КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Охирҳои моҳи апрел ба лонасозӣ шурўъ мекунад. Лона тоқчамонанд буда, дар байни
ПАРАНДАГОН
Aves қайроқсангҳо ҷой мегирад. 2-3 тухм мемонад. Тухмро лойхўраки модина пахш мекунад.
Парвариш дар шароити сунъӣ.
Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Яке аз сабабҳои асосии ниҳоят камшумор шудани лойхўраки марғӣ аз худ кардани заминҳои партови соҳили дарёҳо ва тағйир ёфтани муҳити сукунати он мебошад.
Афзудани саршумори чорво ва чорвочаронӣ низ сабаби нобуд шудани лонаи лойхўрак мегардад.
Лонаи онро бештар зоғи сиёҳ ва рўбоҳ вайрон мекунанд.
Тадбирҳои ҳифз
Тобистон ҷойҳои лонагузории маълуми лойхўраки марғиро таҳти муҳофизат қарор додан зарур аст. Маҳалҳоеро, ки селаи лойхўраки марғӣ вомехўрад, аз аввалҳои апрел то июл ғўруқҳои мавсимӣ эълон намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1977.
ПАРАНДАГОН
Aves
МОҲИХЎРАКИ
ХОКИСТАРРАНГ
Larus brunnicephalus (Jerdon, 1840)
Қатори
Хуфтакшаклҳо ‒ Charadriiformes Оилаи
Моҳихўракҳо ‒ Laridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо дар Помир сукунат меёбад. Макони аниқ ва доимии лонагузории он Қарокўл мебошад. Солҳои 80-уми асри гузашта саршумораш дар Яшилкўл ва Зоркўл якбора кам гардида буд. Аз соли 2000 инҷониб ҷуфтҳои лонагузорӣ он дар Яшилкўл ва Зоркўл аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат
Дар давраи лонагузорӣ дар ҷази раҳо ва атрофи Қарокўл, Зоркўл ва Яшилкўл маскан мегирад.
Одатан дар қитъаҳои лонагузорӣ дар якҷоягӣ бо ғози кўҳӣ ва моҳихўраки сиёҳсар вомехўрад.
Саршумор
Дар солҳои 40-50-уми асри гузашта дар кўлҳои Помир саршумори умумии моҳихўраки хокистарранг ба 300-400 ҷуфтро ташкил медод. Дар асоси баҳисобгирии солҳои охир дар ҳудуди Помир ҳамагӣ 400 сари он ба қайд гирифта шудааст. Дар мавсими лонагузорӣ дар Қарокўл 150 ҷуфт ва дар Яшилкўл 8 ҷуфт моҳихўраки хокистаррангро ба ҳисоб гирифтаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи дар мавсим лонагузор мебошад. Дар соли дуюм ба балоғат мерасад. Соле як маротиба афзоиш мекунад. Қутри лонааш 20-25 см ва баландиаш 3-8 см ташкил медиҳад. Дар аввали моҳи июн 1-3 тухм мегузорад. Охири моҳи июн ва аввалҳои моҳи июл аз тухм чўҷаҳо мебароянд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ноҳинҷор намудан дар давраи тухмгузорӣ, вайроншавии ҷойҳои лонагузорӣ дар ҷазира ва соҳили кўлҳо, тағйирёбии иқлим омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори моҳихўраки хокистарранг мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади ҳифз намудани моҳихўраки хокистарранг ҷойҳои лонагузории онро дар кўлҳои Қарокўл, Зоркўл, Яшилкўл ба рўйхат дароварда, зери муҳофизати доимӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Потапов, 1966; Абдусалямов, 1971; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
КАБЎТАРИ СИНАСАФЕД
Columba leuconota (Vigors, 1811) Қатори
Кабўтаршаклон ‒Columbiformes Оилаи
Кабўтарҳо ‒ Columbidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Аҳён-аҳён дар Помир вомехўрад.
Эҳтимол, яке аз мавзеъҳои паҳншавии он мавзеъи Шаймоқ мебошад.
Дар гузашта дар қаторкўҳи Туркистон (дарёи Кишмиш) ва водии дарёи Панҷ (байни Хоруғ ва Ишкошим) низ дучор меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё