Қонуни тиб

Бинобар ин, бояд дору на ба андозаи бисёр, балки то ҳадди муайяне хушксозанда бошад ва низ на ба таври ниҳоят қавӣ зудоянда, балки камтар ва ба андозае зудоянда бошад, ки аз ғайри сӯзиш овардан чиркро бизудояд. Ба қабзкунандагии қобили мулоҳаза низ эҳтиёҷ нест. Инчунин, бояд дору ба ҳасби эҳтиёҷи мизоҷи ҷароҳат ва реш гарм ва ё сард бошад.
Агар [мизоҷи онҳо аз ҳадди эътидол] берун омада бошад, ба андозаи ин беруноӣ [доруи] зидди он ба кор бибаранд, вале агар ба андозаи қобили эътибор берун наомада бошад, бо ҳамшакли он [муолаҷа кунанд]: аз барои ниҳоят гарм доруи ниҳоят гарм ва аз барои ниҳоят сард доруи ниҳоят сард ба кор бибаранд. Ба изофаи ин чӣ гуна андар он маҳалл таъсир кардани доруро ба назар бигиранд, то агар ба ифрот мизоҷро бад мекарда бошад, акси онро ба кор бибаранд.
Аммо доруҳои часпонанда он доруҳоеанд, ки ду лаби аз ҳам дурро бо ҳам ҷамъ созанд. (149) Онҳоро бояд танҳо бар сатҳи [ҷароҳат] ба кор бурд, то бо намии андар гавҳари хеш дошта ду лаби онро ба ҳам бичаспонанд.
Агар андар ин ҳол хун ҷой дошта бошад, [доруҳои часпонандаи хоси он] чунин доруҳоеанд, ки хуни андар ҷароҳат бударо зуд ва пеш аз гандидан бихушконанд ва ба таври кофӣ часпонанда бошанд. Агар ин доруҳо қувваи хушксозандаи бештаре надошта бошанд, чунин кор кардан натавонанд. Лекин набояд онҳо зудоянда бошанд, аз баҳри он ки зудояндагӣ мухолифи мақсад аст, зеро мақсад аз он хуни мавҷударо ба [чизи] ширешмонанду часпак табдил додан буда, зудояндагӣ ин хунро зудуда, бибарад ва моддаеро равон созад, ки имконияти аз он падид омадани часпакӣ бувад. Ин гуна [доруро] лозим нест, ки мисли доруҳои гӯштрӯёнанда камтар хушксозанда бошад, аз баҳри он ки доруҳои гӯштрӯёнанда эҳтиёҷ бадон доранд, ки модда ба сӯи ҷароҳат битаровад ва хушксозандагӣ бошад, ин моддаро таровидан нагузорад, вале доруҳои часпонанда бошанд ба [таровидани модда] эҳтиёҷ надоранд, балки ба хушконидани қавитару қабз сохтани андаке ниёзманданд.
Доруҳои кашандаю пӯшонанда бошанд, беш аз ҳар ду гурӯҳ ба қабз кардан ҳоҷат доранд, зеро онҳо бояд чизеро, ки ба табъ аз ҳама беш хушктар аст, яъне пӯстро, бихушконанд ва низ бояд ҳам тарии бегона ва ҳам тарии аслиро ба таври қавӣ хушк созанд. Аммо [доруҳои] пеш аз инҳо ёдшуда бошанд, эҳтиёҷ бад-он доранд, ки рутубати бегонаро бештар ва рутубати аслиро ба андозаи часпаку ситабр гардидан, на ба андозаи коҳиш ёфтани гавҳари он, бихушконанд.
Аммо доруҳои хӯранда ва коҳишдиҳандаи гӯшт бояд сахт зудоянда бошанд.
Фасли панҷум андар баёни шикофтани ҷароҳат ва ғайри он, ки ба кушодан эҳтиёҷ дошта бошанд
Ҷолинус гуфтааст: «Бояд аз маҳалле чок кард, ки ниҳоят барҷаста ва ё аз ҳама тунуктар бошад ва рӯи шико
фӣ ба сӯе бошад, ки аз он сӯ рим ба фурусӯ таровидан битавонад». Бояд ба ҳангоми шикофтан ба истиснои баъзе ҳолатҳои мо ёдкарда ожангҳо ва чинҳоро бар ваҷҳе риоят намуд, ки андар боби хуроҷҳо ва кафгиракҳо ёд кардем. Аммо ба ҳангоми шикофтани, масалан, пайғула ва зери бағал бояд равиши чок ба равиши табиии пӯст биафтад. Сипас бар маҳалли шикофтагӣ аз доруҳои андар ҷадвалҳои доруҳои сода овардашуда он доруҳои хушконандаеро биниҳанд, ки сӯзонанда набошанд. Кӯфтаи кундур андар ин ҳангом беҳтар аз худи кундур аст, аз баҳри он ки вай бештар қабзкунанда бувад.
Ба ҳангоми ҷароҳатҳо, чун онҳоро шикофтӣ, маслаҳат он аст, ки бад-онҳо ҳеҷ об нарасонӣ. Агар ин кор ногузир лозим ояд ва бемор тоқати гармоба накардан надошта бошад, бояд ҷароҳатро андар зери марҳамҳои созгоре гӯронида, онро бо пораҳои андар равған тар карда ба гунае бипӯшонанд, ки обу намии гармобаро ба ҷароҳат расидан нагузорад ва ё [77] аз ҳилаҳои андар ин бобат мумкин буда ягон ҳилаеро ба кор бибаранд.
Фасли шашум андар тадбири ҷароҳатҳои дорои омос ва дард
Ин гуна ҷароҳатҳо ниёзманди эҳтиётанд ва бояд ба таври қатъӣ муътақид буд, ки то омос таскин наёбад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷароҳат пӯшида нашавад ва [таскини омос] танҳо бо ёрии он доруҳое муяссар бигардад, ки якум хушксозандаю сардиовар ва сониян нармсозанда бошанд. Низ бояд андар ин ҳангом ҷумлаи илоҷҳои омосҳоро ба кор бурд. Яке аз тадбирҳои хоссе, ки ба изофаи он аз барои [омосҳои] ҳамаи андомҳо аз сар то пой ба таври умумӣ суд дорад, тадбири зерин аст: як дона анори ширинро гирифта, андар шароби мозу биҷӯшонанд ва онро бар маҳалли [омос] зимод созанд.
Бояд ҳоли омосро тааммул кард, ки ба куҷо ҳамекашад.
Масалан, агар ту марҳами сиёҳро ба кор бурда, дидӣ, ки сурхии ҷароҳат бештар шиддат ёбад ва ё обила кунад, пас, бештар ба истеъмоли доруҳои сардиоваранда ва марҳами сафед рӯй овар, вале агар дидӣ, ки ба ҳангоми истеъмоли марҳами сафед [гӯшти] он ҷунбон ва ё сахт ҳамешавад, марҳами сиёҳ ва ё ғайри онро ба кор бибар.
Фасли ҳафтум тадбири ҳамагонии ҷароҳатҳои дарунӣ ва берунии андомҳои дарунӣ
Ғараз ба ҳангоми эҳтимоли порашавӣ ва шикофтагии дарунӣ ин аст, ки вайро фароҳам оваранд, хунро андарун сахт шудан нагузоранд ва пеши хунравӣ бигиранд. Мисоли доруҳои аз барои ду ғарази аввал судманд балбусе аст, ки андар сирко пухта бошанд. Ё аз қантуриюни бузург як дирамсанг ба бемор бидиҳанд. Гили махтум андар ин бобат суди бузург дорад. Аммо мисоли он чи, ки аз барои боз доштани хунравӣ ба бемор бидиҳанд, якуним донг тухми банг бо оби ангубин ва дигар доруҳоест, ки андар боби манъи хунравӣ ва хунпартоӣ ёд шудаанд.
Оид ба ҷароҳат ва шикофтагии берунӣ бошад, донишманд гуфтааст: «Агар мароқи шикам дарида, бархе аз рӯдаҳо берун омада бошанд, бояд (150) чӣ гуна ҷамъ кар да, ба андарун даровардани рӯдагонро донист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор