Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо рехтагии мӯи абрӯвон ва монанди онро бо дармонҳои «бемории рӯбоҳ» ва ғайри он, ки андар Китоби оростагӣ ёд хоҳем кард, муолаҷа кунанд.
Фанни чаҳорум
АНДАР БАЁНИ он гусастани пайвастагие, ки ғайри гусастагии ба бастану шикастан алоқаманд бувад ва ин аз чаҳор мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ ҶАРОҲАТҲОИ ДӮХТАШАВАНДА
Фасли нахустин гуфтори ҳамагонӣ андар баёни гусастани пайвастагӣ

Мо андар Китоби нахустин намудҳое аз гусастагии пайвастагиро бар наҳве баён кардем, ки андар он гуна мавзеъ воҷиб буд. Ҳоло мо мехоҳем ба хулосае аз ҳолати онҳо ишора кунем, то пеш аз овардани баёни бештаре моро бояд як андоза огоҳие аз он бошад.
Пас, мегӯем: Мо ҳангоми [муолаҷаи] бархе аз андомҳое, ки пайвастагии онҳо гусаста аст, мехоҳем то пайвастагии онҳоро чуноне, ки буд, боз орем ва мисоли ин гуна [андомҳо] гӯшт аст, вале ба ҳангоми [муолаҷаи] бархе дигар, агарчи пайвастагии онҳо дубора боз наояд ҳам, мехоҳем бо ёрии ягон чизи муҳофазаткунанда ба ҳам расидагии онҳоро нигоҳ дорем. Мисоли ин устухонҳост, вале на устухонҳои кӯдакону бачагон, зеро ба ҳангоми [гусастагии устухонҳои] эшон умеди боз пайвастан ҳаст. Оид ба асабҳову рагҳо бошад, гурӯҳе аз пизишкон гуфтаанд, ки онҳо дубора пайваст нахоҳанд шуд, балки гоҳе ба сабаби нигоҳдорандае, ки болои онҳоро пӯшида, онҳоро ҷамъ медорад, як баҳамрасии часпонандае андар миёни онҳо боқӣ бимонад. Гурӯҳи дигаре гуфтаанд, ки ин ҳол танҳо андар шараёнҳо мумкин нест, вале Ҷолинус (147) ақидаи эшонро рад карда гуфтааст: «Ба шаҳодати таҷриба ва ба раво доштани қиёс гоҳе шараёнҳо низ бисабзанд». Шаҳодати [таҷриба] ин аст, ки ӯ шараёнеро андар зери босалиқ ва шараёнҳои гижгоҳӣ ва соқро дидааст, ки сабзидаанд. Раво будан аз ҷиҳати қиёс бад-ин гуна аст: устухон тарафи аз ҳама сахтест, ки ҷуз ба нудрат ва он ҳам андар кӯдакон дубора насабзад, вале гӯшт бошад, тарафи аз ҳама нармест, ки бисабзад. Рагҳову шараёнҳо бошанд, андар миёни устухон ва гӯшт биистанд ва бинобар он ҳоли инҳо бояд миёнаи ҳоли онҳо буда, камтар аз гӯшт ва бештар аз устухон пазирои сабзиш бошанд. Пас, агар чок ками хурд ва тан тару нарм бошад, бояд бисабзад, вале ба ҳангоми акси ин

нахоҳад сабзид. Ин намуд аз исбот хитобист ва такягоҳи асосӣ таҷриба бувад.
Фасли дуввум хулосае андар баёни ҷароҳатҳо

Аз миёни андомҳо андомҳоеанд, ки агар андар онҳо ҷароҳати сахт зиёнвар биафтад, андар бештари ҳолатҳо ба марг бианҷомад ва гоҳе ба нудрат боиси ҳалокат нахоҳад шуд. Мисоли инҳо обгаҳ, мағз, гурда, рӯдагони борик ва ҷигар мебошад, вале агар [ҷароҳати ҷигар] сабук бошад, худованди он раҳидан битавонад. Аммо ба ҳангоми рӯй додани ҷароҳати дил умеди зиндагӣ нест. Касонеро, ки андар шикам ҷароҳат рӯй диҳад ва андар ин ҳангом ба маниши гаштан, ё ҳукак ва ё шикамрав гирифтор оянд, аксарияти эшон бимиранд. Агар ҷароҳат андар маҳалҳое чун сари мушакҳо, охири онҳо ва хусусан бахши асабноки онҳо ҷой дошта бошад, ки бояд андар он ҷойҳо омосу дарди сахт ба амал ояд, вале андар ин ҳангом омос рӯй надиҳад, ин далолат бад-он кунад, ки офат андарун пинҳон аст ва моддаҳо ба сӯи он шитофта, барои ҷароҳат чизе боқӣ намондааст. Бояд бад-он ҳукмҳои миёни решҳову ҷароҳатҳо муштараке тааммул кунӣ, ки мо онҳоро андар боби решҳо ёд кардем ва [бахше аз] онҳоро аз барои он то ба ин боб пас гузоштем, ки муроди мо ҳар чи муносибтар баён кардан буд.
Фасли севвум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни дармони ҷароҳатҳо

Ҷароҳатҳои гӯштӣ берун аз ин ҳол нестанд, ки ё чоки
содаи рост, ё чоки гирд, ё чоки сергӯша ва ё чоке бошад,
ки ҳамроҳи он миқдоре аз гӯшт коста бошад. Гоҳе мумкин аст [пӯшидаи] андарун рафтаи гузорадор ва гоҳе
кушода бошанд. Барои ҳар кадом аз инҳо тадбири хоссест, вале ҳама андар [76] бастани хуни ҷоришаванда ба
ҳам анбозӣ доранд, ки мо аз барои он як боби [ҷудогона]
овардаем. Гоҳе ба қадри муътадил рафтани хун мумкин аст аз барои ҷароҳат хуб буда, пеши омос, табиш ва табро бигирад.

пешина
аз 1215
навбатӣ