Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Дар Помири Шарқӣ (саргаҳи дарёи Оқсу, Яшилкўл, водии Рангкўл), Бадахшон, қаторкўҳҳои Пётри I, Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат Дар минтақаҳои баландкўҳи харсангдор, шахсори муқаррарӣ, ки барои лонагузорӣ ҷойҳои мувофиқ доранд ва водиҳои нисбатан фарохи байни қаторкўҳҳо маскан мегирад. Дар мавсими сербарфи фасли зимистон ба доманакўҳҳо, кўчиши амудӣ зоҳир мекунад. Зимистон дар ҷустуҷўи ғизо ба маҳалҳои аҳолинишин низ наздик мешавад.
Дар баландиҳои 2500-4500 метр аз сатҳи баҳр сукунат менамояд.
Саршумор
Дар Тоҷикистон саршумори умумии каргаси ҳимолоӣ аниқ муайан карда нашудааст. Дар Помири Шарқӣ ва Бадахшон нисбатан зиёдтар вомехўрад. Дар солҳои охир лонаҳои он дар Зоркўл, Айдинкўл ва дар мавзеъи Бархуфи қаторкўҳи Рўшон ба қайд гирифта шудааст. Саршумори умумии каргаси ҳимолоӣ дар Помири Шарқӣ ва Бадахшон аз 40-45 ҷуфти лонагузор беш нест.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи муқимӣ буда, ҷуфти доимиро ба вуҷуд меорад. Як лонаро якчанд сол паи ҳам истифода менамояд. Давраи афзоишаш 7 моҳ давом мекунад. Лонаро дар тарқишҳои кўҳии душворгузар мемонад. Моҳҳои феврал ва март афзоиш намуда, 1-2 тухм мегузорад.
Давраи тухмзеркунӣ то 50 рўз давом мекунад. Моҳи август чўҷаҳо паррончак мешаванд. Парандаи лошахўр аст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғҳои ҳайвонот нигоҳ дошта мешавад Омилҳои маҳдудкунанда Шумораи каргаси ҳимолоӣ аз саршумори ҷуфтсумҳои ваҳшӣ, бахусус гўсфанди Марко Поло ва нахчир, ки ғизои он мебошанд, вобастагии зич дорад.
Тадбирҳои ҳифз Ҳифзи каргаси ҳимолоӣ бояд дар мамнуъгоҳи Зоркўл ва ғўруқи Музкўл пурзўр карда шавад.
Ҷойҳои лонагузории онро ба қайд гирифта, зери назорати доимӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Потапов, 1966; Абдусалямов, 1971; Красная книга СССР, 1978; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
КАРГАСИ СИЁҲ
Аegypius monachus (L ) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Парандаи нисбатан васеъ паҳнгашта мебошад. Дар давраи лона­ гузорӣ дар қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва дар болооби дарёи Шоҳдара (Бадахшон) ба қайд гирифта шудааст.
Фардҳои алоҳида дар мавсимҳои гуногун дар минтақаҳои Помир вомехўранд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ дар давраи лонагузорӣ дар қаторкўҳҳои Боботоғ, Қаратов, водиҳои Вахш ва Панҷ ба қайд гирифта шудааст. Солҳои охир оид ба лонагузории он дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” маълумот мавҷуд нест.
Муҳити сукунат Мавзеъҳои хоси лонагузории каргаси сиёҳ дарахтони баланди водии дарёҳо ва мавзеъҳои кўҳии баландиашон аз 400 то 2300 метр аз сатҳи баҳр ба шумор мераванд.
Дар Помир дар баландии то 4500 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Саршумори каргаси сиёҳ дар ҳама мавзеъҳои зист на он қадар зиёд аст.
Хусусиятҳои биологӣ Намуди кам таҳқиқгардида мебошад.
Ҳамасола афзоиш намекунад.
Танҳо як тухм мегузорад.
Дар баландии 2-5 метр аз шохҳои хушкшудаи растаниҳо ва боқимондаи пашми ҳайвонот лона месозад. Каргаси сиёҳ асосан лошахўр буда, танҳо дар ҳолатҳои алоҳида тўъмаи зиндаро дастгир мекунад.
ПАРАНДАГОН
Aves
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш ва афзоиш кунонидани он имконпазир аст.

пешина
аз 256
навбатӣ