Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас онро нарм кӯфта, аз он сад дирам, аз лозан бист дирам, аз гул шонздаҳ дирам ва аз сунбул, мастако ва ақоқиёи шуста чаҳордаҳ бахшӣ бигиранд ва бо оби сарве маъҷун созанд, ки ҳамроҳи забони барра фишурда бошанд, вале ба наздики ман оби кашниз дӯстдоштатар аст ва низ равост, ки бо онҳо равғани савсан биомезанд.
Сипас ин [маъҷунро] зимод кунанд.
Фасли ҳафтум андар баёни ҳолати касе, ки ӯро бо тозиёна ва монанди он зада бошанд ва чигунагии дармони ӯ

Бояд таоми каси бо тозиёна задаро аз нахӯди муқашшари кӯфта ва аз лӯбиёи сурхи муқашшар бисозанд ва ба ҷои об ба ӯ обе бидиҳанд, ки андар он нахӯд тар карда бошанд. Низ, ба ӯ доруҳои касони садма хӯрда ва афтида ва хусусан гили арманӣ бидиҳанд. Ё аз маҷмӯъи рованд ва занҷабил якуним дирам гирифта, бо оби гарм ба ӯ биошомонанд. Аммо беҳтарин чизе, ки бар вай биниҳанд, ин аст, ки пӯсти нав пӯсткарда ва ҳанӯз гарми тарбудаи гӯсфандро гирифта, бар маҳалли [захм] бичаспонанд ва бад-ин ҳол гузошта, онро нагиранд. Бошад, ки ин андар рӯзи дуввум ӯро беҳ кунад, омосро ҳал созад ва гандидан нагузорад. Ин хусусан ҳангоме [хуб аст], ки агар бар зери пӯст андаке намаки сахт суда пошида бошанд. Бархе аз чизҳое, ки бар вай бипошанд, иборат аз сафоли кӯфта, хоки оташдон182 ва монанди инҳост.
Низ, аз мурдосанг ва сафеда бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо, равғани гул ва мум зимоди мумравғанӣ бисозанд.
Инчунин, аз касиро ва заъфарон баробар гирифта, тило бисозанд. Агар аз он ягон нишонае боқӣ бимонад, зирних ва санги мурч онро бибаранд. Андар ин [боб] аз мурдани хун [ва илоҷи он] низ ёд кардаанд, ки мо онро андар Китоби оростагӣ ёд кардаем.
Фасли ҳаштум андар баёни лағжидагӣ

Беҳтарин илоҷи лағжидагии пайвандгоҳҳо равғани дунба ва хурмост, ки онҳоро чун бар [пайвандгоҳ] ниҳода, ба ҳоли худ бигузоранд, агар лағжиш ба амал омада бошад, беҳ кунанд. Мо андар боби шикастагии устухонҳо доруҳоеро ёд кардаем, ки ҳамаи онҳо аз барои лағжидагӣ созгоранд ва онҳоро аз он ҷой бояд пайдо намуд. Агар лағжидагӣ пас аз худ дард ба ҷой монад, онро бибанд, вагарна парво накун.
Фасли нуҳум андар баёни рафтани пӯст ва аз ҷумла пӯстравии аз мӯза падидомада

Саҳҷ пӯстравиест, ки андар сатҳи пӯст аз сабаби сахт совидан ориз бигардад. Вай гоҳе бо омос ва гоҳе бе омос бувад.
Низ бошад, ки ҳамаи пӯст аз ҳам рафта, гусаста шавад ва ё фурӯ овехта, эҳтиёҷ ба часпонидан пайдо кунад.
Андар ин ҳангом онро бо тадбири часпонидане дармон кунанд, ки андар боби ҷароҳатҳо гуфта омад. Бояд ҳар қадар ки мумкин бошад, пӯстро накашанд, балки (160) онро як чанд бор ҳам бошад, бар рӯи [андом] бигустуранд

ва андар охири кор бичаспад. Агар начаспад, онро бо марҳамҳои аз барои ин ғараз сохташуда бичаспонанд. Ба ҳангоми [ҷароҳати] аз пӯст орӣ беҳтар он аст, ки бар [андом] дору барниҳанд ва агар битавонанд, нобаста бидоранд, зеро бо дору ва ба ёварии ҳаво хушконидани он аз ҳама созгортар аст.
Оид ба пӯстравии сабук инро бояд гӯфт, ки яке аз доруҳои аз барои пӯстравии сода ва хусусан пӯстрафтагии аз мӯза баамаломада хуб доруи зерин аст: агар шуш ва хусусан шуши барраро гирифта, бар вай бичаспонанд, онро беҳ кунад. Агар наомосида бошад, пӯсти куҳани сӯхта ва ё равғани гул ва зирнихи сурх онро суд бибахшанд.
Кадуи сӯхта таъсири ниҳоят аҷиб дошта, аз барои пӯстравӣ ва хусусан пӯстравии аз мӯза баамаломада доруи боварибахш бувад. Аз ҷумлаи доруҳои [82] [пӯстрафтагиро] пӯшонанда, часпонанда ва фароҳам оваранда ҳамаи он чизҳое ба шумор бираванд, ки дорои қабзкунандагии сабуканд.183 Мисоли инҳо ақоқиё, мозу ва хусусан сӯхтаи он бувад. Агар пӯстрафтагиҳои сабук ва мӯзагиро ҳамин гуна дармон кунанд, кифоя бошад. Гоҳе марҳами сафед низ кофист.
Яке аз доруҳои аз ин ҳам қавитар чунин аст: сафеда, уша ва аз равғанҳо равғани гул ва ё равғани мӯрд ва ё равғани беданҷир ва равғани савсанро гирифта, ушаро бо об ва ё шароб ҳал кунанд ва аз [ҳамаи] онҳо марҳам омода созанд. Бошад, ки онро як худи мурдосанг бо шароб кифоят кунад. Тутум пӯстрафтагии сабук ва мӯзагиро бихушконад ва омосидан нагузорад. Бархе аз доруҳои рехтанӣ хусусан аз барои кафидагиҳое, ки аз пӯст бозшудан падид оянд, оби наск, ҷӯшонидаи кашк ва наск ва оби дарё ба шумор бираванд ва онҳоро нимгарм ба кор бибаранд. Зимодашро аз дурди хушки [шароб] бигиранд.
Аммо агар пӯст ҳамааш рафта бошад, эҳтиёҷ бад-он аст, ки бо ёрии доруҳои хушкиоварандаю пӯшонандаи қавӣ онро омосидан нагузоранд ва ҳол андар ин ҳангом мушкилтар хоҳад буд.
Фасли даҳум андар баёни халидан, шикофтан ва берун овардани хор, тир ва устухонҳое, ки банд гардидаанд

«Халидан» ва «шикофтан» аз он ҷиҳат ба ҳам наздикӣ доранд, ки ҳар кадом аз онҳо иборат аз даромадани ягон ҷисми тези сахт андар тан мебошад, вале онҳо аз ҷиҳати ҳаҷми дароянда аз ҳам фарқ кунанд. Чунин ба назар бирасад, ки «вахаз» (халидан) ба ягон чизи борики хурд ва «хазақ» (шикофтан), бо зои нуқтадор, ба ягон чизи ҳаҷмдори бузург алоқамандӣ доранд. Ё мумкин аст «вахаз»
(халидан) баробари ифодаи хурдии чизи дароянда [низ чунин маъно дошта бошад], ки даромадагии он чандон зиёд нест ва мумкин аст аз пӯст нагузашта бошад. Ин гуна [захм] камзиён буда, агар ба он нарасанд ва ба ҳоли хешаш бигузоранд, ҳатто андар каси бадгӯшт ҳам бошад, худ ба худ дуруст шавад, вале агар гӯшт сахт бад бувад, бошад ки маҳалли чунин захм биомосад ва хусусан агар ин халидан ва дархастагӣ шадидтар буда, то ба гӯшт расида бошад, дарди дилзананда падид ояд. Илоҷи ин гуна [захм] аксар вақт он бошад, ки омосу дардро таскин би диҳанд, вале ба тадбири ҷароҳат эҳтиёҷ наафтад.

пешина
аз 1215
навбатӣ