КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамият ва мақоми илмӣ Буттаи каёфт ва қадима аст. То рафт кам ва муҳити рушдаш маҳдуд шуда истодааст.
Паҳншавӣ
Онро дар се муҳити Помири Ғарбӣ (водии дарёи Панҷ, ағбаи Ямғ ва саргаҳи дарёи Бартанг) ёфтаанд. Дар Ҳимолойи Ғарбӣ, Ҳиндукуш, Қароқурум ва саргаҳи дарёи Ёркенд низ мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Фақат як хел аст. Ба дигар намудҳои ҷинси Myricaria Desv.
монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар шағали соҳили дарёҳо ва канори ҷўйҳо (дар баландиҳои аз 2600 то 3300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Дар баъзе ҷойҳо аз юлғун паттазор ба вуҷуд омадааст.
Шумора
Хело кам мондааст, тақрибан дар ҳар як мавзеъи рушди табиии он
10 бех боқӣ монда бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи баланд, 3-4 м қад мекашад.
Баргаш байзашакл (дарозиаш 1-1,5 (3) см, бараш 2-5 мм). Шохаҳои гулдораш 2-3 см.
Моҳҳои июл-август гул карда, август-сентябр самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар ҷойҳои табиӣ хеле кам шуда истодааст. Аз таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш мумкин.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи набототи Помир парвариш кардаанд. Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Буттаи ороишӣ ва доругӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Чун ҷинси қадим аз ҷиҳати таснифот ҷолиби диққат аст. Инчунин гиёҳи ороишӣ ва шифобахш мебошад. Муҳити рушди табиииюлғунро қатъиян ҳифз кардан, нашъунамои онро зери назорат гирифтан ва парвариш намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Федченко, 1915; Бобров, 1967; Иконников, 1974;1979; Овчинников, Кинзикаева, 1977; Наврузшоев, 1998.
НАРДСУНБУЛАК
Valerianella anodon Lincz.
Оилаи Valerianaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологии наботот ва ҳамчун генофонд муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар кўҳи Муғул (доманакўҳи қисми ҷанубӣ) ва қаторкўҳҳои Зарафшон (атрофи шаҳраки Айнӣ ва деҳаи Мадм) ва Ҳоҷиқозиён (шаҳраки Қубо диён) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху сершағал, минтақаи набототи саваннамонад, ҷангалзори гармсер ва арчазор (дар баландиҳои аз 800 то 2500 м аз сатхи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба V. oxyrrhyncha Fisch. et C. A.
Mey. (Помиру Олой, Тиёншон) қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам аст. Миқдори он омўхта нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи яксола, то 10-15 см қад мекашад.
Бехи навдааш мўякчадор аст. Баргаш дандонадор, баргҳои болоӣ назар ба баргҳои поёнӣ калонтар.
Гулаш кабуд, дар хўшагул ҷойгир шудааст. Мевааш баробари пўхтан тез мерезад. Моҳи май гул карда, июн мева мебандад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво ва кишти зироати кишоварзӣ дар замине, ки нардсунбулак мерўяд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Парвариш накардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро ҳифз кардан ва тарзи кишташро омўхтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР, 1988.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
НАРДСУНБУЛАКИ
КЎЛОБӢ
Valerianella kulabensis Lipsky ex Lincz.
Оилаи Valerianaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологии наботот ва ҳамчун генофонд муҳим аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо