Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар кӣ ба кӯфт хӯрдан, ё афтидан ва ё ғайри он гирифтор шуда, аз гуфтор монад, сараш овезон шавад, нафасаш суст гардад, пешонияш арақ кунад ва рӯяш зард ва ё сабз шавад, ӯ зуд бимирад. Агар чунин шахс, ё каси халазада ва ё каси сахт зарбхӯрдаро худи ҳамон замон қаи хунӣ ояд ва табиат нарм бигардад, пас, ӯ ба ҳоли марг аст. Неканҷомтаринаш онест, ки агар [каси осебдида] хуни омехта бо таом қай кунад ва хусусан беруни танаш варам карда бошад.
Сипас, агар омос дарун зада, паст шавад ва баъди он қаи римӣ ояд, ин шахс ҷо ба ҷо бимирад. Ҳар кӣ бар гӯш биафтад ва аз он хуни бисёр ояд, ногузир гӯш варам карда, ӯро бикушад. Ҳар кӣ бар сар афтода, ба аксари ҳол аз гуфтор монад ва агар се рӯз бад-ин ҳол боқӣ монда, на беҳ шаваду на бад, ба рӯзи севвум ӯро ҳуқна рехта, то рӯзи ҳафтум нигоҳ кунанд ва пеш аз ин ҳеҷ ҳаракат ба амал наоранд. Агар худованди афтидагиро маҳалли афтодагӣ сурх нашавад, пас, андом асабӣ будааст.
Фасли панҷум андар илоҷ

Агар шикастагӣ, баромадагӣ ва ё рафтани хун ҷой надошта бошад, бояд зуд ба андоми кӯфтхӯрда ва ё аз афтидан сустгардида рӯй оварда, бар вай [банди] сахт нигоҳдоранда ниҳод. Агар ба кумаки бештаре эҳтиёҷ бошад ва ҳолат тақозои он кунад, бояд зуд ба раг задан ва ба кор бурдани ҳуқнаи нарми тунук бипардохт. Сипас агар маҳалли [осеб]-ро ва ё агар шикофтагӣ воқеъ шуда бошад, шикофтагиро бад-он гунае, ки ёд хоҳем кард, бастан битавонанд, зуд бад-он бипардозанд. Доруҳои андар ин ҳангом мавриди ниёз инҳост: доруҳои банданда; низ доруҳои бандандаи часпонанда; доруҳое, ки ба нармӣ ва аз тариқи ковоксозӣ моддаро, чунонки ба ҳангоми аз ҳам ҷудо шудани [мушакҳост], ҳал кунанд; ва доруҳои аз беруну дарун пайвасткунандаи часпонанда.
Беҳтарин ғизо барои чунин [беморон] мош ва нахӯд аст.
Аз миёни доруҳое, ки бояд ба каси гирифтори азҳамҷудошудагии [мушакҳо], ё садма ва ё афтидагӣ бидиҳанд, аз ҳама беҳтару пештар мумиёи холисе аст, ки онро бо равғани ба номи «савсани озод» маъруф ва бо шароб бидиҳанд. Гоҳе аз паси он ягон ҳуқнаеро ба кор бибаранд ва ба [бемор] рованди чиниро бо як мисқол рӯян андар шароб карда бидиҳанд. Гили махтум ва аз паси он ба кор бурдани гили олонӣ, гили арманӣ, тутум ва анзарут бо часпонандагии хеш сахт судманданд. Замч часпонанда, судманд ва банданда буда, яке аз доруҳоест, ки судаш рӯ ба афзоиш аст. Зирнихро агар ба бемор биошомонанд, аз барои ҳамаи корҳои мавриди эҳтиёҷ аз қабили часпондан, ҳал сохтани хун, гирифтани пеши омос, бастани хун ва роҳ надодан ба офат таъсири аҷибе дорад.
Фишурдаи қантуриюни бузург, рованд, қуст ва муқл ба шакли ошомиданӣ бо сикангубин ҳамагӣ хубанд. Яке аз чизҳое, ки аз барои нармсозӣ ва кушодани табиат ба [бемор] бидиҳанд, хиёршанбар ва равғани бодом бувад.
Як қурси хуб: ҳашт [дирам] рованди чинӣ, чаҳор [дирамӣ] лок ва рӯян ва се [дирам] гили махтумро гирифта,

қурс созанд ва бо оби нахӯд ба [бемор] бидиҳанд.
Яке аз доруҳое, ки бар маҳалли [кӯфтхӯрда] биниҳанд, наи наҳовандӣ бо мурр ва мастакост. Агар муғосро зимод кунанд ва ё биошоманд, аз барои шикастагӣ, баромадагӣ, лағжидагӣ, аз ҳам ҷудо шудани [мушак], кӯфт хӯрдан, афтидан ва ба ҳам задан хосияти хуб дошта, беҳ кунад, [ҷароҳатро] зуд бичаспонад ва дардро таскин бидиҳад. Агар ба иллати шикастагӣ душбиз ба амал ояд, онро сахту қавӣ хоҳад кард.
Аз ҷумлаи доруҳои банданда инҳост: ақоқиё, ки таъсири аҷиб дошта, ҳатто барои шикастабандӣ ҳам хуб аст; сабр; гили арманӣ; гили олонӣ; гили махтум; мош; тутум; гач ва оҳаке, ки ҳар ду кушта бошанд; ва гуринҷи суда. Аз доруҳои часпонанда анзарут ба шумор биравад.
Яке аз доруҳои барои гармибандӣ хуб барги сарвест, ки онро бо об ҷӯшонида, бифишоранд ва бо [равғани] савсани сафед биомезанд ва барги шӯргаз низ ҳамчунин аст.
Агар андар онҳо замч ҳамроҳ кунанд, ҳамчунин [хуб хоҳад буд].
Сифати як доруи мураккаб: аз муғос се бахш, аз хитмии сафед ва анзарут як бахшӣ ва андаке заъфарон бигиранд. Ин зимоди хуб буда, таъсираш то ба андарун биравад.
Агар задан боиси дарди сахт нашуда бошад, агар ба иллати покии тан бими зуд ба омоси бузург гирифтор омадани маҳалли [кӯфтхӯрда] ҷой надошта бошад, бими реш шудан набошад ва на низ андоми дарунтиҳие андар он ҷой воқеъ шуда бошад, андар ин ҳолат бояд зуд ба нарм сохтан (159) бо равғани зайтуни гарм ва монанди он бипардозанд. Мисоли ин гуна [бемор] касест, ки бар пушт, даст ва рон кӯфт хӯрда бошад ва чунин тадбир дарди ӯро таскин бидиҳад.
Фасли шашум садма ва зарбае, ки бар шикам расида бошад

Мо аз ин бобат андар Китоби севвум ба қадри кофӣ ёд кардем ва бояд бад-он амал намуд. Ба [бемор] аз ҳар гуна чизҳои нармиоварандаю сардсозандае аз қабили печак, сармаҷ ва панирак ва низ аз чизҳои часпакиоварандае аз қабили забони барра ғизо бидиҳанд. Инчунин, андар оғоз ба бемор аз фишурдаҳои сардиоварандаи омехта бо чизҳои нармсозанда, масалан, афшӯраи ангури сагак, ё забони барра ва ё косниро бо хиёршанбар бидиҳанд, то биошомад. Яке аз тадбирҳои андар ин бобат санҷидашуда низ чунин аст: тухми аспғулро бикӯбанд ва аз он як бахш, аз лок ва каҳрабо ним бахшию чаҳорякӣ ва аз заъфарон ҳафтяк бахш бигиранд. Як ошомиданӣ аз он ду дирам ва бо оби гарм бувад.
Ё ба [бемор] қурсеро бидиҳанд, ки ба сифати зерин аст: даҳ бахш қаҳрабо, панҷ бахш гул, як уқия ақоқиёи шуста, шаш бахш сунбули ҳиндӣ, даҳ бахш шоҳафсар, чаҳор бахш мастако, чаҳор бахш пӯсти кундур, ҳафт бахш гили арманӣ, шаш бахш заъфарон ва ҳашт бахш гавзи сарвро гирифта, бо оби забони барра қурс бисозанд. Ин хусусан ҳангоме созгор аст, ки иллат аз марҳалаи якум гузашта бошад.
Зимодеро ба кор баранд, ки аз ҷинси зерин аст: себи шомиро гирифта, бо матбухи райҳонӣ то пухтан биҷӯшо нанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ