КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Танҳо дар Помири Шарқӣ дар муҳити зисти хеле маҳдуд дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои серсангу регзор дар баландиҳои 4300-4600 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Саршумор
Танҳо як популятсияи он ки зичиаш хеле кам аст, маълум мебошад.
Хусусиятҳои биологӣ Шапалакҳо нимаи дуюми июлаввали август ба парвоз шурўъ мекунанд. Ду сол умр мебинанд.
Шапалаки модина дар рўи санг наздик ба растании ғизоӣ тухм мегузорад. Соли аввал кирмина дар ҳолати тухм, соли дуюм дар давраи зоча дар паллаи зери санг зимистон мегузаронад.
Кирминаҳо шабона аз растании Corydalis stricta ғизо мегиранд.
Фардҳои болиғ бештар аз хўшагули Carduus ва Allium ғизо пайдо менамоянд.
Омилҳои маҳдудкунанда Масоҳати нисбатан васеъи паҳншавии популятсияи ягонаи маъмули ин зернамуд дар назди кони фаъоли қалъагӣ ҷойгир аст.
Корҳои кофтуковӣ дар ин мавзеъ мумкин аст боиси комилан аз байн рафтани зернамуди мазкур гардад.
Тадбирҳои ҳифз
То имрўз барои ҳифзи он ягон тадбир андешида нашудааст.
Дар мавзеъи Минхаҷир (Помири Шарқӣ) бунёд кардани ғўруқи хурд мувофиқи мақсад мебошад.
Ғайриқонунӣ доштани ин шапалакро ба мақсади коллексия зери назорати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крейцберг, 1984; Щёткин, Каабак, 1985; Tuzov, 1997; Toropov, Zhdanko, 2006; Водянов, Дубровский.
2013.
ШАПАЛАКИ САФЕДИ
ТОМИРИС
Euchloe tomyris (Christoph, 1884) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои сафед ‒ Pieridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дар нишебиҳои ғарбии доманакўҳи Табақчӣ ва Аруқтой паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар нишебии теппаҳои рости доманакўҳи Табақчӣ (дар баландии 470-540 м аз сатҳи баҳр) сукунат мекунад. Ба муҳити сукунати ин намуди шапалак алафзори сирак, ки онҳо растаниҳои ғизоии ин намуд ба шумор мераванд, хос аст. Қитъаҳои сафедхоки бедолу дарахт ва ҷариҳои хурд муҳити асосии сукунати он ба шумор мераванд.
Саршумор
Ҳудуди паҳншавиии намуд қариб
1 км2
-ро ишғол мекунад. Ниҳоят камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол як маротиба насл меоварад. Парвоз ва тухмгузории он моҳи март ва аввали апрел ба амал меояд. Моҳи апрел кирмакҳо аз тухм мебароянд. Дар даҳаи сеюми апрел пилла метанад. Дар давраи зочагӣ зимистонро МЕГУҲАШАРОТ Insecta заронад.
Аз растаниҳои чилликгули хоси маҳал (Cymatocarpus popovi) ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар Тоҷикистон муҳити сукунати намуд маҳдуд гардида, дар зери таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон (шудгори замин, чаронидани чорво) муттасил коҳиш меёбад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар теппаҳо маҳдуд намудани сохтмони иншоот ва ба низом даровардани чаронидани чорво аз тадбирҳои муҳими муҳофизати шапалак ба шумор мераванд.
Сарчашмаи иттилоот:
Даричева, 1972; Christoph, 1884, 1889; Крейцберг, Легезин, 1997.
ҲАШАРОТ
Insecta
ШАПАЛАКИ
ЗАРДИ МАРКО ПОЛО
Colias marcopolo (Grum-Gr., 1888) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои сафед ‒ Pieridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Пшарт, Вахон, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Ишкошим, Шуғнон, Музкўл, Шоҳдара паҳн гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё