Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сарчашмаи иттилоот:
Staudinger, Rebel, 1901.
ҲАШАРОТ
Insecta
ТОРПЕЧАКИ ДЯКОНОВ
Eupithecia djakonovi (Stshetkin, 1956) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Торпечакҳо ‒ Geometridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
вомехўрад.
Муҳити сукунат Сокини туғайзори омехтаи ҷулгун, санҷид ва патта аст.
Саршумор
Ниҳоят камшумор буда, аҳёнаҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Соле як маротиба насл меорад.
Моҳи сентябр парвоз мекунад.
Марҳалаи то давраи зочагии инкишоф ва таркиби ғизои он номаълум аст. Кирмаки он эҳтимол дар буттаи ҷулгун зиндагӣ мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Манъ кардани буриши буттаҳои ҷулгун. Ба мақсади кор карда баромадани чораҳои муассири ҳифз, паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин намудро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1956.
ТОРПЕЧАКИ БАРТАРИДОР
Eupithecia dominaria Stshetkin (2) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Торпечакҳо ‒ Geometridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водии Вахш дар масофаи 6 км шимолтари шаҳри Қурғонтеппа ва мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», дар баландии 350-450 м аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар туғайзори омехтаи ҷулгуну санҷид ва паттаи дарёбоди Вахш сукунат мекунад.
Саршумор
Бо вуҷуди дар дарёбод сершумор будани торпечаки бартаридор саршумори умумии он кам буда, масоҳати маҳали сукунаташ маҳдуд аст.
Хусусиятҳои биологӣ Як маротиба насл меорад. Аз охирҳои моҳи август то охирҳои сентябр парвоз мекунад. Таносуби торпечаки наринаву модина баробар аст. Растании ғизоии он ҷулгун ба шумор меравад.
Давраҳои тозочагӣ ва инкишофи он то ҳанўз номаълум аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Буридани туғайзор, ҷулгун ва буттаҳои дигар боиси дар водии
ҲАШАРОТ
Insecta
Вахш хеле кам шудани торпечаки бартаридор гардида аст.
Тадбирҳои ҳифз Тадбирҳои зидди сухторро пурзўр кардан ва хусусиятҳои биологии торпечаки бартаридоштаро таҳқиқ кардан барои андешидани тадбирҳои муассири муҳофизати он имкон медиҳад.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1956.
ҲАШАРОТ
Insecta
ГОВОРУИ КАЛОНҶУССА
Prosopigastra gigantea (Gussakovskij, 1935 ) Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Говоруҳҳо ‒ Spheciadae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар се маҳали Тоҷикистон
– Пуғуз, Кондара ва дараи Варзоб ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Сокини маҳалҳои регзори камнабототи соҳили дарёҳои кўҳӣ мебошад.
Саршумор.
Таҳқиқ карда нашудааст. Намуди хеле камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Муайян карда нашудааст. Эҳтимол дар натиҷаи таъсири омилҳои фаъолияти инсон кам шуда бошад.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити сукунати говоруро аз чаронидани чорво ва поймол кардани инсон муҳофизат намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Pulawski, 1979.
ҲАШАРОТ
Insecta
ГОВОРУИ ДУРАХШОН
Tachysphex radiatus (Gussakovskij, 1952) Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Говоруҳҳо ‒ Spheciadae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо дар се маҳал – шаҳри Душанбе, Кондара ва Ҳушёрӣ ба қайд гирифта шудааст.

пешина
аз 256
навбатӣ