Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Беҳтарин иноят ба ҳангоми [муолаҷаи] ҷароҳатҳо ин аст, ки онҳоро омосидан нагузоранд, зеро ҳар гоҳ агар омос падид наояд, муолаҷа намудани ҷароҳат муяссар бигардад. Аммо агар андар ин ҳангом омос ҷой дошта бошад ва ё кӯфтхӯрдагӣ ва вайроние афтода бошанд, ки ба изофаи ҷароҳат андар миёни он хун ҷамъ шуда, омосу рим падид овардан бихоҳад, то агар онро чора ва омосро муолаҷа накунанд, ҷароҳатро муолаҷа кардан натавонанд. Агар андар миёни кӯфтхӯрдагӣ хун банд шуда бошад ва агар он ба миқдори қобили эътибор буда, боиси азҳамкашидагӣ бигардад, бояд зуд ба ҳал сохтани он пардохт. Ин корро аз тариқи ба зардоб табдил додану сипас ҳал кардани он анҷом бидиҳанд ва ин бо ёрии ҳар гуна [доруи] гарму нарме муяссар бигардад, ки аз ҷумлаи доруҳои ёдшуда буванд. Бинобар ин, агар хун ба таври кофӣ нарезад, бояд онро ёварӣ кард.
Агар чок содаи рост буда, чизе аз он наафтида бошад, аз барои тадбири он [корҳои зерин] кифоят кунанд: баъд аз нигоҳ доштани мизоҷи андом ва кӯшидан аз барои он, ки то ҷуз хуни табиӣ чизе ба сӯи андом наояд, [ҷароҳатро] кашида бибандӣ, чизҳои равғанӣ ва обнок ба он нарасонӣ ва ба ягон чизе, хоҳ мӯй бошад ва хоҳ ғайри он, нагузорӣ, ки андар миён биафтад. Агар чок бузург буда, атрофи он ба сабаби гирду аз ҳам дур ва гуногуншакл будан ва ё ба сабаби кам шудани миқдори на чандон бисёре аз гӯшт ба ҳам ҷамъ наоянд, илоҷи ин дӯхтан буда, аз тариқи ба кор бурдани доруҳои хушккунандаи пасгардонандаи модда ва ба кор бурдани доруҳои часпонандае, ки баъд ёд хоҳем кард, ба ҷамъ шудани рутубат роҳ надиҳанд. Агар ҷароҳат сахт жарф бошад, андар ин ҳангом низ бисёр вақт бастан онро бичаспонад ва ба кушодани он эҳтиёҷ наафтад. Гоҳе агар мумкин бошад, эҳтиёҷ ба кушодан биафтад ва ин ҳангоме бошад, ки бо банд сахт бастани он суд набахшад, чунонки мо инро баъд баён хоҳем кард ва ё хусусан ҷароҳат чандоне жарф биафтад, ки онро аз бун бастан нашавад ва ба иллати сустӣ, дард ва дигар ҳолатҳое, ки мо онҳоро андар боби решҳо ёд хоҳем кард, моддаҳо ба сӯи он битарованд.
Ҳар гоҳ ба кушодани он эҳтиёҷ биафтад, ночор бояд бар даҳони он пунба ва ягон чизи бад-он монандро биниҳанд, то тарии онро бичинад. Хусусан агар ҷароҳат андар ҷое биафтад, ки чунончи ёд кардем, онро аз бун бастан нашавад, ё (148) истодаш тавре бошад, ки моддаи бад аз он таровидан натавонад, ё агар андар вай ягон устухоне бошад, ё сӯрохсӯрох шуда,174 ба реши равон табдил ёфта бошад ва ё андар он рутубати бисёр бад падид омада бошад, андар ин ҳолатҳо чунин ҷароҳат ҳукми решро дорад, на ҷароҳатро.
Донишманд175 гуфтааст: «Агар ҷароҳатро часпонидану сабзонидан бихоҳанд, ба банде эҳтиёҷ дорад, ки ҳар ду лаби онро ҷамъ созад, вале агар эҳтиёҷ ба рӯидани гӯшт дошта бошад, бад-ин гуна [бастан] эҳтиёҷ наафтад, лекин як бор ба банде ниёзмандӣ бошад, ки чирк аз даҳони ҷароҳат бикашад ва як бори дигар ба банде, ки доруро бар вай нигоҳ доштан тавонад».
Ӯ гӯяд: «Бикӯш, то даҳони ҷароҳатро фароғие бошад, ки чирк пайваста ба табъи хеш аз он битаровад, яъне ё ан

дар он шикофе бикунӣ ва ё ба ӯ шакли муносибе бидиҳӣ.
Ман боре ҷароҳати бузургеро, ки зераш ба наздики зону ва даҳонаш андар рон буд, аз ғайри кушодани даҳони дигаре аз фурусӯ ба наздики зону беҳ кардам, лекин ронро бар ҳайъате ниҳодам, ки зери ҷароҳат ба барсӯ ва даҳонаш ба фӯрусӯ бигардиданд ва бинобар ин ҷароҳат аз ғайри шикофтани фурӯсӯи он беҳ шуд. Бозую каф ва дигар андомҳоро низ тавре овехтам, ки даҳони ҷароҳат ҳамеша ба фурусӯ бошад». Ин буд гуфтаи ӯ.
Мо мегӯем: Гоҳе мумкин аст ҷароҳат ба ҷое биафтад, ки туро пурра буридан ва ҷудо сохтани андом лозим ояд.
Агар аз ҷароҳат гӯшти зиёде қатъ шуда бошад, пас, он ба доруҳои рӯёнандаи гӯшт ниёзманд бувад ва он чи, ки хушкӣ оварда, пеши [таровидани моддаро бад-он сӯ] бигирад, кифоят нест, балки бошад, ки доруи хушккунанда ва боздоранда аз ҷиҳати пас гардонидани моддаи сабзиш зиён ҳам оварад. Гоҳе умқи [ҷароҳат] ва коҳиши устухон ба ҷое бошанд, ки ба тамомӣ сабзидан натавонад ва фурӯрафта боқӣ бимонад ва ҳамчунин гоҳе мумкин аст чунин иттифоқ биафтад, ки гӯшт беш аз миқдори лозимӣ бисабзад ва ҳамчун гӯшти фузунӣ боқӣ бимонад.
Ба беморе, ки ҷароҳати ӯро гӯшт сабзонидан бихоҳанд, бояд ғизои сутудаи хубкимус дод.
Мумкин аст доруи гӯштрӯёнанда ба ҷое бошад, ки гӯшт рӯёнидан битавонад, вале агар пӯст тамоман канда шуда бошад, онро рӯёнидан натавонад, баръакс, ба ҷои он гӯшти сахте бирӯёнад, ки бар вай ҳаргиз мӯй нарӯяд. Аммо рагҳо бошанд, бисёр вақт шохаҳои онҳо аз нав зода шаванд ва ҳамчун гӯшт бирӯянд.
Аз миёни ҷароҳатҳо бархе хатарноканд ва мисоли ин ҷароҳатҳоест, ки андар асабҳо ва сарҳои мушакҳо биафтанд. Мо инҳоро андар боби ҳолатҳои асабҳо ёд хоҳем кард. Бисёр бошад, ки аз паси онҳо аразҳои нохуши бад рӯй диҳанд. Масалан, пас аз ҷароҳати сари мушак ранг бигардад, набз баъд аз думодумию хурдӣ биафтад ва ба беҳушию афтидани қувват бибарад. Гоҳе аз паси чунин [ҷароҳат] ташаннуҷ рӯй диҳад. Ҳамчунин, пас аз воқеъ шудани ҷароҳат андар пеши зону ва ба наздики кулчаи он аразҳои номақбули баде падид оянд, ки ҳалоккунанда буда, кам биафтад, ки бемор аз онҳо раҳоӣ ёбад. Ҳар гоҳ ба ҳангоми ин гуна ҷароҳатҳои мушакӣ ташаннуҷ рӯй диҳад ва ҳеҷ дармон напазирад, мушакро бар паҳно бибуранд ва бар бекор мондани мушак розӣ шаванд, лекин то вақте ки барои дармони ташаннуҷ ва ошуфтагии ақл бо ягон василаи дигаре имконият ҳаст, ин корро ба таъхир биандозанд. Масалан, ба ҳангоми ҷароҳати зону гоҳе бад-он эҳтиёҷ биафтад, ки онро ба чалепо чок карда бикушоянд ва ба ҳангоми омосҳо, решҳо ва ҷароҳатҳои он аз раг задану исҳол овардан ёрӣ бигиранд ва ҷароҳатро то ба ғоят пок шудани [бемор] аз сабзидан боз доранд ва сипас бисабзонанд.
Фасли чаҳорум андар шинохтани қуввати доруҳое, ки гӯштро бирӯёнанд, бичаспонанд, бипӯшонанд ва бихӯранд

Бидон, ки доруи гӯштрӯёнанда доруест, ки хуни дурустро ҳамчун гӯшт бибандад. Агар ӯро хушкиоварии сахт бошад, хуни ояндаро боз дорад ва моддаи гӯшт падид наояд, вале агар онро зудояндагии қавӣ бошад, хунро аз ҷой бурда, равон кунад ва бо ҳамин моддаи аз барои гӯшт мавҷудро нест созад.

пешина
аз 1215
навбатӣ