Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ҳолати якум доруҳои заифтаре аз қабили кундур, орди боқилӣ, орди ҷав ва монанди инҳоро ба кор бибаранд.
Агар тан хушкмизоҷу реш сахт тар бошад, эҳтиёҷ ба доруҳое биафтад, ки нисбат ба доруҳои гӯштрӯёнанда ба таври қавӣ хушкиоваранда бошанд. Мисоли ин зарованд, бехи говшир ва зоги сӯхта бувад.
Андар боқимондаи ҳолатҳо ба доруҳои миёнаҳол эҳтиёҷ биафтад, ки мисоли ин бехи савсани осмонгун ва орди боқилии мисрӣ бувад.
Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки бархе аз доруҳо аз қабили хушкиоварӣ ва зудоиш барин хусусиятҳои мавриди ниёзи доруҳои гӯштрӯёнандаро дошта бошанд, [80] вале ин хусусиятҳо ба ифрот буда, бинобар он дору, масалан, ба сабаби хушкиоварии бисёр боиси бастани чирк ва ё роҳ надодан ба модда бигардад ва ё зудоишаш ба андозае зиёд бошад, ки боиси хӯрандагӣ бигардад. Агар бо вай ягон доруи зидди онро биомезанд, қувваи онро шикаста муътадил бигардонад ва дору гӯштрӯёнанда бигардад. Мисоли ин зангор буда, агар бо он равғани зайтун ва мум, ки ҳар ду андомро тару чиркинкунандаанд, биомезанд, онҳо бо хушкиоварию зудоиши қавии [зангор] муқовамат варзанд ва аз ин [зангор] фароҳамоварандаи [ҷароҳат] бигардад. Агар мумравғанро андар танҳое ба кор бибаранд, ки хушкмизоҷияшон бештар аст, бояд зангор даҳяки миқдори мумравғанро ташкил бидиҳад ва агар онро андар танҳое ба кор бибаранд, ки тармизоҷияшон бештар аст, бояд зангор аз дувоздаҳ як ҳиссаи онро ташкил бидиҳад. Ба ҳангоми истеъмоли ин дору низ санҷиши ёдшударо бояд риоя намуд.
Пирон бештар ба доруҳое эҳтиёҷ доранд, ки дорои гар

мии бештар ва кашиши қавитаре бошанд ва андар таркиби онҳо, масалан, зифт, кундур, орди ҷав, орди боқилӣ, орди говдона, бехи савсан, зарованд, иқлимиё ва гиёҳи говшир бидароянд. Агар ягон дору аз судбахшӣ бимонад, ғайри онро ба кор бар, вале агар [ҷароҳат] саркашӣ кунад, бо он доруҳое муолаҷа кун, (156) ки хосси решҳоянд.
Фасли дувоздаҳум андар илоҷи ҷароҳати шикастагиҳои сар

Оид ба тадбири устухон ва аразҳои бимноке, ки андар ин ҳангом ориз бигарданд, андар боби устухонҳо ва чӣ гуна бастани онҳо гуфта шудааст, аммо оид ба доруҳои часпонандаи решҳои сар бошад, бояд гуфт, ки аз барои [реши] берунӣ бо камтарин кайфияти доруи сабуки хушкиоваранда кифоят кунанд. Бар вай бояд миқдоре аз «доруи сарӣ», ки онро аз сабр, мурр, кундур ва хуни сиёвушон бисозанд ва низ доруҳои сабукеро аз миёни доруҳои андар боби ҷароҳатҳо ёдшуда бипошанд. Агар андар ин миён рафтани хун ҷой дошта бошад, бо он доруҳое дармон кунанд, ки андар боби рафтани хун ёд кардем. Бояд бар худованди [ҷароҳат] ҳар қадар ки битавонанд, мағзи бирёни мурғ бидиҳанд, зеро он ба шаҳодати гурӯҳе аз [пизишкон] мағзро қувват бахшида, хунравиро боз дорад, вале андар ин бора ақидаи дигаре низ ҳаст. Додани оби анори майхуш низ ҳамчунин бувад ва бо садпайванд зимод кунанд.
Яке аз доруҳои аз барои ҷароҳат ва хунравӣ хуб доруи зерин аст: хамирмояи туруши хушкро гирифта, бисованд ва бар [ҷароҳат] бипошанд, вале онро тар накунанд.
Аз тадбирҳои боздорандаи омос ин аст, ки орди ҷав ва орди гандуми сафедро бо зуфои тар сиришта, зимод кунанд. Писти ҷав бо пудина низ аз кӯфтхӯрда судманд аст. Дигар тадбирҳоро бояд аз боби устухонҳо дарёфт.

Мақолаи дуввум

АНДАР БАЁНИ ПӮСТРАВ ШУДАН, КӮФТАГӢ, АЗ ҲАМ ҶУДО ШУДАН,
ЛАҒЖИДАН, АФТОДАГӢ, БА ҲАМ ЗАДАН, ШИКОФТА ШУДАН,
ХУНРАВӢ ВА МОНАНДИ ИНҲО
Фасли нахустин
андар пешогоҳӣ

Чӣ маъно доштани «аз ҳам ҷудо шудан» ва «даридагӣ»-ро андар Китоби нахустин донистӣ. Аммо «лағжидан»
бошад, чунин маъно дорад, ки ба ҳангоми он андом аз пайвандгоҳи хеш ба таври нопурра ва на зоҳиру ҷудошуда берун ояд, вагарна баромадагӣ хоҳад буд. «Суст шудан» камтар аз лағжидан аст ва гӯё ин камтарин азҳамкашидагие бувад, ки бандакҳои пайвандгоҳ ва гӯшти гирди он бигирифтаро расида бошад. Агар ба изофаи ин андаке баромадагӣ ҷой дошта бошад, он гоҳ ин «лағжидагӣ»
хоҳад буд. Бархеҳо «суст шудан» ва он маъноеро, ки мо «лағжидан» номидем, ба як исми умумӣ бихонанд, вале бархе дигар он ҷудо шуданеро «лағжидан» хонанд, ки ба ҳангоми он яке аз ду сари пайвандгоҳ, масалан, як сари бандгоҳи шитоланг ва хурдаи даст ҷудо шуда, сари дигар ба ҷой бимонад ва сарфи назар аз он ки ин ҷудошавӣ ба назар намоён бошад ҳам, фарқе надорад. Он чи, ки мо

бояд нахуст биоварем ва бобати он сухан ронем, аз ҳам ҷудо шуданест, ки андар миёни мушакҳо биафтад ва даридагиест, ки андар сарҳои онҳо ба амал ояд.
Фасли дуввум андар баёни аз ҳам ҷудо шудан ва даридагӣ

Ҳар гоҳ мушак ба азҳамшудошавӣ гирифтор ояд, аз ин андар миёни бахшҳои он чандин гусастанҳои ягонагӣ падид омада, ночор ба сӯи он хуни бисёр бирезад ва ногузир аз ин биомосад. Андар камтарини ҳолатҳо хун печида, бигандад, аз баҳри он ки [осеб] ба андозаест, ки хусусан агар сӯрохҳо ба сабаби аз берун фишор овардани чизи пахшкунанда ва аз дарун фишор додани омоси баамаломада танг гардида бошанд, ба ҳалшавии хун аз тариқи онҳо умеди камтар аст. Бинобар ин, агар кори онро чора накунанд, боиси табаҳ шудани андом бигардад.
Гоҳе аз паси фарох шудан, афтидан ва кӯфтагӣ ғудда падид ояд. Андар ин ҳол зуд ба илоҷи он бояд пардохт, то ба саратон табдил наёбад.

пешина
аз 1215
навбатӣ