КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Саршумор
Маълумоти дақиқ оид ба саршумор вуҷуд надорад. Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
ҳар сол 2-3 ҷуфти он лона мегузоранд.
Лонагузории лойхўраки даштӣ дар соҳилҳои обанбори Қайроққум номунтазам буда, дар ин мавзеъ танҳо як ҷуфти лонагузори он ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Ҷуфтҳои доимиро ташкил медиҳад.
Парвоз карда омадани он дар охири моҳи март ва аввали моҳи апрел мушоҳида мешавад.
Кўчбандии парандаҳо одатан шабона сурат мегирад. Тухмро дар шўразаминҳо, заминҳои регдор, дар чуқуриҳои на он қадар калон мегузорад. Дар лона 2 тухм мегузорад.
Давомнокии чўҷабарории парандаи модина 24-27 рўзро ташкил медиҳад. Чўҷаҳои аз тухмбаромада дар охири моҳи апрел ва аввали моҳи май ба қайд гирифта шудаанд. Душманони табиии лойхўраки даштӣ рўбоҳ, шағол, мири мушон, парандагони соҳибчангол ба шумор мераванд.
Омилҳои маҳдудкунанда Чаронидани чорво, аз худ намудани муҳити сукунат барои кишт боиси маҳдуд гардидани саршумори лойхўраки даштӣ гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои хифз.
Фаъолияти кормандони мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-ро оид ба ҳифзи лойхўраки даштӣ пурзўр намуда, мавзеъҳои зисти онро дар соҳили рости обанбори Қайроққум таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Потапов, 1959; Иванов, 1969; Абдусаломов, 1971; Тадқиқоти шахсӣ.
ЛОЙХЎРАКИ НЎЛКЎТОҲ
Charadrius mongolus pamirensis (Richmond, 1896) Қатори
Лойхўракҳо ‒Charadriiformes Оилаи
Лойхўракҳо ‒ Burhinidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар Помир дар соҳилҳои Қарақўл, Рангкўл, Сасиқкўл, Яшилкўл, Зоркўл, Ҷилғакўл, водии дарёи Оқсу, атрофи Музкўл, водии дарёҳои Кокуйбелсу (атрофи Қўруқкўл) ва Оқбайтал вомехўрад.
Муҳити сукунат
Муҳити асосии сукунати лойхўраки нўлкўтоҳ соҳили кўлҳо ва дарёҳо, алалхусус водиҳои фарохи назди обанборҳо ба шумор меравад.
Саршумор
Парандаи нодир буда, шуморааш дар мавсими лонагузорӣ дар ҳудуди Помир ҳамасола аз 300- 400 сар зиёд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи дар мавсим лонагузор мебошад. Фардҳои ҷуфт дар нимаи дуюми моҳи май вомехўранд ва ба афзоиш шурўъ мекунанд.
Охирҳои моҳи август ва аввалҳои моҳи сентябр парида меравад.
Дар бисёр мавридҳо дар зери нимбуттаҳои растании терескен, явшон ва сангҳо лона гузошта,
3 тухм мегузорад. Тухмзеркунӣ 26-28 рўз давом мекунад. Ғизои асосии лойхўраки нўлкўтоҳ ҳайво ноти бесутунмуҳра (сахтболҳо) мебошанд. Дар соҳилу тунукобҳои дарёҳо бесутунмуҳраҳои
ПАРАНДАГОН
Aves обиро низ ҳамчун ғизо истифода мебарад. Рўбоҳ ва зоғи тибетӣ душманони табиии лойхўраки нўлкўтоҳ буда, тухм ва чўҷаҳои онро ғизо мегиранд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Муҳити сукунати лойхўраки нўлкўтоҳ дар солҳои охир тағйир наёфтааст, вале зиёд шудани саршумор ва бенизом чаронидани чорво дар ҳамвориҳои фарохи назди соҳили дарёҳо ва кўлҳои Помир боиси нобуд гардидани лонаву тухми ин паранда мегардад.
Тадбирҳои хифз
Бо мақсади ҳифз намудани лойхўраки нўлкўтоҳ ҷойҳои лонагузории онро дар кўлҳои Помир (Қарокўл, Зоркўл, Рангкўл, Яшилкўл) ба рўйхат дароварда, зери муҳофизати доимӣ қарор додан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё