КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Мейер, 1935.
ҲАШАРОТ
Insecta
САВОРАКИ САРСИТОРИУС
Ichneumon sarcitorius L.
Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Саворакҳои ҳақиқӣ ‒ Ichneumonidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водиҳои Ҳисору Вахш ва нишебиҳои шимолу ҷануби қаторкўҳҳои Ҳисору Пётри I вомехўрад.
Муҳити сукунат
Ҳамчун паразити бисёр пулакчаболҳо дар агробиотсенозҳои гуногун, соҳили дарёҳо ва минтақаи бешазори кўҳӣ (то баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр) зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Ба гурўҳи камшумори паразити пулакчаболҳо тааллуқ дорад.
Дар пахтазор, юнучқазор ва зироатҳои дигар 0,1-02%-и кирмаки парвонаи тирамоҳӣ аз ин саворак осеб мебинад.
Хусусиятҳои биологӣ Паразити дохилии Hydroecia leucographa, Diloba coeruleocephala, Porthetria dispar аст. Асосан дар кирмҳои синни калон паразитӣ мекунад. Дар бадани ҳар кирм як тухм мегузорад. Савораки болиғ танҳо аз зочаи ҳомил (соҳиб) парвоз мекунад. Давраи пурраи афзоиши паразит 22-46 рўз аст. Дар Тоҷикистон 3-4 маротиба насл меорад. Парвози баҳории саворак аз миёнаҳои апрел оғоз шуда, то нимаи аввали май давом мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар киштзор бар зидди зараррасонҳо истифодаи зиёди моддаҳои кимиёвӣ боиси камшумории саворакҳо мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Омўзиши муфассали хусусиятҳои биологии савораки сарситориус бо мақсади муқаррар намудани усулҳои истифодаи гурўҳҳои табиии онҳо бар зидди ҳашароти зараррасони зироати кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ин саворакҳо дар агросенозҳо афзун гарданд.
Ба таври сунъӣ афзудану дар соҳаи муборизаи биологӣ истифода бурдани ин савораки паразит мувофиқи мақсад аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Малявин, 1971; Жуманов, 1978.
САВОРАКИ ВЕЛОКС
Diadegma velox Holmg Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Саворакҳои ҳақиқӣ ‒ Ichneumonidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водиҳои Вахш ва Ҳисор вомехўрад. Онро дар кўҳҳо пайдо накардаанд.
Муҳити сукунат
Дар пахтазор, юнучқазор ва зироати дигар зиндагӣ мекунад. Ба киштзор аз замини бекорхобида мегузарад.
Саршумор
Маълумоти саҳеҳ нест. Маълум шудааст, ки дар давраҳои гуногуни тобистон дар зироатҳои гуногун 0,1-0,3%-и кирми парвонаи тирамоҳӣ аз ин саворак осеб мебинад.
Хусусиятҳои биологӣ Кам таҳқиқ шудааст. Тухмашро дар бадани кирми даҳаи хурд ва миёна мегузорад. Кирмина инкишофи худро то пиллапечии ҳомил ба охир мерасонад ва дар давраи даҳаи калон дар пилла зимистон мегузаронад. Баҳорон моҳи апрел парвоз мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ҳангоми бар зидди зараррасонҳо истифода намудани заҳрхимикат саршумори савораки паразит ба ҳадди нестӣ мерасад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз
Дараҷаи зараррасонии парвонаи тирамоҳиро ба ҳисоб гирифта, маҳдуд намудани истифодаи ҳаҷм ва миқдори моддаҳои кимиёии ба пахтазор ва зироати дигар пошидашаванда зарур аст. Биологияи ин саворакро пура омўхта, бо роҳи сунъӣ афзун карда, дар муборизаи биологӣ истифода бурдан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Малявин, 1971; Жуманов, 1978.
ҲАШАРОТ
Insecta
САВОРАКИ МЎЙЛАБСИЁҲ
Netelia fuscicornis Holmg.
Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Саворакҳои ҳақиқӣ ‒ Ichneumonidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё