Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Ниҳоли қоти хасак дар рўзҳои гармои тобистон нобуд гашт.
Тадбирҳои ҳифз Ҳарчанд аз таъсири омилҳои хоҷагии инсон барҳам хўрдани қот аз эҳтимол дур нест, бо вуҷуди он дар мавзеъи водии дарёи Қарокўл парваришгоҳ таъсис додан лозим аст. Қотро дар шароити табиӣ кишта биологияи онро бояд омўхт.
Сарчашмаи иттилоот:
Пояркова, 1939; Васильева, 1971; Запрягаева, 1975; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ САНГӢ
Saxifraga albertii Regel et Schmalh.
Оилаи Saxifragaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Осиёи Марказӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, мақоми илмиаш омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Олой, Туркистон, Зарафшон, Тиёншон ва Чатқал мерўяд. Дар Тоҷикистон соли 1893 Комаров В.Л. дар назди деҳаҳои Вору ва Сабоҳ ҷамъ овардааст.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. oppositifolia L. (шарқи Помиру Олой, Тиёншон, Торбостой, минтақаҳои арктикӣ ва субалпии Нимкураи шимолӣ) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар шахҳо дар баландии 2200 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Дар ҷои зист ва муҳити рушд миқдори он маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании болиштшакл. Пояаш аз баргҳои сершумор иборат буда, то 5 см қад мекашад. Гулаш сафед, дар нўги поя ҷойгир аст.
Моҳи июл гул карда, моҳи август тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Қисме аз муҳити рушди растанӣ ҳангоми роҳкушоӣ ва ҳамчун чарогоҳ истифода намудан зарари ҷиддӣ дида истодааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ санҷида нашудаст.
Мумкин ба воситаи тухм дар шароити табиӣ месабзад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз Рушдгоҳи онро ҷустуҷўй карда, чун гиёҳи зебо дар боғҳои ботаникӣ парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Лозина-Лозинская, 1939; Абдуллаева, 1971; Чукавина, 1975.
БОЛИШТАКГУЛ
Saxifraga pulvinaria H. Smith Оилаи Saxifragaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва аз нигоҳи таснифот баҳспазир.
Паҳншавӣ
Дар Помири Шарқӣ (ноҳияи Мурғоб), Қароқурум ва Ҳимолой мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. oppositifolia L. (шарқи Помиру Олой, Тиёншон, Торбоғтой, минтақаҳои арктикӣ ва субалпии Нимкураи шимолӣ) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар шахҳо (дар баландиҳои 4200- 4700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Дар муҳити рушд миқдори он маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пояаш то 2 см қад мекашад.Гулаш дар нўги поя ҷой дорад.
Моҳи июл гул карда, август тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Қисме аз муҳити рушди растанӣ ҳангоми роҳкушоӣ ва ҳамчун чарогоҳ истифода намудан зарари ҷиддӣ дида истодааст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ санҷида нашудаст.
Мумкин ба воситаи тухм дар шароити табиӣ месабзад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз Мавзеъҳои рушд онро ҷустуҷўй карда, чун гиёҳи ороишӣ парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Лозина-Лозинская, 1939; Абдуллаева, 1974; Чукавина, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЮЛҒУН (МИРИКАРИЯ)
Myricaria elegans Royle Оилаи Tamaricaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

пешина
аз 256
навбатӣ