КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Саршумор
Дар ҳама мавзеъҳо камшумор аст. Солҳои 40-уми асри гузашта дар мавзеъи Кондара намуди муқаррарӣ буда, айни замон камшумор гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол 2 насл - як насли пурра ва як насли нопурра меоварад.
Парвози шапалакҳои насли якум моҳҳои апрелу май ба вуқўъ меояд. Моҳи май тухм мегузорад.
Парвози шапалакҳои насли дуюм дар даҳаи сеюми август ва даҳаи якуми октябр ба мушоҳида мерасад.
Зочаҳо зимистонро МЕГУЗАҲАШАРОТ Insecta ронанд.
Шапалаки модина то 100 адад тухм мемонад. Кирмакҳои тобистона дар нимаи дуюми июн ва тирамоҳӣ дар охирҳои сентябр ва октябр ба зоча табдил меёбанд.
Ғизои арвоҳаки ҳисории ток аз токи худрўй ва навъҳои мазруи он, баъзан лифток (Ampelopsis vitifolia) ба ҳисоб меравад.
Омилҳои маҳдудкунанда Таъсири фаъолияти хоҷагии инсон (сохтмон, буридани буттаву дарахтон, нобуд кардани токи худрўй ва лифток) ва сабаби камшумории арвоҳаки ҳисории ток гардидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Буридани токи худрўй ва лифтокро қатъиян манъ намудан лозим аст. Ҳолати гурўҳҳои асосии арвоҳаки ҳисории токро зери назорат гирифтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Дегтярева, 1956, 1964, 1973; Щеткин, 1949, 1956, 1975; Ebert, 1969.
ҲАШАРОТ
Insecta
АРВОҲАКИ КАНДИР
Hyles apocyni (Shchetkin, 1956) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Арвоҳакҳо ‒Sphingidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар поёноби дарёи Кофарниҳон (15 км поёнтари Қубодиён), водии Вахш (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва атрофи Қурғонтеппа), кўҳҳои Қаратови Панҷ, водии дарёи Қизилсу, доманаи кўҳсори Хоҷамуъмин ва атрофи Чубек (қад-қади дарёи Панҷ) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар туғайзор, буттаи кандиру сус ва найзори соҳили каналҳо, минтақаи обёришудаи биёбон зиндагӣ мекунад. Дар баландиҳои 340-500 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Аҳён-аҳён вомехўрад. Дар биотопҳои хоси «Бешаи палангон»
сершумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол се насли пурра ва як насли нопурра насл мегузорад.
Дар давраи зочагӣ зимистон мегузаронад.
Парвози шапалакҳои насли якум аз миёнаҳои апрел то охирҳои май, насли дуюм аз миёнаҳои июн то миёнаҳои июл ва насли сеюм аз охирҳои июл қариб то охирҳои август оғоз мешавад.
Миқдори ками шапалакҳои насли чорум нимаи якуми сентябр парвоз мекунанд. Кирмакҳои насли дуюм моҳи июн, насли сеюм
– июл, наслҳои минбаъда – аз август то миёнаҳои сентябр пайдо мешаванд. Дар қабати болоии хок ба зоча табдил меёбанд. Аз растании кандир (Apocynum scabrum) ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Буридану шудгор кардани туғайзор, барҳам додани набототи худрўи канори каналҳо боиси камшумории арвоҳаки кандир гадидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Манъ кардани дарави алафзори мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», пурзўр намудани тадбирҳои зидди сўхтор ба муҳофизати арвоҳаки кандир мусоидат мекунад.
Сарчашмаи иттилоот:
Denso, 1913; Щёткин, 1956, 1960.
ШАПАЛАКИ ПЎПИДОРИ
ТУҒАЙЗОР
Paragluphisia oxiana (Djak., 1927)
Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Арвоҳакҳо ‒Sphingidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёи Қизилсу, шаҳраки Файзободқалъаи соҳили дарёи Панҷ, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», шаҳраки Панҷи Поён ва поёноби Кофарниҳон паҳн гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё