Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат
Дар марғзорҳои кўҳӣ ва қад-қади дарёчаҳои ҳамшафат, шахҳо ва нишебиҳои санглох (муҳити зисти кирминаҳо) дар баландиҳои 3000-4800 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Саршумор
Камшумор аст. Солҳои охир дар баъзе мавзеъҳо бинобар фаъолияти инсон хеле камшумор гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Кам таҳқиқ шудааст. Соле як маротиба насл медиҳад. Моҳҳои июл-аввали август шапалакҳо ба парвоз шурўъ карда, тухм мегузоранд.
Эҳтимол, кирминаҳои синни хурд зимистон мегузаронанд.
Кирминаҳо аз растаниҳои Rhodiola heterodonta, Rh. pamiroalaica, Rh. gelida, Rh. recticaulis ғизо мегиранд. Ғизои шапалакҳо гули Smelovskia koelzii, Lagotis globosa, Rhodiola pamiroalaica ба шумор меравад.
Омилҳои маҳдудкунанда Бенизом чаронидани чорво сабаби асосии поймол шудани растаниҳои ғизоӣ ва маҳв гаштани кирминаҳои ин шапалак мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз
Дар мавзеъҳои паҳншавии апалони актиус чаронидани чорворо манъ карда ғайриқонунӣ доштани онро зери назорат қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга СССР, 1984; Булгакова, Краейцберг, 1985; Никитский, Свиридов, 1987; Tschikolovetes, 1997.
АПОЛЛОН АВТОКРАТОР
Parnassius (Kailasius) autocrator (Avinov, 1913)
Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. СR.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Язғулом, Рўшон (атрофи кўли Сарез), Сарикўл (Помир) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои серсанге, ки бо набототи кўҳӣ пўшида шудааст дар баландиҳои 3200-4500 метр аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Саршумор
Хеле камшумор аст. Муҳити сукунати он маҳдуд мебошад. Дар ҳолати аз худ кардани макони хоси зист мумкин аст пурра аз байн равад.
Хусусиятҳои биологӣ Соле як маротиба насл медиҳад.
Кирмина ва дигар марҳилаҳои инкишофи он маълум нест. Ғизои он намудҳои гуногуни растании ҳавоборонак мебошад.
Омилҳои маҳдудкунанда Маҳдуд будани муҳити сукунат, вобастагии зиёд аз муҳит ва ҷои насловарӣ, шароитҳои иқлим, рақобат бо дигар намудҳои шапалакҳо, бенизом чаронидани чорво дар маҳалҳои сукунати он
ҲАШАРОТ
Insecta боиси камшумор шудани ин намуди шапалак гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Чаронидани чорворо дар мавзеъҳои хоси сукунати ин намуди шапалак манъ карда, ғайриқонунӣ доштани онро ба мақсади коллексия зери назорати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии аполлони автократорро пурра таҳқиқ намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1987; Девяткин, 1987; Красная книга СССР, 1984; Никитский, Свиридов, 1987; Каабак, 1990, 1993; Tschikolovets, 1997.
ҲАШАРОТ
Insecta
ШАПАЛАКИ ЧАРЛТОНИ
АНЮТА
Parnassius (Kailasius) charltonius anjuta (J.J.Shchetkin, Kaabak, 1985) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бодбондор ‒ Papilionidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери хатарноки маҳшавӣ қарор дорад. СR.
Паҳншавӣ
Намуди Parnasius charltonius дар Қирғизистон, Ўзбекистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон васеъ паҳн шудааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 6 зернамуди он дучор меояд ва дар муқоиса бо дигар намудҳо ба шапалаки Чарлтони Анюта хавфи нобудшавӣ бештар таҳдид мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ