Қонуни тиб

Ба ҳангоми даридагӣ набояд ба боз пайвастани лифи бурида машғул шуд, балки бояд ба таскин додани дард бипардохт.
Фасли севвум андар илоҷ
Ба ҳангоми ин ориза бисёр биафтад, ки аз задани раг чора набошад ва гузашта аз ин тан агарчи пок бошад ҳам, худовандони ин синоат зуд бад-ин кор машғул шаванд.
Ҳар гоҳ раг бизананд ва зуд зимодҳои пешгирикунандаи қависозанда ба кор бибаранд, чунин ҳолате ба миён нахоҳад омад, ки тақозои илоҷи қобили мулоҳазае дошта бошад. [Зимодҳо] ё аз тариқи сардиоварию қабзкунандагӣ ва ё ба яке аз ин ду хусусият пеши [ин осеб] бигиранд. Аммо агар бад-ин кор расидан натавонанд ва хун зуд ба фароғиҳои гусастагӣ бидарояд ва агар туро аз он бими падид омадани офатҳои ёдшуда ба амал ояд, андар ин ҳангом барои муолаҷаи он аз берун кашидани он хун чора нест, то ба дубора ба ҳоли хеш боз омадани пайвастагӣ халал нарасонад. Агар осеб ба ҷое бошад, (157) ки аз тариқи ковок сохтани масомҳо бо рехтани обҳои гарм ва монанди онҳо, аз тариқи ба кор бурдани доруҳое, ки аз барои каси латхӯрда ёд хоҳем кард, инчунин аз тариқи доруҳое, ки хуни мурдаро пароканда кунанд ва равғанҳое, ки ранҷуриро ҳал созанд ва аз тариқи ба бемор додани чизҳое, ки аз дарун ба ҳалшавӣ ёварӣ диҳандаанд, ҳал кардани [хун] мумкин бошад, чунин кор кунанд ва танҳо бар ҳамин иктифо варзанд. Мисоли доруҳои парокандасозандаи хун ва ё ёвари чунин кор муқли яҳудӣ, қуст ва қантуриюни ситабр бо сикангубин аст ва сикангубин аз барои он аст, ки ӯ низ бо бурандагии худ бад-ин кор ёварӣ кунад. Мисоли доруҳои камқуввати парокандасозандаи хуни мурда орди ҷав, зуфои тар ва орди сафеди гандумиест, ки бо об сиришта бошанд.
Мисоли қавии онҳо пудинаи кӯҳӣ бо пист буда, онро хусусан ҳангоме [ба кор бибаранд], ки агар иллат андар сар афтида бошад. Умуман, ҳар доруе, ки бо гармии латиф нармсозанда аст, ба таври латиф ҳалкунанда ва гоҳе ба таври латиф хушкиоваранда низ ҳаст. Доруи сахт ҳалкунанда ва хушкиоваранда зуд таъсир расонда, бо хушксозандагии худ бахши латифро ҳал ва бахши ситабрро банд кунад ва низ бо хушксозии хеш масомҳоро бибандад. Агар маълум бигардад, ки [иллат] ба пӯст наздик аст ва сахт нишаста нест, андар бештари ҳолатҳо ин миқдор аз тадбир кифоят бошад. Агар чунин набошад ва гусастагиҳо сершумор, сахт нишаста ва аз сатҳи болоӣ хеле амиқ ҷой гирифта бошанд, аз нештар задан чора нест ва ҳол бад-он гунае бувад, ки ба ҳангоми омосҳо ва решҳои бад ҷой дорад. Ҳоли [бемор] на чун ҳоли каси кӯфтхӯрдаро монад, зеро каси кӯфтхӯрдаро модда ба сӯи пӯст кашида шавад ва пӯст андар роҳи реш шудан бувад. Аммо ба ҳангоми ин ҳолат бошад, гусастагии пайвастагӣ сахт нишастаю фурӯрафта буда, нофармонбардор аст ва бинобар ин аз истеъмоли доруҳои ба таври қавӣ кашандаи модда ва аз ниҳодани миҳҷамаҳову нештар задан чора нест. Гоҳе мумкин аст ҳол аз ин ҳам бадтар буда, андом аз берун ба сахт омосидан ва рим кардан пардохта бошад. Андар ин ҳангом бояд зуд ба
рим кардани он ва ба зардоб гардидани чизи ҷамъшуда ёварӣ намуд, то аз тариқи рим кардан дард таскин ёбад ва модда ба таҳлил биравад. Зеро он хоҳ нохоҳ рим мекунад ва агар онро бо кумаки дармон битезонанд, боз некфарҷомтар хоҳад буд.
Гоҳе хусусан агар гармии модарзодӣ ва фарохии сӯрохҳо ёварӣ кунанд, мумкин аст, ки доруҳои кушоянда181 онро аз ғайри рим кардан ба таҳлил бибаранд. Изофа ба ин ба доруҳое тааммул кун, ки мо андар боби афтидагӣ ва садма ёд кардаем.
Аммо андар сифати бандинаҳое, ки бар маҳалли азҳамҷудошудагиҳо бибанданд, чунин гуфтаанд: Ҳар гоҳ кӯфта шудан ва ё аз ҳам ҷудо шудан рӯй бидиҳад, онро бибанд ва бояд печи болои худи маҳалли [иллат] ниҳоят сахт бошад. Бандинаро ба барсӯ бештар ва ба фурӯсӯ камтар равон кун. Набояд бар вай ҷабираҳо ва рифодаҳои зиёд бибаст ва низ набояд бар вай ҷабираҳо ба муддати дароз боқӣ бимонанд, зеро эҳтиёҷ бад-он аст, ки хуни мурда ҳал карда шавад. Эҳтиёҷ бад-он аст, ки бандина ҳар чи бештар ба барсӯ равон карда шуда бошад, то ба сӯи [кӯфтхӯрдагӣ] чизе натаровад. Ҳар қадар ки ба барсӯ равон карда шавад, ҳамон қадар бояд кавоктар бошад. Бояд бандина пораи сахти тунуке бошад, ки таҳаммули кашидан кунад, доруи резанда зуд бад-он ҷой расидан битавонад ва андомро ба боло бардоштан мумкин бошад, чунонки ба ҳангоми рафтани хун ҳамин тавр нигоҳ доранд.
Ин гуна муолаҷа, яъне бастан бояд пеш аз омосидани андом ба кор бурда шавад, зеро агар андом биомосад, ғайри бастани муътадилро таҳаммул надорад, чи ҷои он ки сахт фишор дода шавад. Бинобар он андар ин ҳангом бо зимодҳо ва бо пай дар пай рехтани оби гарм дармон кунанд. Аммо илоҷи ғуддаҳои баъди аз ҳам ҷудо шуданҳо падидоянда ин аст, ки бар онҳо пораҳои сурб биниҳанд, то афзоиш ёфта бузург нагарданд. Гоҳе онҳо кафида, аз ҳам бирезанд.
Фасли чаҳорум андар баёни афтидан ва кӯфт хӯрдан аз санг, девор ва ғайра
Афтидан ва садма аз тариқи ҷудогӣ овардану кӯфтагӣ боиси дарду ранҷ бигарданд. Ба ҳангоми онҳо ба сабаби гусаста шудани пайвастагии устухонҳо, ё гусаста шудани пайвастагии андомҳои дарунӣ, пардаҳо, асабҳо ва рагҳои бузурги андар онҳо ҷойдошта ҳолати хатарнок ба миён ояд ва низ андар онҳо хатаре ҷой дорад, ки ба шиддатнокии дард вобаста бошад. Ҷисм ҳар андоза бузургтар бошад, хатарнокӣ ҳамон андоза зиёдтар хоҳад буд.
Бинобар ин кӯдаконро ба ҳангоми афтидан на он андоза дарде падид ояд, ки калонсолонро падид ояд. Ба ҳангоми афтиданҳо ва садмаҳо ва зарбаҳо низ ғуддаҳо бисёр рӯй диҳанд ва инҳоро ҳам бояд бо он тадбирҳое зуд чора намуд, ки андар ҷои худ ёд кардем.
Гоҳе аз сабаби афтидан ва кӯфт хӯрдан офатҳои бузурге аз қабили канда шудани як бахши дил ва ё меъда рӯй диҳанд, ки каси ба ин ҳол гирифтор худи ҳамон замон бимирад. Гоҳе чунин ориз бигардад, ки пешобу бироз баста шаванд ва ё бе ихтиёр берун оянд. (158) Гоҳе [81] ба сабаби канда шудани раги сар, ё ҷигар ва ё испурч қаи хунӣ ва аз бинӣ хуни зиёд оянд, шикам дам андозад, нафас душвор бигардад, овоз бигирад ва [бемор] аз гуфтор монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор