Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба ҳангоми шикофтагӣ бошад, ба изофаи тадбири дарду омос ба тадбири ҷароҳат низ эҳтиёҷ биафтад. Андар баёни тадбири ҷароҳат ва тадбири омосҳо ба қадри кифоят сухан гуфта шуд ва он чи аз ҳоли халидан ва шикофтан, ки ногузир бояд андар ин ҷой овард, ин тадбири чӣ гуна берун овардани он чизҳои халанда ва шикофандаест, ки аз қабили хор, ё тир ва монанди инҳо буда, андар тан банд гардидаанд.
Ин баровардан ё аз тариқи афзорҳое иҷро карда шавад, ки бо онҳо он чизро дошта берун бикашанд, ё аз тариқи фишурдан ва монанди он муяссар бигардад ва ё ба ёрии хосиятҳои доруҳои кашандае ба амал оранд, ки чизҳои бо газанбӯрҳо ва дигар афзорҳо берун намеомадаро берун оранд. Ба ҳангоми берун овардан бо афзорҳои доранда, масалан, ба ҳангоми берун овардани тирҳо бо газанбӯре, ки барои сахт доштан сараш сӯҳонмонанд аст, қонун ин аст, ки бояд аз шикаста шудани чизи бо анбӯр газида шуда эҳтиёт шуд; бояд роҳи анбӯр ба сӯи чизи берун кашидашаванда васеъ бошад, то монеи хуб даст гирифтан набошад; ва агар [тир] аз ду сӯй гузашта бошад, бояд роҳи аз ҳама осонтарини берун овардани онро ҷуста, ин сӯйро, ки аз барои берун овардан авлост, ба андозаи лозимӣ фарох намуд. Ҳилаи нашикастанаш ин аст, ки онро якбора ба таври қавӣ накашанд, балки нахуст бо анбӯр бигазанд ва ҷунбонида, бибинанд, ки нишастагию часпидагӣ ва ё ҷунбонии он ба чӣ андоза аст, сипас рост бикашанд. Бисёр вақт эҳтиёҷ бад-он бошад, ки онро рӯзгоре чанд ба ҳоли хеш бигзоранд, то ҷунбон бигардад, он гоҳ берунаш оранд. Бархе аз донишмандони ин синоатро гуфтаест, ки мо онро айнан биоварем:
«Пеш аз берун кашидани тир бояд гунаҳои онро бидонист, зеро бархе аз онҳо аз чӯб ва бархе (161) аз най буда, пайконҳои онҳо аз оҳан, аз мис, аз арзизи сафед, аз шох, аз устухон, аз санг, аз най ва аз чӯб буванд. Бархе аз ин пайконҳо гирда ва бархе сегӯша ва чаҳоргӯша бошанд.
Бархе аз онҳо дорои ду ё се забончаанд. Бархе аз тирҳо бо пайкон ва бархе бе пайкон буванд. Оне, ки дорои пайкон аст, мумкин аст сари онро ба пас гардонида бошанд, то ба ҳангоми берун кашидан ба ҷисм даровезад, вале андар бархе дигар пайкон ба пеш моил аст, ки то он [хубтар] бидарояд. Пайконҳои бархе аз тирҳо бо ёрии чизе шабеҳи печ (пружина) ҳаракат кунанд ва ҳар гоҳ онҳоро берун бикашанд, печ ёзида, тирро берун омадан нагузорад. Пайкони бархе аз тирҳо бузург буда, нӯги он ба се ангушт бирасад ва бархе дигар ба андозаи як ангушт буда, ин гуна [пайконҳоро] «думчадор» гӯянд. Бархе аз пайконҳо содаанд ва бар бархе аз [пайконҳо] оҳанҳои борике афзудаанд, ки чун тирро берун бикашанд, он оҳанпораҳо андар умқи ҷисм боқӣ бимонанд. Бархе аз тирҳо чунонанд, ки пайкон андар онҳо даромадааст ва бархеро пайкон дорои найчаҳо буда, тирҳо андар он найчаҳо бидароянд. Бархе пайконҳоро сахт устувор кунанд, вале бархеро суст устувор созанд, то ки ба ҳангоми пас кашидан тир аз пайкон ҷудо бигардад ва пайкон андар тан боқӣ бимонад. Бархе аз онҳо заҳролуд ва бархе бе заҳр бувад.
Тирро бо ду роҳ берун оранд: яке кашидан ва дигар пеш рондан. Яъне агар тир андар зоҳири ҷисм даромада бошад,

онро аз тариқи кашидан берун оранд. Низ тариқи кашиданро ҳангоме ба кор бибаранд, ки тир андар умқи тан нишаста бошад, вале маҳаллҳои паси тир бимнок буда, агар онҳо маҷрӯҳ шаванд, аз он хунравии ҳалокатовар ва ё ранҷи сахте ба амал хоҳад омад.
Тирро ҳангоме аз тариқи пеш рондан берун оранд, ки агар андар гӯшт нишаста бошад ва ҷисмҳои пешгоҳи он кам бошанд ва андар он ҷой ягон чизе на аз асаб, на устухон ва на ягон чизи дигаре аз ҳамин қабил монеи чок кардан набошад. Агар чизи маҷрӯҳшуда устухон бошад, андар ин ҳангом мо тарзи кашиданро ба кор бибарем. Агар тир намудор бошад, бикашем, вале агар пинҳон бошад, ба гуфтаи Буқрот, бояд каси маҷрӯҳ ба қадри имкон худро ба шакле бидорад, ки ҳангоми маҷрӯҳ шудан ба ҳамин шакл истода буд, то аз ин роҳ тирро муайян кунанд. Вале агар [маҷрӯҳ] бад-ин гуна [шакл] истодан натавонад, бояд ба ҳар шакле, ки битавонад, бихобад ва ба ҷустану фишурдан бипардозанд. Агар тир ва хусусан тири ғайри най андар гӯшт нишаста бошад, мо онро бо даст ва агар чӯбаш наафтода бошад, аз чӯб гирифта берун кашем, вале агар чӯбаш афтода бошад, пайконро бо газанбӯр, ё бо мӯчинак ва ё бо афзоре берун орем, ки бо он тирро берун оранд. Андар баъзе ҳолатҳо агар пайконро аз чоки аввалӣ баровардан нашавад, бояд гӯштро бештар бидарронд. Агар тир ба сӯи андоми маҷрӯҳи андар пешгоҳаш буда биравад ва онро аз сӯе, ки даромадааст, баровардан натавонанд, бояд маҳалҳои аз пеши он бударо чок карда, ё бо кашидан ва ё бо рондан аз он сӯй берунаш оранд. Яъне агар чӯби пайкон ба ҷой бошад, чунин кунанд, вале агар афтида бошад, чизи дигареро дароварда, бо он пайконро ба берун биронанд. Бояд аз ин рондани мо ягон асаб ва ё шараёне гусаста нагардад. Агар пайкон думчадор бошад, мо инро аз тариқи ҷустан маълум созем ва бояд он думчаро андар найчаи афзори тирронанда бидарорем ва сипас бо он [пайконро] берун ронем. Чун пайкон берун омад ва бибинем, ки он дорои маҳаллҳои мағокшудае буда, ин маҳаллҳо эҳтимол оҳанпораҳои дигари борике андар хеш доранд, низ бояд тафтишро ба кор бурд. Агар чизе аз ин гуна оҳанпораҳоро пайдо кунем, бо ҳамин гуна ҳила онро берун хоҳем овард.
Агар пайкон дорои шохаҳои гуногун буда, берун омадан нахоҳад ва агар ба наздики он ҷойгоҳ ягон андоми бимноке ҷой надошта бошад, ба мо лозим аст чокро фарохтар созем, то пайкон кушода шавад ва мо онро ба нармӣ берун орем. Бархеҳо ин шохаҳоро андар найча бигиранд, то онҳо гӯштро маҷрӯҳ насозанд.
Сипас, агар ҷароҳат ором буда, ягон омоси гарме надошта бошад, нахуст дӯхтан ва сипас дармонеро ба кор бибарем, ки рӯёнандаи гӯшт бувад, вале агар ҷароҳатро омоси гарм рӯй дода бошад, бояд онро бо доруҳои рехтанӣ ва зимодҳо муолаҷа намуд.
Ба ҳангоми тирҳои заҳролуд агар (162) имкон бошад, гӯштеро, ки тир бад-он расидааст, гирд бибурем. Ин гуна гӯштро аз тариқи дигаргунӣ ва фарқи он аз гӯшти дуруст бишносанд, зеро гӯшти заҳролуд бадранги тира ва чун гӯшти мурда бувад. Агар тир андар устухон нишаста бошад, бо афзор берунаш орем, вале агар ягон чизе аз қабили гӯшт халал бирасонад, бояд онро гирд бури да, бигирем ва ё чок кунем.

пешина
аз 1215
навбатӣ