КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити хоси сукунат ва ҷамоаи лўндасаракро дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон ва Вахш зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1994.
ЛЎНДАСАРАКИ ШТРАУХ
Phrynocephalus strauchi (Nikolsky, 1899) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Агамаҳо ‒ Agamidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Сир, атрофи обанбори Қайроққум, Конибодом, Киркудуқ ва деҳаи Ҷарбулоқи ноҳияи Ашт паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат Дар заминҳои серсанг ва регзори гилбум, ки шутурхор, чиммак ва явшон мерўянд, дучор меояд.
Саршумор
Солҳои 70-уми асри гузашта саршумори лўндасараки Штраух бисёр буд. Моҳи маи соли 1977 дар атрофи шаҳри Конибодом дар масофаи 1,5-2 км 21 фарди он ба қайд гирифта шудааст. Соли 1979 дар ноҳияи Ашт (атрофи "Солпром") дар масофаи 1,5-2 км роҳпаймоӣ намудан 37 фарди ин лўндасарак ҳисоб карда шудааст.
Солҳои охир бинобар фаъолияти хоҷагидории инсон саршумори ин намуди лўндасарак дар ин мавзеъҳо хеле кам шудааст.
Айни замон ҷамоаи ҷудогонаи лўндасараки Штраух асосан дар заминҳои бекорхобидаи соҳили каналҳо ва дарёи Сир боқӣ мондааст.
Хусусиятҳои биологӣ Давраи афзоиши он ба моҳҳои март-июн рост меояд. Моҳҳои март ҷуфт мешаванд. Модинааш 2-3 тухм мегузорад. Рўзона фаъол
ХАЗАНДАГОН
Reptilia аст. Ғизои он ҷонварони бемуҳра мебошад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва бенизом чаронидани чорво дар мавзеъҳои зисти лўндасарак боиси маҳдуд шудани саршумори он гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити сукунат ва ҷамоаи лўндасараки Штраухро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, дар соҳили чапи дарёи Сир, атрофи шаҳри Конибодом ва деҳаи Патар ғўруқгоҳ ташкил намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1993, 1994.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
ОФТОБГАРДАКИ ЧЕРНОВ
Paralaudakia chernovi Ananjeva, Peters et Rzepakovsky, 1981 Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Агамаҳо ‒ Agamidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Масоҳати паҳншавии ин намуд чандон васеъ набуда, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор ва минтақаҳои ҳамсарҳади қаторкўҳи Зарафшон (дарёи Мастчоҳ), қаторкўҳи Сурхкўҳ, атрофи Норак, атрофи деҳаи Дашти Хонақоҳ, соҳили чапи дарёчаи Нолингро фаро мегирад. Дар қисмати шимолии Тоҷикистон он дар шохаҳои шарқии қаторкўҳи Туркистон, атрофи деҳаҳои Саридашт, Чимқўрғон, Оббурдон, Мастчоҳ дар баландии 1900-2000 метр аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат Дар мавзеъи Сурхкўҳ дар атрофи деҳаи Чинор дар баландии 950 метр аз сатҳи баҳр, дар деҳаи Дашти Хонақоҳ дар баландии 900-1400 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад. Макони хоси сукунати он регсангҳои сурху конгломератҳо ва мавзеъҳое мебошанд, ки он ҷо порасангҳои калонҳаҷм бартарӣ доранд.
Саршумор
Моҳи августи соли 2015 дар атрофии деҳаи Лангар (соҳили рости дарёи Вахш, назди шаҳри Норак) дар муддати 4-5 соати раҳпаймоӣ
2 фарди офтобгардак ба қайд гирифта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё