Қонуни тиб

Решаҳои [наботот] хубанд ва устухони сӯхта низ ҳамчунин бувад.
Зарованди сӯхта сахт фароҳамоваранда аст ва замч, мозуи хом ва барги анҷир низ чунинанд. Чунонки гуфтаанд, Буқрот инро ба тариқи киноя «пои ғулба»180 гуфтааст, вале чунин ба назар бирасад, ки ӯ бо ин гиёҳи бо номи «пои зоғ» маъруфро хоста бошад. Саргини саги устухонхор ва саргини сусмор [низ хубанд], вале дуввумӣ беш аз якумӣ зудоянда буда, эҳтиёҷ бад-он дорад, ки бо доруҳои қабзкунанда ин қувваи ӯ шикаста шавад. Бехи савсани осмонгунӣ, пӯсти бехи говшир ва тӯтиё [аз ҳамин ҷумлаанд]. Сандал, нилуфар ва сабр аз ҷумлаи доруҳои ба таври аҷиб гӯштрӯёнандаи ҷароҳатҳои гарммизоҷи хусусан ноҳияҳои мақъаду шарми пеш ба шумор бираванд.
Гоҳе андар таркиби ин доруҳо зог ва қалқатор бидароянд ва ҳарчанд ин ду аз ҷумлаи доруҳои хӯрандаю камкунандаи гӯштанд, вале гоҳе ҷароҳатҳои сахт рутубатнокро фароҳам оваранд. Хусусан агар онҳоро бисӯзанд, фароҳамоварандагияшон на камтар аз хӯрандагӣ бигардад ва агар онҳоро бишӯянд, ба фароҳамоварандагӣ бештар майл кунанд.
Аммо зангор ва доруҳои сахт хӯранда бошанд, ҷуз аз тариқи тадбири қавӣ ва ба ҳангоми бархе аз ҷароҳатҳо ва решҳои ниҳоят рутубатнок аз барои ин ғараз созгор нестанд. Миси сӯхтаро агар бишӯянд, ба таври хуб ҷароҳатро фароҳам оварад.
Ҳар гоҳ, агар бихоҳанд, ки марҳам омода бисозанд, ба доруҳои фароҳамоварандаи қавие аз қабили иқлимиё ва хусусан сӯхтаи он, қалқатори сӯхта, мурдосанг ва сафеда эҳтиёҷ биафтад. Аммо тариқаи омодасозии он бад-ин гуна бошад, ки мурдосанг ва сафедаро бо сирко ҳал кунанд ва сипас ба кор бибаранд. Иқлимиёро нахуст бисованд ва ё аз ҳама беҳтар он аст, ки бисӯзонанд, сипас вайро бо он [доруҳо] ва қалқатор биомезанд ва аз равғани мӯрд бо сирко ва ё шароби қабзкунанда об бидиҳанд. Гоҳе ба ҳангоми серрутубат будани ҷароҳат ва реш ба ин марҳам зоги сӯхта, гулнор ва мозу биафзоянд.
Сифати марҳами катон, ки хубу аҷиб аст: пораи катони шустаю покизаро гирифта, то мисли гард ва сурма гардидан бикӯбанд. Сипас равғани зайтуни ба таври қавӣ қабзкунанда ва ё равғани мӯрдро гирифта, андар он андак борзад афканда бигудозанд. Баъд, пораи кӯфтаро андар он афканда, аз онҳо марҳаме бисозанд, ки таъсири аҷибе дошта бошад.
Марҳами сиёҳ низ гоҳе гӯшт бирӯёнад ва агар бихоҳӣ, ки он бештар гӯштрӯёнанда бошад, андар он бахшҳои баробаре аз кундур, говшир ва зарованд биандоз ва бояд маҷмӯъи инҳо як чанди вазни омехтаи ҳар чаҳор бошад.
Сифати як хокаи сабук: аз сафеда ва мурдосанг як бахшӣ ва аз рими арзиз, мурр ва мозу ним бахшӣ бигиранд.
Хокаи дигар: дувоздаҳ [дирам] садафи сӯхта, шонздаҳ [дирамӣ] анорҳои хурде, ки аз дарахт афтида бошанд, ҷафти [булут] ва қалқадис, чаҳор [дирамӣ] шохи сӯхтаи гавазн, санги похор, иқлимиё, ротиёнаҷ ва бехи савсан, шаш [дирамӣ] кундури кӯфта ва пӯсти дарахти санавбар, ҳашт [дирамӣ] пӯсти анор, сафеда ва замч ва як [дирам]
мозу бигиранд.
Хокаи дигар: ду дирамӣ рӯян, устухони сӯхта ва мурдосанг, се [дирамӣ] кундуру сабр ва як дирамӣ анзарут ва момисо бигиранд.
Хокаи дигаре низ: аз гул, сафедаи арзизӣ, гулнор, тухми гул ва замч бахшҳои баробар бигиранд. Низ аз бехи савсан ва бехи говшир ба қадри баробар, аз зарованд ду мисқол ва аз кундури кӯфта як мисқол бигиранд.
Сифати марҳами ҷароҳатҳои андар тани пирон афтода: (155) ҷавро сӯхта, аз он бо равғани гул, ё бо равғани мӯрд ва бо сафедаи арзизӣ мумравған бисозанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни доруҳое, ки ҷароҳатҳо ва решҳоро гӯшт бирӯёнанд
Хосияти доруҳои гӯштрӯёнандаро донистӣ ва донистӣ, ки бояд мизоҷи онҳо чӣ гуна бошад. Доруҳои гӯштрӯёнандаро бояд ба ҳангоме ба кор бурд, ки маҳалли [ҷароҳатро] аз чиркҳо ва монанди онҳо пок карда бошанд ва агар пойгоҳи ҷароҳат танҳо устухон ва хусусан агар ин сар бошад, он устухонро пок намуда, ба ғоят хушк созанд ва андар он ягон тирагӣ ва ё табоҳиро нотарошида ва ягон тариро хушк накарда намонанд, зеро ҳамвории устухон ва тарии он яке аз сабабҳои монеи бар вай рӯидани гӯшт мебошад. Ҳар гоҳ агар онро харошида, дурушт созанд, моддаи аз болои он лағжандае, ки зояндаи гӯшт аст, устувортар бигардад.
Бидон, ки гоҳе як дору андар як тан ва ё як андом гӯшт бирӯёнад, вале андар дигарӣ нарӯёнад. Ин бад-он сабаб бошад, ки чунонки донистӣ, дору ба ҳасби мизоҷҳои ҳар ду тан мумкин аст андар яке хушкӣ оварад ва андар дигарӣ не ва ё андар як тан ба ифрот бизудояд ва андар дигарӣ ё на ба ифрот бизудояд ва ё аслан назудояд, зеро ин дору ба як андоза хушксозӣ ва як андоза зудоише ниёзманд аст, ки ин миқдор ба ҳасби тан муайян карда шавад, на ба таври мутлақ. Чизи тақдирӣ андар чизҳои на ба як андоза таъсирпазиранда ҳар гуна таъсир бикунад. Ҳар хушккунандае, ки хушкияш аз хушкии бадани мавриди муолаҷаи он қароргирифта камтар аст, низ қодири рӯёнидани гӯшт нест, баръакс, бояд аз он бештар хушк бошад.
Бинобар ин, кундур андар танҳои хушкмизоҷе, ки хушкияшон аз ҳадди иътидол бигузарад, ғайри гӯштрӯёнанда бигардад. Фақат аз тариқи таҷриба тавон донист, ки хушкӣ ва нарӯидан, ё пайваста рӯидани гӯшт ва ё чиркнокӣ ба кадом андозаанд. Агар [доруро] ба ҳадде хушкиоваранда дарёбӣ, ки ба ҳангоми он гӯшт қариб нарӯяд, пас, андаке тарӣ биафзой ва агар чиркинӣ оварад, миқдори доруи хушкро афзоиш деҳ, вале доруи пайваста таъсиркунандаро ба ҳоли хеш бигузор.
Гоҳе баъзе танҳоро бо баъзе доруҳо муносибатест, ки иллати ин номаълум бошад. Бинобар ин бояд доруҳои гуногуни қавӣ ва заифро бо ҳам биомехт. Чигунагии сохтани марҳамҳо ва эҳтиёҷ бад-онҳоро бошад пеш аз ин донистӣ.
Мувофиқи он чи ки ёд кардем, набояд танҳо бар хушксозию тариоварандагии дору кифоят намуд, балки ду кайфияти доимии онро низ ба назар гирифт ва инчунин бар хушксозию тариоварӣ бо вуҷуди ба назар гирифтани ҳар ду кайфияти фоилӣ танҳо ҳангоме метавон кифоят намуд, ки таносуби миёни ҳоли реш ва ҳоли мизоҷи тан муроот карда шавад, зеро мумкин аст тан тармизоҷу реш хушк, ё тан хушку реш тар, ё ҳар ду тар ва ё ҳар ду хушк бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор