Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар тир андар устухон сахт фурӯ рафта бошад, ки мо инро аз тариқи устувории тир ва ба ҳангоми ҷунбонидан кам ҷунбидани он бидонем, андар ин ҳол бояд мо нахуст бо устухонбур устухонеро бибурем, ки бар фарози тир аст [83] ва ё агар устухон сахт бошад, гирди тирро бо парма шикоф созем ва сипас аз ин роҳ тирро бираҳонем.
Агар тир андар яке аз андомҳои сарвар, масалан, андар мағз, ё дил, ё шуш, ё шикам, ё рӯда, ё ҷигар, ё заҳдон ва ё обгоҳ нишаста ва нишонаҳои марг зоҳир шуда бошанд, бояд аз кашидани тир худдорӣ кунем, зеро аз ин нороҳатии зиёде падид ояд ва низ ба изофаи суди каме, ки аз мо ба бемор бирасад, мавзӯи накӯҳиши ҷоҳилон қарор хоҳем гирифт. Агар нишонаҳои бад зоҳир нашуда бошанд, мо нахуст аз чӣ гуна оқибатҳои бимнок падид омадан хабар диҳем ва пешакӣ аз ҳалокате огоҳ созем, ки аксар вақт ба сабаби ин гуна [захм] рӯй диҳад. Сипас ба муолаҷа бипардозем, зеро аз миёни одамони ба чунин осеб гирифторомада бисёр одамоне ёфт шаванд, ки аз ғайри чашмдошт ба таври ҳайратангез ҷон ба саломат бурданд. Бисёр бошад, ки як бахши ҷигар, ё порае аз сифоқи рӯи шикам ва ё тамоми чодарпиҳ ва ё заҳдон берун шавад ва аз ин марг ба амал наояд. Ба ҳар ҳол агар мо ин тирро андар ин андомҳои сарвар ба ҳоли худ бигузорем ҳам, хоҳ-нохоҳ марг рӯй дода, моро аз ин ба камшафқатӣ нисбат хоҳанд дод, вале агар онро берун бикашем, бошад, ки бемор саломат бимонад».
Фасли ёздаҳум доруҳои [тир] берункашанда

Бар маҳалли тир фурӯрафта бояд уша биниҳод, зеро он кашандаи қавист. Ё бехи найро гирифта, бикӯбанд ва бо он зимод кунанд ва гоҳе онро бо ангубин ва нон маъҷун созанд. Низ, барги хашхоши сиёҳ ва барги дарахти анҷирро бо пист, ё тухми бангро хусусан бо қалқадис, инчунин самари бангро алоҳида, ё хайриро бо ҳамаи намудҳояш ва зарованду пиёзи наргисро [ба кор бибаранд].
Аз миёни [доруҳои] ҳайвонӣ чизҳои зиёде [судманданд].
Аз ҷумла ғуки пӯсткарда аз барои тири андар устухон нишаста таъсири аҷибе дорад ва бинобар ин бо он дандон бикананд. Саратони суда, ирбиён ва ҳамаи намудҳои панирмояи ҳайвонӣ низ ҳамчунин аст. Гуфтаанд, ки агар чалпосаро бар [захм] пахш кунанд, сахт ҷазбкунанда бувад. Яке аз доруҳои мураккаб сари чалпоса бо зарованди дароз, бехи най ва пиёзи наргис мебошад. Аммо доруҳои махсусеро, ки устухонҳои табаҳшударо аз зери решҳои фароҳамомада берун бикашанд, мо андар боби устухонҳо ёд хоҳем кард .
Фасли дувоздаҳум қонуни дармони оташсӯхта

Ғараз аз дармони оташсӯхта ду чиз аст: яке ба обила кардан роҳ надодан ва дигарӣ ба ислоҳ овардани он маҳалле, ки сӯхтааст. Барои пеши обилашавиро гирифтан ба
доруҳое эҳтиёҷ биафтад, ки бидуни сӯзиш сардӣ биоваранд, вале аз ҷиҳати муолаҷаи сӯхтагӣ ба доруҳое эҳтиёҷ бошад, ки ба изофаи на чандон бисёр ва аз ғайри сӯзиш хушкӣ овардан дорои як миқдор хусусияти зудоян

дагӣ буда, ба изофаи ин бояд аз ҷиҳати гармию сардӣ низ муътадил бошанд. Агар якбора ба ҳар ду тадбир эҳтиёҷ биафтад, нахуст бо доруи сардифизоянда тадбир кунанд ва сипас агар ба дуввумӣ эҳтиёҷ бошад, онро ба кор бибаранд. Аммо агар сӯхтаро ба ҳоле дарёбанд, ки обила карда бошад, андар ин сурат тадбири дуввум воҷиб ояд. Мисоли доруҳои ин [тадбир] қимулиё, гилҳои сабукҳаҷм, наски ҷӯшонида, мидоди ҳиндӣ ва монанди инҳост, вале доруҳое аз қабили кундур, сақиз ва чизҳои равғаннок аз барои ин ғараз созгор нестанд, зеро бархе аз инҳо беш аз андозаи лозимӣ гарм буда, аз қувваи сӯзишоварӣ холӣ нестанд ва бархе дигар беш аз он ки боистӣ, таранд.
Фасли сездаҳум доруҳои хосси сӯхтагӣ, ки ба ҳасби ғарази нахустин буванд

Сандал, фуфил, ғишти сафеди нав ва ё сафолро гирифта, бо оби ангури сагак ва оби гул тило кунанд. Ё аз зардии хояи мурғ ва равғани гул марҳам созанд. Низ, коснӣ, орди ҷав ба шакли шуста, равғани гул ва зардии хояи мурғ, ё наски пухта бо равғани гул, (163) ё гили арманӣ ва сирко ва ё равғани гул ва мум ба қадри лозимӣ [хубанд].
Сипас андар инҳо миқдоре аз оҳаки пурра шустаро бо сафеда, афюн, сафедии хояи мурғ ва андаке шир биафзоянд. Инчунин барги паниракро гирифта, бо оби хуш як бор биҷӯшонанд ва сипас онро совида, аз чизҳои риштамонанди андар ӯ буда пок кунанд. Баъд, аз мурдосанги парварда ва сафедаи арзизи сафед ду ним бахшӣ, аз равғани гул чаҳор бахш ва аз оби ангури сагак ва оби кашниз як бахшӣ гирифта, андар вай ҳамроҳ кунанд.
Фасли чаҳордаҳум доруҳои хосси сӯхтагӣ, ки ба ҳасби ғарази дуввум буванд

Беҳтарин чиз аз барои ин ғараз марҳами оҳак аст: оҳакро гирифта, ҳафт бор бишӯянд, то тезии он тамоман биравад ва сипас бо равғани гул, равғани зайтун ва агар эҳтиёҷ биафтад, бо каме аз мум бишкананд. Гоҳе бар вай гили қимулиё, сафедии хояи мурғ ва каме сиркои хамрӣ биафзоянд.
Як марҳами оҳак, ки ба сифати дигар бувад: оҳакро чуноне ки донистӣ, бишӯянд ва аз он бо оби барги чугундар, барги каранб, равғани гул ва мум марҳам омода созанд. Яке аз тадбирҳое, ки андар ин ҳангом ва андар адами бими падид омадани табишҳову обилаҳо созгор аст, ин аст, ки бар [маҳалли сӯхтагӣ] барги сӯхтаи гази ҳиндӣ ва харнуби сӯхта бипошанд.
Як марҳаме, ки аз барои сӯхтагии камҳарорат созгор буда, нусхаи дароз дорад ва ҳангоми санҷиш хубаш дарёфтаанд: аз саргини хушки гови чароӣ, пӯсти дарахти санавбар ва мушктаромашир даҳ дирамӣ, аз мурдосанг се [дирам], аз рими сим ду [дирам], аз рими арзиз чаҳор [дирам], аз оҳаки якчанд бор бо оби сард шуста панҷ [дирам], аз гили қимулиё панҷ [дирам], аз гили қубрусӣ, ё румӣ ва ё арманӣ ва аз сафедаи арзизӣ ҳафт [дирамӣ], аз садпайванди кӯфта даҳ [дирам], аз мидоди форсӣ ва ё чинӣ шаш [дирам], аз тӯтиёи сабз ҳафт [дирам], аз саргини гӯспанди нар даҳ [дирам], аз донаи печак ва барги он понздаҳ [дирамӣ], аз рими оҳан, фишурдаи барги хитмӣ ва фишурдаи барги панирак даҳ [дирамӣ], аз савсани озод, пиёзи он, савсани осмонгунӣ ва заъфарон панҷ [дирамӣ], аз кофур чаҳор [дирам] ва аз мум, равғани гул, мағзи устухони гавазн ва пиҳи он ба миқдори кифоят бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ