Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Саршумор
Дар давраи кўчбандӣ дар Панҷакент парвози 4 фарди он мушоҳида карда шудааст. Дар атрофи Данғара як фарди зимистонгузаронандаи дуғдоғ ба қайд гирифта шудааст. Намуди нодир буда, танҳо фардҳои зимистонгузаронандаи он мушоҳида мешаванд.
Хусусиятҳои биологӣ Айни замон дар шароити Тоҷикис­ тон мавзеъҳои тухмгузории дуғдоғ маълум нагардидааст.
Ҷинсҳои модина лонаашонро дар чуқурчаи на он қадар калон гузошта, 2-3 тухм мегузоранд.
Ҷўҷабарорӣ 28-30 рўз идома меёбад.
Аз тухми зироатҳои хўшадор, навдаҳои гиёҳҳо, гамбускҳо ва дигар ҳашароти ростбол, калтакалос, хояндагони хурд ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудшавӣ.
Шикори ғайриқонунӣ, таназзули муҳити сукунат, аз ҳад зиёд чаронидани чорво ва омили ноҳинҷорӣ, сабабҳои асосии камшумор гардидани дуғдоғ мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Муборизаро бар зидди шикори ғайриқонунӣ пурзўр намуда, барои барқарор намудани саршумори дуғдоғ дар табиат парвариши сунъии онро дар парваришгоҳҳои махсус ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Спангенберг,1951; Абдусаломов, 1971.
ҶЕК
Chlamydotis undulata (Jacquin, 1784) Қатори
Турнашаклон ‒ Gruiformes Оилаи
Дуғдоғҳо ‒ Otididae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Аҳён-аҳён дар мавзеъҳои даштии Ашт ва дар мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" лона мегузорад.
Дар нимаҳои асри ХХ дар водии дарёҳои Сир, Зарафшон, поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш ва Панҷ лонагузории он мушоҳида шуда буд. Баъзан фардҳои алоҳидаи он дар Тоҷикистони Ҷанубӣ зимистонро сипарӣ мекунад.
Муҳити сукунат
Биёбонҳо, нимбиёбонҳо, даштҳои санглох муҳити хоси сукунати ҷек ба ҳисоб мераванд.
Саршумор
Парандаи ниҳоят нодир аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамасола 2-3 ҷуфти он лона мегузорад.
Дар давраи кўчиши мавсимӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 50-60 фарди ҷекро ба қайд гирифтан мумкин аст. Селаи алоҳида аз 4-5 фард иборат аст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар замин лона месозад. 2-3 тухм мегузорад. Давомнокии чўҷабарорӣ 21-22 рўзро ташкил медиҳад. Аз растаниҳо ва
ПАРАНДАГОН
Aves ҳайвоноти гуногун (малахҳо, гамбускҳо калтакалосҳои хурд) ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, аз худ намудани мавзеъҳои зист, чаронидани зиёди чорво дар мавзеъҳои лонагузорӣ ва сукунат омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори ҷек мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Муборизаро бар зидди шикори ғайриқонунӣ пурзўр намуда, барои барқарор намудани саршумори ҷек дар табиат парвариши сунъии онро дар парваришгоҳҳои махсус ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттиоот.
Абдусаломов, 1971; Китоби сурхи СССР, 1978; Парандаҳои Осиёи миёна, 2008.
ПАРАНДАГОН
Aves
ЛОЙХЎРАКИ ДАШТӢ
Burhinus oedicnemus (Hart) Қатори
Лойхўракҳо ‒Charadriiformes Оилаи
Лойхўракҳо ‒ Burhinidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар атрофи обанборҳои Фарҳод ва Қайроққум, ҷазираҳои соҳили дарёи Сир, пастиҳои дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар мавзеъҳои кушод, дар байни растаниҳои буттагиву дарахтӣ, дар мавзеъҳои наздикўҳӣ, нимбиё­ бонҳои аз сангу гил таркибёфта, сукунат меёбад. Дар туғайзорҳо дар байни ҷулгун ва шўрабуттаҳо дучор меояд.

пешина
аз 256
навбатӣ