Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бисёр бошад, ки аз шараёнҳои хурд хун биравад ва сипас худ ба худ баста шавад.
Фарқ миёни хуни шараён ва хуни ғайри онро бад-ин гуна метавон донист, ки хуни шараён ҷаҳида берун ояд ва аз дигар хун дида бештар тунуку арғавонитар буда, ба андозаи хуни варидӣ сиёҳу гирифта нест.
Бидон, ки ҳар киро истифроғи хусусан хунӣ ва алалхусус шараёнӣ биафтад ва он ба ифрот расида, боиси падид омадани ташаннуҷ бигардад, ин бад хоҳад буд.
Ҳамчунин агар ба сабаби он ҳукак ояд, марговар аст ва агар баробари ҳукак беҳушӣ низ ҷой дошта бошад, пас, марг наздик расидааст. Ҳазён гуфтану шӯридагии ақл баданд ва агар ташаннуҷ ҷуфти онҳо бошад, ин андар бештари ҳол марговар хоҳад буд.
Фасли ҳафтдаҳум қонуни дармони хунравӣ

Ба ҳангоми муолаҷаи хунравӣ бояд нахуст аз бастани он оғоз намуда, сипас агар реш ҷой дошта бошад, онро дармон кунанд. Бастани хунравие, ки сабабаш устувор буда, аз қабили хӯрда шудан ва ё монанди он аст, ҷуз аз тариқи бартараф кардани ин сабаб туро муяссар нагардад. Агар ҳол ба бартараф кардани сабаб фурсат надиҳад, эҳтиёҷ бадон биафтад, ки хунро бо хунбандҳо, яъне бо василаҳое бибанданд, ки қатъсозандаи (165) хуни равон буванд. Ин василаҳо аз Китоби нахустин маълуманд, вале мо онҳоро ба тариқи ёдоварӣ оварда, мегӯем: василаҳо ё [хунро] ба ҷиҳате бигардонанд, ки ғайри ҷиҳати беруноӣ бошад; ё онро пеш аз расидан ба баромадгоҳ аз сӯи ин баромадгоҳ бибанданд; ё онро андар ин баромадгоҳ баромадан нагузоранд; ва ё ду ва беш аз ин корҳоро ба амал оранд.
Бахши якум, ки ба дигар сӯ гардонандаи [хун] аст, бадин гуна бошад, ки ё [хунро] аз ғайри ба амал овардани баромадгоҳи дигаре ба сӯи мухолиф бикашанд, чунончи, ҳар гоҳ бар ҷигар миҳҷамаҳо гузоранд, хуни аз бари рости бинӣ оянда баста бигардад ва ё барои он баромадгоҳи дигаре ба амал оранд, чунончи, каси хуни бинӣ шударо аз дасте, ки аз бари бинии хуноянда аст, танг раг бизананд.
Аммо василаҳое, ки [хунро] ба баромадгоҳ нарасида бибанданд, бад-ин гуна бошанд, ки ҳаракат ва нуфузи хунро боз доранд. Ин ё ба сабаби сахткунанда ва ё ба сабаби карахткунанда ба амал ояд. [Сабаби] карахткунанда бошад, ё доруст ва ё ҳолати тан, чунончи беҳушӣ ҳамин гуна буда, бисёр бошад, ки боиси баста шудани хун бигардад.
Василаи хунро андар ҷояш банданда ин бастани баромадгоҳ буда, бад-ин гуна аст, ки ё онро бо бандина бибанданд, ё бо луқма ниҳодан онро рахнабандӣ кунанд, ё рахнабандиеро ба кор баранд, ки бе луқма ниҳодан бошад; ё аз тариқи доғ ниҳодан ва ё аз тариқи доруи доғниҳанда хушкрешӣ ба амал оранд; ё алақаро баста бигардонанд; ё часпакӣ, ё хушкшавӣ ва ё сабзиш ба амал биоваранд ва ё гӯшти гирди рагро фишурда, даромадгоҳро бибанданд ва сахт бипӯшонанд.
Бояд бидонӣ, ки агар ҷароҳатро омос ҳамроҳӣ кунад, бисёр аз ин корҳо маъзур бошанд ва на бо ришта бастан, на даровардани фатилаҳо ва на сахт бастан ҳеҷ кадом мумкин нест. Он чи ки андар ин ҳангом битавон, ин ба кор

бурдани часпакиоварӣ, қабзсозӣ, карахткунӣ ва сахтсозии хун бувад.
Агар муолаҷа намудан аз тариқи бастан, ё чок кардан ва ё ниҳодани дору дардовар бошад, ин ниҳоят бад аст. Ҳар гуна истоди дардовар низ бад бувад ва бояд истод ҷомеи ду ҳолат бошад: яке бедардӣ ва дигар бардоштагии он сӯе, ки баромадгоҳи хун аст. Набояд ба нишебу овехта доштан пардохт, зеро ин баромадану рехтани хунро осон бигардонад. Агар ҳар ду ғараз монеи якдигар бошанд, ба ҳасби мушоҳада ба оне майл кунанд, ки андар ин ҳолат аз ҳама созгортару таҳаммулпазиртар бувад.
Акнун моро лозим аст ин [тариқаҳоро] як-як ёд кунем, вале нахуст бояд рагро бо ёрии нишонаҳои ёдшуда таҳқиқ намуда, муайян кард, ки оё он шараён аст ва ё варид, он гоҳ ба шараён сахт машғул шуда, ба он беш аз варид ғамхорӣ намоянд.
Баъд мо мегӯем: бархе аз кашидани [хун] ба сӯи мухолиф, на ба сӯи баромадгоҳи [дигар] бад-ин гуна аст, ки андомро аз тариқи даллокӣ, ё аз тариқи печидану бастан ва ё аз тариқи миҳҷама ниҳодан ранҷ бидиҳанд. Ин андом бояд андоми анбоз ва андар охири як хатте ҷой гирифта бошад, ки миёни ӯву андоми осебдидаро ё ба дарозо ва ё бар паҳно пайваст кунад. Аз андоми ба вазъ хоҳ ба дарозо ва хоҳ ба паҳно мухолиф аз ҳама дуртар ҷойгирифтаро ихтиёр намуда, [андоми ] наздики онро бигузоранд. Масалан, масофаи миёни ду бари сар ва ё ду бари дастҳо аз масофае, ки ба ҳангоми он эҳтимоли пурра ба дигар сӯй кашида шудани хун ҷой дорад, хеле наздиктар аст. Ин чизест, ки ба муҷиби он бояд он чизеро ба хотир овард, ки андар Китоби нахустин андар боби қонунҳои истифроғ баён намудем.
Бастан, даллокӣ кардан ва монанди онро бояд аз он ҷое оғоз намуд, ки ба андоми хунфишон аз ҳама наздиктар аст ва сипас ба фурӯсӯи он бирафт. Ба ҳангоми фатқҳои шараёнҳо ва монанди онҳо набояд чашмдори он буд, ки ин тадбир аз барои бастани хунравӣ кифоят аст, балки он [фақат] ёваридиҳанда бувад. Ҳукм ба ҳангоми задани раги бари анбози аз ҳама дур низ ҳамчунин аст.
Мисоли яке аз ду тариқаи бахши дуввум, яъне сабаби сахткунандаи [хун] чунин аст, ки каси аз бинӣ ва ё ғайри он бисёр хунояндаро ғизоҳои ситабркимуси хунсахткунандае чун наск, унноб ва монанди он бидиҳанд. Мисоли тариқаи дуввум ин аст, ки [ба бемор] доруҳои карахткунанда ва оби сард бидиҳанд, танро андар сармо бидоранд ва ё [беморро] хоб оваранд. Бошад, ки аз ҳуш рафтан суд бахшида, хунравиро бибандад.
Ба ҳангоми тариқаҳои ёдшудаи бахши дигар бояд як чиз риоя шавад, яъне гоҳе мумкин аст шараён на аз бар бо дил пайваста бошад, то аз тариқи фишурдани танҳо он туро хотирҷамъӣ ҳосил гардад, балки мумкин аст шохае аз шараёни дигар ба бари дигари [дил] пайваста, андар он густариш ёфта бошад ва аз (166) ғайри роҳи бастаи ту ба сӯи он хун бирасонад. Андар ин ҳол ба ду фишурдан эҳтиёҷ бифтад. Пеш аз ин бояд ҷиҳатеро донист, ки саргаҳи раг аст.
Ин андар баъзе ҳолатҳо аз фурӯсӯст, чунонки андар гардан ҳамин гуна бувад ва андар бархе ҳолатҳо аз барсӯст, чунонки андар рон ва пой ҳамин гуна бошад. Ҳар гоҳ ҷиҳатро муайян намудӣ, бастану фишурданро аз он сӯй ба кор бибар.
Яке аз тадбирҳои андар ин ҳангом [ба кор баранда] ин аст, [85] ки нахуст бо ёрии сардук ва ё аз тариқи каме чок кардани гӯшти болои раг буда ва онро пинҳон карда, рагро берун оварда бибанданд ва сипас доруҳоеро ба кор бибаранд, ки мо ёд хоҳем кард.

пешина
аз 1215
навбатӣ