Қонуни тиб

Ба ҳангоми ҷароҳатҳои пора-пораи лабҳояшон аз ҳам дур эҳтиёҷ бад-он аст, ки онҳоро бо бандинаи фароҳамоварандаи лабҳои онҳо ҷамъ сохта бибанданд, вале агар аз ин ҷароҳатро дард ояд, ё бинобар он агарчи сабук ҳам баста шуда бошад, омос гирифта, дардманд бигардад ва ё агар мушак бар паҳно бурида шуда бошад, андар ин ҳолатҳо [гӯшаҳои ҷароҳатро] ҷамъ насозанд, балки аз бими он, ки мабодо пӯст бисабзаду мушак носабзида бимонад, андар миёни он фатилаеро ҷой кунанд».
Ӯ гӯяд: «Ба ҳангоми чок кардани пӯсти сар низ чунин кунем ва андар миёни ду лаби он ягон чизе биниҳем, ки онро пур кунад. Гоҳе пӯсти лаби ҷароҳат ба андаруни ҷароҳат бимонад. Андар ин ҳол бояд бо ёрии бандина омос падид оварда, онро берун бикашанд. Агар ҷароҳат ба дарозо афтида бошад, (153) бандина онро ба таври устувор ҷамъ доштан битавонад, вале агар ба паҳно бошад, эҳтиёҷ ба дӯхтан биафтад. Умқи дӯхтан ба андозаи умқи ҷароҳат буда, ин беҳтар аз васеъ кардани чок бувад».
Ӯ гӯяд: «Лекин гоҳе моро чунин зарурат пеш ояд, ки ҷароҳатро васеътар кунем. Яъне агар даҳони он танг буда, моро бими он бошад, ки ба сабаби дурии умқ даҳони он бисабзаду поёни он носабзида бимонад ва ё андоми маҷрӯҳ ба ҳангоми маҷрӯҳ шудан ба шакле бошад, ки агар онро ба ҳоли ростияш оваранд, аз он на рим тароваду на дору бад-он бидарояд ва чун онро дубора ба шакли ҳангоми маҷрӯҳшавӣ ҷойдошта баргардонанд, дарди сахт ба амал ояд, андар ин ҳолатҳо ногузир мо бояд чоки созгоре бизанем».
Умуман бидон, ки ҳар чи аз ҷароҳатҳо ба паҳнои мушак ҳамеафтанд, аксар вақт лабони онҳо ба шиддат аз ҳам дур буванд. Бинобар ин, ба ҳангоми чунин ҷароҳат ва хусусан агар гӯшт кам шуда бошад, ба ҷамъсозии лабони вай аз ҳама бештар эҳтиёҷ биафтад ва бошад, ки онро ногузир бидӯзанд ва рифодаҳои сегӯша ба кор бибаранд. Аммо ба ҳангоми ҷароҳате, ки ба дарозост, ба чунин [тадбирҳо] кам эҳтиёҷ биафтад.
Фасли нуҳум андар баёни доруҳои часпонандаи ҷароҳатҳо
Мо қувват ва маҳалли [истеъмоли] ин доруҳоро пеш аз ин ёд кардем. Шубҳае нест, ки аз ин ҷумла доруҳои пошиданиро эҳтиёҷ бад-он аст, ки бояд онҳо назар ба доруҳои аз равғанҳо сохташуда ва мумравғанҳо камтар қавӣ бошанд. Сабаби тақозокунандаи равғанҳо ва мумравғанҳо ин аст, ки доруҳои хушк ва хусусан аз қабили мурдосанг ва дигар доруҳои маъданӣ ба қаъри [ҷароҳат] рафтан ва аз масомҳо гузаштан натавонанд, вале агар аз онҳо мумравған бисозанд, равонии равған онҳоро бадон ҷое бирасонад, ки дилхоҳи мост.
Ин доруҳои часпонанда мумкин аст маъданӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва аз ҳар гуна синфе бошанд. Мисоли доруҳои маъданӣ сафеда бо равғани мӯрд ва мум бувад. Мисоли доруҳои наботӣ баргҳои зерин бошад: барги булути нар,
ки ба тариқи зимод ба кор бибаранд; барги бед; барги каранб; барги дарахти себ ва қишри пӯсти он; барги забони барра; ҳалфое,177 ки андар сирко ва ё андар миқдоре аз шароб тар карда бошанд ва хусусан бо он барги санавбари нар ва ё модаро омехта бо пӯсташ бибанданд; барг ва шохаҳои сарв; ва барги фантофилун бо ангубин. Аз самғҳо хусусан ба ҳангоми [ҷароҳати] ба наздики асабҳои бисёр афтида сақизи хинҷақро [ба кор баранд]. Мисоли меваҳову донагиҳо инҳост: чаҳормағзи сабзе, ки онро бо обу намак ва ё бо шароб совида ва бо барги туруша, ё барги чугундар ва ё коҳу ҷӯшонида бошанд; амруди ёбоӣ, ки ба изофаи ин қобилияти боз доштани назла дорад; гавзи сарв; сири сӯхта; гарди осиёб; ва мӯи сӯхтаи178 хусусан бо мум ва равғани гул аз барои пирон. Аз шукуфаҳо мисли шукуфаи дӯлона ва гиёҳи думи аспро хусусан ҳангоме [ба кор баранд], ки агар [ҷароҳат] андар ҳамсоягии миёни ягон андом ва ё гӯште афтида бошад ва ё ҷароҳатҳо ба сари мушак наздик ҷой гирифта бошанд.
Аз [доруҳои] ҳайвонӣ шири ниҳоят туруш ҷароҳатҳои бузургро бичаспонад. Аз доруҳои мураккаб доруи «диёруфус»,179 [доруи] «равғанӣ», [79] доруи Ниқулос, доруи бед бо мушктаромашир ва марҳами катонро [ба кор баранд].
Фасли даҳум андар баёни доруҳои фароҳамоваранда ва пӯшонандаи ҷароҳатҳо ва ғайри ҷароҳатҳо
Табъҳои ин доруҳоро пеш аз ин донистӣ ва низ донистӣ, ки хокаи онҳо набояд ба андозаи онҳое қавӣ бошад, ки андар таркиби марҳамҳо бидароянд. Акнун бояд бидонӣ, ки агар сатҳи гӯшти сахт бо сатҳи пӯст ба ғоят баробар шуда бошад, ин доруҳоро набояд ба кор бурд. Аммо гӯшти тар бошад, мумкин аст баробар ва ҳатто беш аз он бигардад, лекин он ба таврест, ки чун бихушкад, фуруд ояд. Баръакс, бояд ин [доруҳоро] ба ҳангоми он [гӯште] ба кор бибаранд, ки ҳар гоҳ бихушкад, [бо пӯст] баробар бигардад ва ин чизе бошад, ки онро ба ҳадс бишиносанд. Бинобар ин, доруи фароҳамоварандаро бояд пеш аз он ҳангоме ба кор бибаранд, ки рӯидани гӯшт андар ҷароҳатҳои ниёзманди рӯидани он бад-ин ҳад бирасад, зеро доруи фароҳамоваранда низ баробари фароҳам овардан ба ҳаҷми гӯшт биафзояд ва баробари он қувваи табиат ҳам афзоиш ёбад ва бинобар он гӯшт беш аз дараҷаи лозимӣ бигардад. Баръакс, бояд дору ба андозае бошад, ки баробари хушконидан ва кори худро анҷом додани он табиат гӯштро ба миқдори лозимӣ рӯёнида ва баробари он доруи фароҳамоваранда (154) ба ғояти фароҳамвории худ расида бошад, то ҳар ду кор ба ҳам созгор афтида, гӯшту пӯсти навро ба андозае ҳосил кунанд, ки ин миқдор ба сатҳи ҷароҳат баробар бошад.
Агар ин риоя карда нашавад, асари ҷароҳат қариб боло аз пӯст барояд. Доруи пӯшонандаро нахуст ба шакли тар ва сипас ба наздики қариб пӯшида шудан ба шакли хушк ба кор бибар ва онро бо нӯги мил бар [ҷароҳат] бидавон.
Мисоли ин доруҳо пӯсти дарахти санавбар бо мумравғани аз равғани гул ва ё мӯрд сохташуда, ротиёнаҷи хушк, санги похори бирён, пӯсти мис, кундури кӯфта, мурдосанг ва қантуриюни хурд мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор