КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1940, 1969; Потапов, 1969; Красная книга СССР, 1978; Абдусаломов, 1971; Красная книга Тадж. ССР, 1988; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997; Абдулназаров, 1998.
УҚОБИ ПАКАНА
Aquila pennata (Gmelin, 1788) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Аввалҳои асри XX дар туғайзори соҳили дарёҳои Сир, Вахш ва Панҷ лона мегузошт. Баъди аз худ гардидани туғайзорҳо уқоби пакана дигар дар ин мавзеъҳо вонамехўрад. Ҷуфтҳои лонагузор танҳо дар Селбурсой (қаторкўҳи Ҳисор), Лайрон (қаторкўҳи Пётри I) ва қаторкўҳи Оқтов (андароби Вахшу Кофарниҳон) боқӣ мондааст.
Муҳити сукунат
Дар мавсими лонасозӣ ҷангалзори кўҳӣ, алалхусус ҷангалзори паҳнбаргро интихоб мекунад.
Дар баландиҳои 700-2500 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад. Дар туғайзори дарёбодҳо тамоман нест шудааст.
Саршумор
Дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 8-10 ҷуфт уқоби паканаи лонагузор боқӣ мондааст.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи мавсимии лонагузор буда, аввалҳои моҳи апрел парида меояд ва моҳи октябр барои зимистонгузаронӣ кўчиш мекунад.
Баъзан то моҳи ноябр мемонад.
Ҷуфти он доимист. Дар чинор, тўс, сафедор, баъзан дар арча аз шохаҳои хушки буттаву дарахтон лона сохта, онро чанд сол истифода мебарад. Диаметр (қутр)-и лона 40-75 см ташкил медиҳад. Моҳи май 2 тухм мегузорад.
Аввали моҳи август чўҷаҳо лонаро тарк мекунанд. ХОЯНДАПАРАНДАГОН Aves гон ва парандагони хурд (ҷавхўрак, гунҷишк, ҷур)-ро сайд мекунад.
Онро завқмандон ҳамчун парандаи соҳибчанголи шикорӣ барои сайди парандагони дигар истифода мебаранд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубин дар шароити сунъӣ имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи буридани буттаву дарахтони туғайзор уқоби пакана дар водии дарёҳои Панҷ ва Сир ба нестӣ расидааст. Ба пахтазору боғҳо табдил додани водии Вахш ва Ҳисор сабабҳои дар ин мавзеъҳо аз байн рафтани ин намуд гардидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷойҳои лонагузорӣ ва лонаҳои мавҷудаи уқоби паканаро ба рўйхат дароварда, онҳоро ҳифз намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971; Красная книга Тадж. ССР, 1988.
ПАРАНДАГОН
Aves
КАЛХОТИ ҲИМОЛОӢ
Accipiter nisus melanoschistus (Hyme, 1869)
Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Парандаи хоси кўҳсор аст. Фақат дар масоҳати маҳдуди ҷангалзори паҳнбаргу омехта дар нишебии қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор дар баландии 1800- 2000 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар ҷангалзори паҳнбарг, тўсзор, арчазор ва сафедор сукунат мекунад.
Дар давраи кўчиши мавсимӣ дар минтақаҳои ҳамвор ва наздикўҳии Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ вомехўрад.
Саршумор
Ҳудуди Тоҷикистон қисми шимолу шарқии масоҳати паҳншавии калхоти ҳимолоиро дар бар мегирад.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо 5-6 ҷуфти ин калхот лона мегузорад.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи мавсимии лонагузор аст. Муҳлати парида омадан ва рафтани он муфассал таҳқиқ карда нашудааст. Оид ба афзоиши калхоти ҳимолоӣ маълумот хеле кам аст. Дар дарахтони тўс ва арча лона месозад. Ягона лонаи онро дар шохаи арчаи пир, ки саросар бо гиёҳи бобопирак (гўшкаркунак) печонида буд, дарёфт кардаанд. Лона дар баландии
8 м ҷойгир буд. Се тухм мегузорад (май-июн). Чўҷаҳо лонаро аввалҳои моҳи август тарк мекунанд. Гунҷишкҳои гуногун
– ҷавхўрак, ҷул, дуҷ, адасхўрак, фохта ва кабкчўҷаҳоро сайд мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё