Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат Дар соҳилҳои серҷари оббурдаву канори зинаҷойҳои соҳили дарёҳои калон лона мегузорад.
Муҳити лонагузории онро аз рўи обравҳои сершумори сафед, ки аз лонаҳо шоридааст, шинохтан мумкин аст. Барои ғизогирӣ дар партовгоҳҳо ҷамъ мешаванд.
Саршумор
Дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон 25-30 ҷуфт уқоби лошахўр дар масофаи 50-100 км аз якдигар дуртар лона мегузоранд. Баҳорон миёнаҳои моҳи март парида меояд ва тирамоҳ то охирҳои сентябр кўч мебандад.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи мавсимии лонагузор аст. Охирҳои моҳи апрел ва аввалҳои моҳи май аз 1 то 3 тухм мегузорад. Чўҷаҳои аввалин моҳи июл паррончак мешавад.
Дар як лона якчанд сол
ПАРАНДАГОН
Aves тухм мемонад. Ғизои он асосан аз лоша, боқимондаи ғизои дигар парандаҳои соҳибчангол ва ширхўрон иборат аст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғҳои ҳайвонот хуб парвариш меёбад ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани водии дарёҳо, афзудани маҳалҳои аҳолинишин ва шаҳракҳо омилҳоеанд, ки боиси маҳдудияти сукунатгоҳи уқоби лошахўр шудаанд. Маҳдуд гардидани шумораи ҳайвоноти сумдори ваҳшӣ низ боиси камшумории ин паранда гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади пурзўр намудани ҳифзи уқоби лошахўр тамоми лонаҳои маълуми онро ба рўйхат дароварда, зери муҳофизат қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Потапов, 1959; Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
БУРГУТ
Aquila chrysaetus (Linnaeus, 1758) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Намуди васеъ паҳнгардида мебошад.
Дар аксар минтақаҳои кўҳӣ ва баландкўҳ паҳн гардидааст.
Дар Помир ва Бадахшон намуди муқаррарӣ ба шумор меравад.
Муҳити сукунат Дар кўҳҳо сукунат гирифта, нишебиҳои харсангдори барои шикор муносибро интихоб менамояд.
Дар ҳамворӣ ва доманакўҳҳо вонамехўрад.
Саршумор
Намуди камшумор баҳисоб меравад.
Шумораи умумии он маълум нест. Ҷуфтҳои лонагузори бургут дар кўҳсор аз ҳам дур-дур ҷойгир мешаванд. Айни замон дар мамнуъгоҳи Зоркўл ду ҷуфти лонагузори бургут ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи муқимӣ ба шумор меравад.
Дар ҷустуҷўи ғизо кўчбандии мавсимӣ зоҳир менамояд. Парандаи моногамӣ буда, ҷуфтҳояш доимист.
Дар синни 4-5 солагӣ болиғ мешавад. Дар зери харсангҳо ва нишебиҳои баландкўҳ лона сохта, моҳи феврал-март 2-3 тухм мегузорад.
Парандаи соҳибчангол буда, мурғи ҳилол, кабк, кафтар, заргўш ва суғурро шикор мекунад.
Ҳамчун парандаи соҳибчангол аз тарафи завқмандон барои сайди заргўш, рўбоҳ, кабк, мурғи ҳилол ва ғ. истифода бурда мешавад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳдорӣ дар шароити сунъӣ имконпазир аст. Дар аксар боғҳои ҳайвонот хуб парвариш ёфта, афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Омили ноҳинҷорӣ, вайроншавии ҷойҳои зист, кам гардидани шумораи туъма сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори бургут мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз Ҷойҳои лонагузорӣ ва лонаҳои мавҷудаи бургутро ба рўйхат дароварда, онҳоро ҳифз намудан зарур аст. Ба мақсади барқарор намудани саршумори ин паранда парваришгоҳи махсус барои афзоиш кунонидани он ташкил намудан зарур аст.

пешина
аз 256
навбатӣ