Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои набототаш пастқади кўҳсор ва қитъаҳои он офтоб­ рўяи наздики дарё ё ҷўйбор сукунат мекунад.
Саршумор
Маълумоти аниқ мавҷуд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба муҳити сукунат таъсир расонидани инсон, зимнан боиси камшумории говору мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити сукунати говоруи дурахшон аз чаронидани чорво ва поймол намудани одамон муҳофизат кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Pulawski, 1971.
ҲАШАРОТ
Insecta
САВОРАКИ АМАБИЛИС
Barulypa ammabilis (Tosquinet, 1900) Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Саворакҳои ҳақиқӣ ‒ Ichneumonidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водиҳои Вахш ва Ҳисор вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар зироатҳои киштгардони пахтаву юнучқа вомехўрад.
Сукунатгоҳи аввалияи саворакҳо қитъаҳои нокорам, яъне муҳитҳои ибтидоиест, ки дар он ҷо ҳомили паразит ҳаёт ба cap мебарад.
Саршумор
Камшумор аст. Дар киштзоре, ки бар зидди зараррасонҳо муттасил заҳрхимикат мепошанд, кирми тирамоҳӣ, кирми ғўза ва кирмҳои дигар низ маҳв мешаванд.
Хусусиятҳои биологӣ Саворак дар бадани кирми синни миёна ва синни калони шапалакҳои Agrotis segetum, A. ypsilon, A. exclamationis ва Helipthis armigera якто тухм гузошта, осеб мерасонад. Кирминае, ки аз тухм мебарояд, ҷисм ва ҳемолимфаи ҳомилро мехўрад.
Марҳалаи инкишофи он 22-26 рўз аст. 3-4 маротиба насл меорад.
Кирминаи синни хурду калони саворак дар кирминаву зочаҳои ҳомил зимистон мегузаронад.
Моҳи октябр ба хоби зимистона меравад ва баҳорон моҳи апрел парвоз мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи бар зидди зараррасонҳои киштзор саросар пошидани заҳрхимикат саворакҳо хеле кам ва баъзан қариб нест мешаванд.
Тадбирҳои ҳифз
Дар натиҷаи истифодаи усули интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонҳо хусусиятҳои экологии саворакҳоро дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ба эътибор гирифтан зарур аст.
Пеш аз ба манбаи зараррасонҳо пошидани заҳрхимикатҳо дараҷаи самарабахшии ҳашароти муфидро ҳатман ба ҳисоб бояд гирифт.
Сарчашмаи иттилоот:
Мейер, 1935; Жуманов, 1976, 1978.
САВОРАКИ АЛБИГЕР
Ichneumon albiger (Wesmael, 1844) Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Саворакҳои ҳақиқӣ ‒ Ichneumonidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии Ҳисор ва нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар юнучқазор ва дар шароити табиӣ бошад, дар анбўҳи гиёҳҳои чатргул (минтақаи водӣ ва кўҳсор) зиндагӣ мекунад.
Хусусиятҳои биологӣ Тамоман таҳқиқ нашудааст.
Саршумор.
Дар ҳама мавзеъҳои паҳншавӣ хеле кам аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар киштзор бар зидди зараррасонҳо саросар истифода бурдани моддаҳои заҳрноки кимиёвӣ боиси дар агробиотсенозҳо кам шудани ин саворак мегардад. Сабабҳои камшумории саворакро дар шароити табиӣ муқаррар накардаанд.
ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз
Дараҷаи зараррасонии ҳашарот ва самарабахшии моддаҳои кимиёвиро ба назар гирифта, кам кардани ҳаҷм ва муҳлати ба киштзор пошидани онҳоро ба танзим даровардан зарур аст. Худдорӣ намудан аз истифодаи заҳрхимикатҳо ба афзудани шумораи ин савораки паразит мусоидат мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ