Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат Дар дарёбоди туғайю паттазор зиндагӣ мекунад ва қисман дар баъзе маҳалҳои аҳолинишин низ вомехўрад. Дар баландиҳои 350- 400 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Саршумор
Дар ҳама ҷо ниҳоят кам аст. Аҳёнаҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Ду-се маротиба насл меорад. Парвози шапалакҳоро дар ҷануби ҷумҳурӣ охирҳои апрел-май ва аввалҳои август мушоҳида кардаанд.
Инкишоф ва давраҳои ҳаётии он то давраи зочагӣ таҳқиқ нагардидааст.
Растаниҳои ғизоии он муқаррар нашудаанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Фаъолияти хоҷагӣ (буридани туғайзор, сўхтори ҷангал) боиси хеле кам шудани ин шапалак ва маҳдудияти муҳити сукунати он мегардад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз Қитъаҳои туғайзорҳои паттадорро, ки дар он ҷо шапалаки пўпидори туғайзор вомехўрад зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, дар ҳудуди мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" тадбирҳои зидди сўхторро пурзўр намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Дьяконов, 1926; Щеткин, 1960.
ҲАШАРОТ
Insecta
ПИЛЛАПЕЧАКИ ПАТТА
Streblote fainae (Gerasimov, 1931) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Пиллапечакҳо ‒Lasiocampidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар атрофи шаҳраки Панҷи Поён, инчунин поёноби дарёи Кофарниҳон дарёфт шудааст.
Дар баландии зиёда аз 400 метр аз сатҳи баҳр вонамехўрад.
Муҳити сукунат Сокини туғайзори назди дарёбод аст.
Саршумор
Маълумоти аниқ оид ба шумораи ин намуд вуҷуд надорад. Хеле камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол се маротиба насл меорад. Парвози шапалаки пиллапечакҳои насли якум охирҳои март ва апрел, насли дуюм аз июл то аввалҳои август ва сеюм аз август то аввалҳои сентябр ҷараён мегирад. Кирмакҳои насли дуюм моҳи апрелу май вомехўранд. Дар появу навдаи патта, дар дохили пиллаҳо ба зоча табдил меёбад.
Омилҳои маҳдудкунанда Қаблан макони сукунати пиллапечаки патта аз қитъаҳои сершумори ба якдигар наздик иборат буд. Маҳдудияти паттазор ва аз ҳам хеле ҷудошавии ду қитъаи ҳозираи муҳити сукунати пиллапечак аз он дарак медиҳад, ки он дар поёноби Қизилсу пурра нест гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Қитъаҳои боқимондаи туғайзорҳоро, ки дар онҳо пиллапечаки патта паҳн гардидааст, ҳифз намуда, буридани туғайзорро манъ ва тадбирҳои зидди сўхторро пурзўр кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1960; Gerasimov, 1931.
ПИЛЛАПЕЧАКИ ЗАРД
Lemonia tancrei (Pungeler, 1914) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Пиллапечакҳои зард ‒ Lemoniidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Муҳити сукунати пиллапечаки зард ду қитъаи аз якдигар хеле дурро дарбар мегирад. Яке дар Тоҷикистон буда, поёноби дарёҳои Вахшу Кофарниҳонро фаро гирифта, дуюмин дар қисми шимолу шарқии Иссиқкўл дар Минтақаи биёбони Саридаҳон ҷойгир шудааст.
Муҳити сукунат Пиллапечаки зард дар регзори ҷанубии водии Вахш, ки бо гиёҳҳои кўтоҳнашвӣ ва буттаҳои қумдуст пўшидашудааст сукунат мекунад. Дар поёноби дарёи Кофарниҳон дар муҳити шағали регомез, ки набототаш таназзул ёфта аз буттачаҳои сираку кўтоҳнашв иборат аст дар баландии 340-360 м аз сатҳи баҳр дучор меояд.

пешина
аз 256
навбатӣ