Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар миқдоре аз чодарпиҳ берун омада бошад, бояд бидонист, ки оё онро бо банди устуворе бастан шояд, ё не, оё ҷароҳатро бидӯзанд, ё не ва дӯхтанаш чӣ гуна аст?»
Ҷолинус ташреҳи мароқро ёд кардааст ва мо низ онро андар боби ташреҳ ёд кардем. Ӯ гӯяд: «Мувофиқи он чи ки мо андар баёни ташреҳ ёд кардем, маҳалли ду бари миён агар бидарад, камхатартар аз маҳалли буҳра бувад. «Буҳра»
миёни тан ва «хисрайн» ҳар ду барест, ки аз буҳра ба миқдори чаҳор ангушт дуранд». Ӯ гӯяд: «Аз баҳри он, ки агар андар маҳалли буҳра чок биафтад, ҳангоми он рӯдаҳо бештар берун оянд ва баргардонидани онҳо душвортар бошад, зеро ягона чизе, ки онҳоро нигоҳ бидорад, ҳар ду мушаки ба дарозои тан фурудоянда буда, онҳо аз сӯи сина ба сӯи устухони тиҳигоҳ фуруд оянд. Бинобар ин, ҳар гоҳ яке аз он ду мушак пора шавад, аз баромадани бархе аз рӯдагон ва барҷастани он аз тариқи ин порашавӣ чора нест. Аз баҳри он ки мушакҳои андар ду бари шикам буда онҳоро бифишоранд ва андар миён ягон мушаки қавие нест, ки онҳоро нигоҳ дорад. Агар чунин рӯй диҳад, ки ҷароҳат бузург бошад, якчанд рӯда берун ояд ва даровардани онҳо бештар заҳматталабу душвор бувад. Ба ҳангоми ҷароҳатҳои хурд агар худи ҳамон лаҳза зуд ба даровардани рӯда нашитобанд, рӯда ба сабаби он бодҳое, ки андар он зода шаванд, дам андохта, бузург бигардад ва аз он сӯрохӣ даромадан натавонад. Бинобар ин некфарҷомтарини ҷароҳатҳое, ки андар мароқи порашуда биафтад, онест, ки аз ҷиҳати бузургӣ муътадил бошад».
Ӯ гӯяд: «Ин гуна ҷароҳатҳо ба як чанд чизҳо ниёзманданд: нахуст, бояд рӯдаи баромадаро бад-он ҷое пас гардонид, ки хосси ӯст; дуввум, бояд ҷароҳатро дӯхт; севвум, бар вай бояд доруи созгор гузошт; ва чаҳорум бояд кӯшид, ки ягон андоми шарифро аз барои он ягон хатаре нарасад».
Агар хурдии ҷароҳат ба ҷое бошад, ки моро имконият надиҳад то рӯдаи баромадаро пас бигардонем, андар ин ҳангом бояд ё он бодро ҳал намуд ва ё чокро фарохтар сохт. Агар бодро ҳал кардан битавонӣ, аз ҳама беҳтар аст.
Сабаби дам андохтани рӯда сардии ҳавост. Бинобар ин, бояд исфанҷеро андар оби гарм ғӯтонида, бифишоранд ва бо он гармибандӣ кунанд. Агар шароби қабзкунандаро гарм кунанд, низ аз барои ин ҷойгоҳ судманд аст. Аз баҳри он ки вай беш аз гармсозии об гармӣ бахшад ва рӯдаро қавӣ созад.
Агар ин илоҷ дамиши рӯдагонро ҳал накунад, бояд тадбири васеъ сохтани ҷароҳатро ба кор бурд. Созгортарини афзорҳо аз барои ин гуна шикофтан афзорест, ки бо номи «шикофандаи носурҳо» маъруф аст. Аммо аз истеъмоли кордҳои шикофандаи дудамаи нӯгтез бояд ҳазар кард. Созгортарин шаклҳо ва намуди истоди бемор ба ҳангоми рӯ ба фурӯсӯ будани ҷароҳат шакл ва истоди рӯ ба барсӯст ва ба ҳангоми рӯ ба барсӯ будани ҷароҳат шаклу истодест, ки рӯ ба фурӯсӯ бошад. Ғаразе, ки андар ин ду ҳолат туро мурод аст, бояд он бошад, ки дигар рӯдагон бар фарози рӯдаи беруномада наафтанд ва бар вай гаронӣ наоваранд. Ҳар гоҳ чунин кор кунӣ ва ё чунин корро мақсади хеш қарор бидиҳӣ, бидонӣ, ки агар ҷароҳат андар ними рост аст, бояд беморро каме бар ними чап бигардонд

ва агар андар ними чап аст, бояд ӯро каме бар ними рост майл дод. Ҳамеша оҳанги он кун, ки ноҳияи андар вай ҷароҳат бударо бартар аз ноҳияи дигар бидорӣ. Ин дастур барои ҳамаи ҷароҳатҳо умумист.
Агар ҷароҳат бузург бошад, барои пас аз баргардонидани рӯда ба шикам нигоҳ доштани он андар ҷои хосси худ эҳтиёҷ ба хидматгори чобук биафтад, зеро ӯ бояд ҳамаи маҳалли ҷароҳатро бо даст аз берун дошта, кашида ҷамъ созад ва андак-андак онро аз барои дӯзанда раҳо кунад. Андар айни ҳол қасди бахши дӯхтаи ҷароҳат намуда онро то пурра ва мустаҳакам дӯхта шудани ҷароҳат камкам ҷамъ карда, нигоҳ дорад».
Ман бароят беҳтарин тариқаи дӯхтани шикамро тавсиф намуда мегӯям: азбаски чизи мавриди эҳтиёҷ ин аст, ки бояд миёни сифоқ ва мароқ пайваста шавад, бинобар ин туро лозим аст, ки андар оғози дӯхтан сӯзанро аз беруни пӯст ба сӯи дарун бизанӣ. Ҳар гоҳ сӯзанро андар (151) пӯст ва андар мушаке даровардӣ, ки ба дарозои шикам рост фуруд омадааст, гӯшаи сифоқи андар ин сӯй бударо ба ҳоли хеш гузошта, андар он сӯзанро надарор ва сӯзанро андар гӯшаи дигаре дароварда, аз дарун ба сӯи берун бигузарон. Чун сӯзанро гузарондӣ, бори дуввум низ аз худи ҳамин гӯшаи мароқ аз берун ба сӯи дарун гузаронида, гӯшаи сифоқи андар ин ҷониб бударо ба ҳоли худ бигузор ва сӯзанро андар гӯшаи дигар зада, аз дарун ба берун бигузарон. Баробари гузаронидани сӯзан аз сифоқ онро аз гӯшаи мароқи андар ин ноҳия буда низ бигузарон ва ҳамин тариқ то аз ҳамаи он гузаронидани сӯзан [корро бояд давом дод]. Сипас, низ аз ҳамин бар сар карда, онро бо гӯшае бидӯз, ки аз сифоқи андар бари берун будааст.
Сӯзанро аз пӯсте берун ор, ки ба наздики он ҷой дорад.
Сипас сӯзанро дубора андар он пӯст дароварда, гӯшаи сифоқи андар ҷониби дигар бударо бо ин гӯша аз мароқ бидӯз ва [сӯзанро] аз пӯсте берун ор, ки андар ноҳияи он ҷой дорад. Ин корро ба ҳамин тартиб пай дар пай то пурра дӯхта шудани ҷароҳат давом деҳ.
Аммо чигунагии масофаи миёни ду кӯк бошад, бояд аз васеъгӣ ва тангии ба исроф эҳтиёт шуд, зеро кӯки васеъ ба таври лозимӣ намедорад ва кӯки танг пӯстро бидарад.
Ришта агар зеҳӣ бошад, бар буридан ёварӣ кунад ва агар нарм бошад, биканад. Бинобар ин миёни нармию сахтӣ ихтиёр кун. Ҳамчунин, агар кӯкро андар пӯст сахт нишаста бизанӣ камтар бидаронад, вале бахше аз ришта андаруни ҷароҳат боқӣ монда, ҷароҳат насабзад. Андар ин ҳол низ ҳадде миёнаро нигоҳ дор.
[Ҷолинус] гӯяд: «Низ, ба ҳангоми дӯхтани шикам часпонидани сифоқ бо мароқро мақсади хеш қарор бидеҳ, зеро азбаски он асабнок аст, ба душворӣ бо ин бичаспад ва сабз шавад».
Бархе аз [пизишкон] онро бар тариқаи зерин бидӯзанд:
Бояд сӯзанро андар шерозаи берунии мароқ зада, ба сӯи андарун бигузаронӣ ва ҳар ду шерозаи сифоқро ба ҳоли хеш бигузорӣ. Сипас сӯзанро пас бигардонӣ ва аз ҳар ду шерозаи сифоқ бигузаронӣ, вале ин дафъа аз ҷиҳате бигузаронӣ, ки хилофи ҷиҳати оғозкардаат бошад. Баъд, сӯзанро андар шерозаи дигаре аз ду шерозаи мароқ бигузарон ва [дӯхтанро] ҳамин тариқ давом бидеҳ. Ин намуди дӯхтан беҳтар аз он намуди омиёнаест, ки бо як кӯк задан ҳар чаҳор шероза ро фаро бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ