov Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Чўбхўракҳо – Cerambycidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдид маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тоҷикистон мебошад. Дар қисмати ҷанубушарқии Тоҷикистон дар водии Оби Тоҷдара, Қизилсу, атрофи Кўлоб (Саричашма) дарёфт карда шудааст.
Муҳити сукунат
Дар мавзеъҳое, ки растаниҳои буттагию дарахтӣ мерўянд вомехўрад. Аз мавзеъҳое, ки дар зери таъсири омилҳои антропогенӣ қарор доранд, дурӣ меҷўяд.
Саршумор
Маълумоти дақиқ оид ба шумораи он вуҷуд надорад. Ба таври алоҳида вохўрда, анбўҳ ба вуҷуд намеорад. Дар коллексияи Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд фарди он маҳфуз аст.
Хусусиятҳои биологӣ Хусусиятҳои биологӣ ва экологии намуд муфассал таҳқиқ нашудааст.
Фардҳои болиғ дар моҳи август шабона фаъол мегарданд.
Кирминаҳо аз қисматҳои зерихокии растаниҳо ғизо мегиранд ва инкишофи онҳо дар зери хок ба
ҲАШАРОТ
Insecta амал омада, дар онҷо ба зоча мубаддал мешаванд.
Омилҳои маҳдудкунанда Махдудшавии шумораи ин намуд ба азхудкунии босуръати макони сукунат вобаста аст. Чаронидани чорво дар муҳити хоси сукунат шумораи ин намудро маҳдуд мегардонад.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади ҳифз намудани ин намуди гамбуск, буридани растаниҳои буттагию дарахтӣ, чаронидани чорворо дар муҳити хоси зисти чўбхўраки сурхчатоби Павловский пешгирӣ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Семенов, 1935.
ҲАШАРОТ
Insecta
ЧЎБХЎРАКИ РЕГИНА
Mallosiola regina Heyd.
Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Чўбхўракҳо – Cerambycidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тоҷикистон мебошад. Дар қаторкўҳҳои Ҳисор, Пётри I, Ҳазратишоҳ ва Вахш паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар мавзеъҳои алафзори баланд, ки дар минтақаҳои кўҳию ҷангалӣ ҷойгир шудаанд, вомехўрад.
Саршумор
Шуморааш аниқ муайян карда нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё