Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зеро бо он намуди дӯхтане, ки пеш аз ин мо ёд кардем, низ гоҳе сифоқ андар паси мароқ ба таври устувор пинҳон гардида, бо вай бипайвандад.
[Ҷолинус] гӯяд: «Сипас бар вай ягон доруи сабзонанда бинеҳ».
Ба ҳангоми ин гуна ҷароҳатҳо эҳтиёҷ ба бастан аз ҳама бештар аст. [Як даста] тибитро андаке андар равғани гарми зайтун тар карда, аз зери ҳар ду бағал то ҳар ду мезаной [бар бемор] бипечанд. Ҳамчунин, [78] низ онро бо ягон чизи нармкунандае аз қабили равғанҳо ва луобҳо тар бисозанд.
Агар ҷароҳат то ба рӯдаҳо расида, онҳо низ маҷрӯҳ шуда бошанд, тадбири он низ ба гунаест, ки мо ёд кардем, вале бояд [бандинаро] хусусан ҳангоме бо шароби сиёҳи қабзкунандаи нимгарм тар нигоҳ дошт, ки агар ҷароҳат ба [рӯда] расида ва ё аз он гузашта бошад. Рӯдаи рӯзадор, албатта, аз ҷароҳате, ки андар вай афтидааст, шифо нахоҳад ёфт, аз баҳри он ки ҷирми вай тунук ва дорои рагҳои зиёд буда, ба табиати асаб наздикӣ дорад, зарда ба сӯи он бисёр бирезад ва ба иллати аз ҳама наздиктар ҷой гирифтан ба ҷигар гармияш зиёд аст. Аммо бахшҳои фурӯсӯи шикам бошанд, азбаски онҳо аз ҷиҳати табиат ба гӯшт наздикӣ доранд, мо онҳоро бо камоли боварӣ муолаҷа кунем.
Ҷолинус андар китоби «Ҳилату-л-буръ»176 гуфтааст: «Ба ҳангоми пора шудани мароқи шикам бо сифоқ бояд оҳанги дӯхтане кунӣ, ки ба ҳангоми он сифоқ бо мароқ бичаспад, зеро вай асабӣ буда, бо ғайри хеш дер пайваст бигардад». Ин ба гунае аз дӯхтан муяссар шавад, ки мо ёд кардем, зеро чунин дӯхтан бо кӯкҳои худ сифоқро ҷамъ сохта, бичаспонад ва нигоҳ дорад.
Ӯ гӯяд: «Агар рӯдаҳо берун баромада бошанд, шароби сиёҳи қавӣ талаб кун ва [бифармой] гармаш кунанд ва андар он пашмро тар карда, бар рӯдаҳо бигузоранд, зеро чунин [шароб] дамиши онҳоро нест карда, рӯдаҳоро пажмурда бисозад. Агар шароб мавҷуд набошад, баъзе обҳои сахт қабзкунандаро ба таври гармкарда ба кор бибар. Агар ин ҳам ҳозир набошад, онҳоро бо оби гарм гармибандӣ кун, то пажмурда бигарданд. Агар рӯдаҳо аз он [чок] даромадан натавонанд, онро фарохтар бисоз».
Буқрот гуфтааст: «Агар ҳангоми ҷароҳат чодарпиҳ аз шикам берун ояд ва агарчи муддати андаке ҳам бошад, аз гандидани бахши беруномада чора нест. Аз ин ҷиҳат чодарпиҳ аз рӯдаҳо ва ҷигар ҳамегузарад, зеро агар рӯда ва гӯшаҳои ҷигар андар берун муддати дароз боқӣ монда, сахт сард нагардида бошанд (152) ва агар онҳоро дубора ба андаруни шикам бидароранд ва ҷароҳат бисабзад, онҳо ба ҳолати табиии хеш боз оянд. Аммо бахши беруномадаи чодарпиҳро агарчи баъд аз муддати андаке бошад ҳам ба андаруни шикам бидароранд, ногузир бигандад». Бинобар он пизишкон зуд ба буридани он бипардозанд ва бахши аз шикам беруншудаи онро ба андарун пас нагардонанд. Агар андар бобати чодарпиҳ гоҳе хилофи ин ёфт шавад, вале он ниҳоят кам ва қариб ноёфт аст.
Ҳар гоҳ бахше аз чодарпиҳ берун ояд, бояд бидонист, ки оё онро буридан шояд ва ё не ва оё ҷароҳатро дӯхтан шояд, ё не ва агар шояд, чӣ гуна бояд дӯхт. Агар ҷароҳат андар буҳра, ки миёни шикам аст, афтида бошад, ин аз ҳа

ма бештар хатарнок аст, зеро сарҳои мушакҳои рӯи шикамро пӯшида, андар он ҷоянд. Агар он андар ҳар ду хисрайн, ки аз ду бари росту чапи миёни шикам ба масофаи чаҳор ангушт ҷой доранд, биафтад, некфарҷомтар хоҳад буд, аз баҳри он ки андар он аз сарҳои мушакҳои асабнок чизе ҷой надорад. Маҳалли буҳраро дӯхтанаш низ душвор аст, аз баҳри он ки рӯдагон аз шикофтагие, ки андар ин ҷой афтидааст, аксар вақт берун оянд. Ба ҷои хеш баргардонидани онҳо аз ҳама душвор аст, чунки чизе, ки онҳоро ҷамъ сохта, нигоҳ медорад, ду мушаки ба дарозои шикам хобидаи гӯштиест, ки аз сӯи сина ба сӯи «ракаб», ки устухони зиҳор аст, фуруд оянд. Бинобар ин ҳар гоҳ ҷароҳат андар ин ҷойгоҳ биафтад, ин мушакҳо бурида гарданд ва рӯда ба таври шадидтар берун ояд, зеро мушакҳое, ки андар баранд, онро бифишоранд ва ӯро андар миён ягон мушаки қавие набошад, ки бидорад. Ба изофаи ин агар чунин рӯй бидиҳад, ки ҷароҳат бузург бошад, ногузир якчанд рӯда дамида берун оянд ва даровардани онҳо боз ҳам душвортар бошад.
Фасли ҳаштум андар баёни чигунагии бастани ҷароҳатҳо

Агар ҷароҳат ва чоки беруниро часпонидан бихоҳӣ, ба гуфтаи донишманде аз аҳли ин пеша амал кун. Ӯ гӯяд:
«Агар ин гуна чокро часпонидан бихоҳӣ, бо бандинае бибанд, ки аз ду сар оғоз ёбад, на бо бандинае ғайри он, вале агар чок бузург бошад, туро лозим аст, ки онро бо рифодаҳои сегӯша бибандӣ. Агар маҳалли [ҷароҳат] пур бошад, эҳтиёҷ ба дӯхтан низ биафтад. Рифодаҳои сегӯша барои ҷамъ сохтани лабҳои ҷароҳат беҳ аз чаҳоргӯшаанд, аз баҳри он ки инҳо фақат бар болои чок биистанд.
Рифодаҳои сегӯшаро бар мисоли зерин биниҳанд: бояд чок ҳамчун хатти рости андар миёни ду сегӯша бошад ва ду рифодаи сегӯшаро, ки яке бо ҳарфи «бо» ва дигарӣ бо ҳарфи «ҷим» ишора шудааст, бар шакле бо ҳам ошно карда шаванд, ки хоҳӣ дид. Ҳар гоҳ ин маҳалро бибастӣ ва бандина аз ду сар биафтод, бар маҳалли чок истодани ин бандина қавитар аз [рифодаи] чаҳоргӯша хоҳад буд.
Ба ҳангоми ҷамъ сохтани ҷароҳат бандинаи ғайри дусара раво нест. Рифодаҳои сегӯша ва шакли бастани онҳо чунин аст:

Андар китоби «Ҳилату-л-буръ» чунин гуфта шудааст:
«Як касро ҷароҳате охираш ба наздики пайғула ва даҳонаш ба наздики зону расида буд ва мо онро, албатта, бидуни шикофтан бад-ин гуна беҳ кардем, ки андар зери зону болиш ниҳодем ва истоди онро ба намуде овардем, ки даҳони ҷароҳат андаке бардошта шуд. Ба ҳангоми ҷароҳатҳое, ки андар соқ ва бозу афтида буданд, чун ҳамин гуна рафтор намудем, ҳама ба осонӣ беҳ шуданд».
[Ҷолинус] гӯяд: «Ҳар кӣ аз таҷриба баҳра бурда бо шад, бидонад, ки ба ҳангоми ҷароҳатҳое, ки эҳтиёҷ ба рим шудани хун доранд, агар хун то дигаргун шудан ҳамроҳи дигар моддаҳо андарун боқӣ бимонад, ин беҳтар буда, дигаргунӣ зудтар ба амал ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ