КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Танҳо дар нишебиҳои шахсор, баъзан дар марғзори баландкўҳ ва дарёбоди фарохи шибарзамин дар баландии беш аз 4000 метр аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Саршумор
Дар солҳои 50-60 асри гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон то 40 ҷуфти кабўтари синасафед лона мегузошт. Айни замон саршумори он маълум нест. Эҳтимол меравад, ки танҳо якчанд ҷуфти он баъзан лона мегузорад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар Ҳимолой дар баландии 2700- 5000 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад.
Зимистон ба даштҳои кўҳӣ то баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр кўчиш мекунад. Ҷуфтҷуфт ё села-села лона мегузорад.
Лонаро солҳо тўлонӣ истифода мебарад. Моҳҳои май-июн 2 ТУХПАРАНДАГОН Aves ми сафед мемонад. Чўҷабарорӣ 17-19 рўз давом мекунад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабабҳои камшумор гаштани кабўтари синасафед аниқ маълум карда нашудааст. Помир ҳадди шимолу ғарбии масоҳати паҳншавии онро фаро мегирад ва эҳтимол сабаби камшумории ин намудро муайян мекунад.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади кор карда баромадани чораҳои ҳифзи кабўтари синасафед оид ба муайян намудани мавзеъҳои паҳншавӣ ва омўзиши хусусиятҳои экологии он таҳқиқоти иловагӣ анҷом додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямов, 1971; Жирнов ва диг., 1978; Красная книга СССР 1978; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
МУРҒИ САХО
Pterocles orientalis (Linnaeus, 1758) Қатори
Кабўтаршаклон ‒ Columbiformes Оилаи
Мурғони сахо ‒ Pteroclidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар соҳили рости дарёи Сир (байни Хуҷанд ва Шайдон), поёноби Кофарниҳон (атрофи Айвоҷ ва кўлҳои Шаҳритус) ва мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» (дар андароби дарёҳои Вахшу Панҷ) паҳн гардидааст.
Дар гузашта дар водии Ҳисор, қад-қади дарёи Вахш ва водии дарёи Кофарниҳон лона мемонд.
Муҳити сукунат
Дар водиҳои кушоди дарёҳо ва доманакўҳҳо зиндагӣ мекунад.
Дар рег низ лона мегузорад.
Саршумор
Дар ҳама мавзеъҳои сукунат раванди маҳдуд гардидани саршумор ба мушоҳида мерасад.
Дар Тоҷикистон чанд ҷамоаи ҷудогонаи он боқӣ мондааст ва саршумори умумии он 100-120 ҷуфтро ташкил медиҳад. Парандаи мавсимии лонагузор аст. Дар зимистонҳои қаҳратун селаҳои алоҳидаи мурғи сахо қисмати ҷанубии Тоҷикистонро тарк намекунанд.
Баҳорон миёнаҳои мо ҳи феврал парвоз карда омада, миёнаҳои моҳи сентябр ва аввал ҳои моҳи октябр парида мераванд.
Хусусиятҳои биологӣ Маълумот хеле кам аст. Ҷуфтҳои ҷудогона аллакай миёнаҳои моҳи март ва аввалҳои моҳи апрел вомехўранд. Ҷуфтҳо лонаи махсус насохта, дар замин байни шағалу сангрезаҳо 2-3 тухм мегузоранд.
Модинаву нарина ҳамроҳ чўҷа мебароранд. Ғизои онҳо аз навдаву поя ва дони растаниҳо иборат аст. Ғизои чўҷа маълум нест.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани минтақаҳои нимбиёбон, шикори ғайриқонунӣ ва чаронидани чорво дар муҳити сукунат омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори мурғи сахо ба шумор мераванд.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади таҳти муҳофизат қарор додани селаҳои лонагузори мурғи сахо дар поёноби дарёи Кофарниҳон ва водии дарёи Сир дар заминҳои барои кишоварзӣ истифода бурда намешаванд, ғўруқҳои хурди мавсимӣ ташкил намудан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё