Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз доруҳое, ки ниҳоят қавӣ буда, барои [сӯхтагии] ҳарораташ камтар созгор аст, [доруи зерин] бувад:
сӯҳонрезаи мис ва оҳанро гирифта, бо гили холис ва ё бо гили сурх биомезанд. Сипас андар танӯр ва ё гулхан сӯхта, қурсҳо бисозанд ва нигоҳ доранд. Ба ҳангоми ҳоҷат ба хушксозӣ онро ба тариқи хокаи пошиданӣ ба кор баранд ва ё бо равғани гул тило созанд. Низ, [доруи дигаре] аз ҳамин қабил: саргини кабӯтарро андар пораи катон бисӯзанд, то хокистар бигардад ва чун онро бо равғани гул тило кунанд, таъсири аҷибе бахшад.
Аз барои ҷойҳои решшуда ганданои пухта ва ё хурфа бо пист ва барги судаи мӯрд ба шакли доруи пошиданӣ суд доранд. Агар реш ба таъсири инҳо дарнаояд, пас барги сӯхтаи гази ҳиндӣ ва ё барги сӯхтаи харнуби набатиро ба кор бибаранд. Агар ба инҳо ҳам гардан наниҳад, доруҳои фароҳамоварандаи решҳои палидро бояд ба кор бибарӣ.
Фасли понздаҳум сӯхтагӣ аз оби ҷӯшон

Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки деги ҷӯшон ва ё оби ҷӯшон бар ягон андоми одам бирезад ва чун оташ кора кунад. Андар ин ҳолат зуд шитофта, пеш аз обила кардан он андомро, масалан, бо сандал, оби гул ва кофур тило кунанд ва онро хушкидан нагузошта, ҳар соат бо пораи андар яхоби сард ғӯтонида тар кунанд. Ин тадбир [обсӯхтаро] обила кардан нагузорад. Гурӯҳе аз мардумон андар ин ҳангом зуд ба пошидани оби зайтун ва ё оби хокистар бипардозанд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки кадоме аз ин ду чиз набошад, якеро бо пист ва ё бо марҳами оҳак бисованд. Низ, доруи ёдшудае, ки аз саргини кабӯтар сохта шудааст, сахт аҷиб бувад. Решҳоро бо ганданои пухта, ё хушконида ва ё суда, ки аз ҳама беҳтараш ҳамин аст ва ё бо дигар чизҳое дармон кунанд, ки андар боби нахустин ёд кардем.
Фасли шонздаҳум андар баёни хунравӣ ва бастани он

Андар Китоби нахустин дониста шуд, ки хун аз рагҳо (164) ба сабабҳои зерин берун ояд: ё ба иллати нотавонии рагҳо, ё ба иллати шиддатнокии пурӣ ва ё ба иллати ягон ҳаракати сахте аз қабили ҳатто дод задану сахт ҷастан даҳони рагҳо кушода шуда бошад; ё гармии хункашандае аз берун расида бошад; ё ба сабаби ягон чизи бурандаи аз ҳам гусиланда, ё ба сабаби ягон хӯрдашавие аз дарун ва ё ба сабаби ягон ҳаракате ба ҳангоми пурӣ рагҳо кафида ва бурида гардида бошанд; ва ё ба сабаби камторупудии андар ҷирми раг ва сифоқи он афтида хун аз онҳо берун битаровад.
Агар роҳе барои рафтани хун ёфт шавад, раги аз ҳама мувофиқтар аз барои рехтани хуни андар хеш дошта ин

шараён аст, зеро ҷирми он [84] ҳаракаткунанда буда, чизи андар вай ҷойдошта боре фишурда шавад ва боре густурда бигардад ва агар баъд аз гусастани пайвастагии он ҷойгоҳаш бар вай тангӣ наоварад ва хало дарёбад, ҳоли он оқибат ба аневрисмос бикашад, ки онро «уммуддам» хонанд. Шараён ҳарчанд аз ҷумлаи чизҳои ҷароҳаташон фароҳамоянда аст, вале ба душворӣ фароҳам ояд. Бисёр бошад, ки чун шараён худ фароҳам наояд, вале чизи гирди он буда фароҳам омада, бар вай тангӣ оварад ва хун хуб сахт ҷорӣ шудан натавонад, балки аз он ба сӯи ноҳияи пӯст ба қадри ғунҷоиши он ҷо бирезад.
Бинобар он, ҳар гоҳ онро оҳиста бифишоранд, хун ба андарун биравад, чунонки гарданро чунин ҳол ба амал ояд. Бошад, ки худи раг андар зери пӯст боқӣ бимонад ва ҷаҳишу дамидагии он ҳисс карда шавад. Бисёр бошад, ки ин ҳол шараёнро аз дарун ориз гардида аз ғайри даридани пӯст ба фатқ гирифтор шавад ва андар зери пӯст аневрисмо аз хун ва бод варами нарме ба амал орад, ки онро бо фишурдан фурӯ нишондан битавон. Ин аксар вақт андар гардан, пайғула ва зери зону худ ба худ ориз бигардад ва бисёр бошад, ки аз сабаби беруна ва аз сабаби рагзанӣ рӯй диҳад.
Бисёр пизишкон чунин гумон кунанд, ки гӯё ҳар гуна фатқи шараён боиси «уммуддам» гардида, [шараён] фароҳам наояд, балки аксар вақт он чи ки фароҳам ояд, гирди он буда, ба омоси маъруф табдил ёбад, вале худи шараён бошад, фароҳамнаомада бимонад.
Лекин ҳол бад-ин гуна нест. Касони мункири фароҳамоии [шараён] аз тариқи қиёс ва таҷриба ҳуҷҷат овардаанд: аз ҷиҳати қиёс бад-ин гуна бошад, ки яке аз ду табақаи шараён [ҷисми] куркуракист ва куркурак ба ҳам начаспад ва аз ҷиҳати таҷриба бад-ин гуна аст, ки часпидани [шараёнро] касе надидааст. Ҷолинус бо қиёс ва таҷриба ба муқобили эшон баромадааст. Аммо қиёси ӯ хитобӣ буда, бад-ин сурат аст: шараён миёни чизи часпанда, яъне гӯшт ва миёни чизи ночаспанда, яъне устухон биистад ва бинобар ин бояд часпанда бошад, лекин ба душворӣ бичаспад. Аммо таҷрибааш аз мушоҳада буда, ӯ ҳикоят кунад, ки бисёре аз шараёнҳоро чун дармон кардааст, ба ҳам часпидаанд. Ин қариб ҳамон чизест, ки пеш аз ин ёд карда будем.
Акнун мегӯем, ки ҳоли рафтани хун аз андомҳои [гуногун] ба намуди гуногун аст. Аз бархеи онҳо ба ҳангоми даридан хуни фаровон ояд, ки мисоли ин ҷигар ва шуш аст ва аз бархе дигар хуни кам ояд. Ҳар як ин ду қисм [хунравиро] бахше хатарнок ва бахше бехатар бувад.
Масалан, агар хунравии шуш ва хунравии биниро бигирем, хунравии шуш хатарнок ва хунравии бинӣ бехатар аст, вале аз ҳар дуи инҳо хун ба фаровон ояд. Масалан, ҳангоми хунравии обгаҳ, заҳдон ва гурда ба якборагӣ хуни зиёде наояд, вале бошад, ки муддати дароз хуни зиёд рафта, ба оқибати носутуда бурда бирасонад.
Ҳоли рехтани хун аз шараёнҳо [низ] ба ҳар гуна аст:
ҳоли [хунравии] бархе аз онҳо, масалан, шараёнҳои бузурги дасту пой, сахт душвору хатарнок аст, зеро хунравии ин гуна шараёнҳо андар бештари ҳолатҳо боиси марг бигардад ва баста нашавад, вале ҳоли [хунравии] бархе дигар, масалан, [хунравии] шараёни косаи сар, сабук бу да, ин гуна хунравӣ ба осонӣ биистад ва як худи бастан ӯро кифоят бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ