КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Дар вайронаҳои биноҳои гилин, тарқишу сўрохиҳои тўдаи хишту санг, зери ғарами ғўзапоя ва лонаҳои хояндагони хурди биёбонӣ маскан мегирад.
Саршумор
Моҳи марти 1958 дар атрофи деҳаи Кўкқуроқ дар масофаи 10-
12 км 6 фарди ин калтакалос ба қайд гирифта шудааст. Айни замон мавзеъҳои табиии зисти геккончаи зиреҳбадан дар зери обанбори Қайроққум мондааст ва дар иншоотҳои куҳнаи истиқоматӣ аҳён-аҳён дучор меояд.
Хусусиятҳои биологӣ Вобаста ба мавсими сол рўзона ва шабона фаъол мебошад. Фаъолнокии солонаи ҳаётии он 7-7,5 моҳ давом мекунад. Дар моҳи апрел-май ҷуфт мешавад. Моҳи июл-август 1-2 тухм мегузорад.
Дар соли дуюм ба балоғат мерасад.
Дар моҳҳои август-сентябр геккончаҳои ҷавон пайдо мешаванд.
Чуғз, бум ва гурба душманони табиии ин намуд ба ҳисоб мераванд.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани биёбонҳо, сохтмони шаҳракҳо, роҳҳои автомобилгард ва ғ. омилҳои асосие мебошанд, ки ба саршумор ва сукунатгоҳи геккончаҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Тарзи ҳаёти синантропӣ геккончаҳоро ба одамон вобаста кардааст. Корҳои таҷдид ва тармими иншоотҳо ва биноҳои истиқоматӣ гекконҳоро аз муҳити сукунат маҳрум мегардонанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷойҳои зисти боқимондаи геккончаи зиреҳпўши муқаррарӣ зери муҳофизати ҷиддӣ бояд қарор дода шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Сатторов, 1976, 1977, 1993; Саид- Алиев, 1979.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
ГЕККОНЧАИ ТОҶИКӢ
Alsophylax tadjikiensis (Golubev, 1979) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Гекконҳо ‒ Gekkonidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ба таври маҳдуд паҳн гардидааст. Бори аввал дар атрофи Қизилқалъа ва деҳаи Сумбула дарёфт карда шудааст. Дар соҳили рости дарёи Вахш то шаҳраки Гараутӣ дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар теппаҷойҳо, лонаи хояндагон, холигии зери сангҳо зиндагӣ мекунад. Дар мавзеъҳои сангрезадор низ сукунат меёбад.
Саршумор
Солҳои 80-уми асри гузашта саршумори он нисбатан зиёд буд.
Дар атрофи деҳаи Сумбула дар масоҳати 1 га то 15 фард дучор меомад. Солҳои охир бинобар аз худ гардидани мавзеъҳои зист саршумори он хеле кам гардидааст.
Соли 2010 дар муддати ду соати пиёда роҳ паймудан ҳамагӣ 4 фарди геккончаи тоҷикӣ ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Охири моҳи сентябр ба хоби зимистона меравад. Моҳи апрел ҷуфт мешавад. Моҳҳои май-июн 1-2 тухм мегузорад. Шабона (аз соати
20 то соати 1) фаъол аст. Ғизои он ҳайвоноти бесутунмуҳра, аз ҷумла тортанакшаклҳо, ширинчаҳо, чирчиракҳо, шапалакҳо ва ғ. мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани заминҳои соҳили рости дарёи Вахш ва бунёди каналу иншоотҳои гуногун боиси камшумории ин намуди калтакалос гаштааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои хоси сукунати геккони тоҷикиро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, дар атрофи деҳаи Сумбула ва шаҳраки Гараутӣ ғўруқи хурд ташкил намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Голубев, 1979, 1984; Сатторов, 1993, 1994.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё