Қонуни тиб

Агар раги ҷаҳанда бошад, аз ҳама беҳтар он аст, ки ӯро бо риштаи катонӣ бибанданд. Бо раги ғайри ҷаҳанда низ чунин кунанд, вале он бузург буда, хунаш боз наистад. Ҳар гоҳ чунин кардӣ, дору бибанд ва бастаро то рӯзи севвум ва чаҳорум ба ҳоли хеш бигузор. Баъд аз он чун доруи часпандаро андар ҷои худ часпида дарёфтӣ, набояд биканӣ, балки бар гирди он ягон чизе аз ҷинси ӯ бинеҳ, то андаке нармаш бисозад. Агар чунин рӯй диҳад, ки дору ҳангоми бардоштани чизи болоии он худ ба худ аз ҷой дур шавад, бо ангушт аз фурӯтари ин маҳалл роҳи омадани рагро дошта, чандоне зер кун, ки хун аз давидан бимонад ва бахши дуршудаи дору ва андар ҷояш ҷунбонбудаи онро барканда, ба ҷои он доруи дигар бинеҳ.
Андар ин ҳангом истоди андомро бояд ба тавре бидорӣ, ки шоиста аст, яъне даҳони [захм] бартар аз саргаҳ бошад. Ҳатто, масалан, агар [захм] андар бахшҳои фурӯсӯвини рӯда ва ё заҳдон бошад, таҳгинае паҳн кунӣ, ки бахшҳои фурӯсӯвинро бардошта, бахшҳои барсӯвинро паст бисозад ва ба тарзе бошад, ки ҳар чи камтар дардовар бошад. Сипас [беморро] се рӯз бигузор бар ин ҳол биистад, то хун баста шавад.
Бо луқмаҳо рахнабандӣ кардан андар шараёни бузург мумкин буда, бад-ин гуна аст, ки аз пашми харгӯш, ё ошёни тортанак, ё пунбаи борикнах ва ё пораҳои куҳнаи катон фатила сохта, бар вай доруҳои часпонанда ва хунбанданда бипошанд ва андар даҳони худи шараён ҳамчун луқма бидароранд. Гоҳе фатиларо, масалан, аз як пашми харгӯш омода созанд ва ин кифоят бошад.
Бандинаро бояд тавре баст, ки биистад ва то сабзидани [захм] онро дур накунанд. Аммо фатиларо бошад, худи табиат чора намуда, ё андак-андак бароварда биронад ва ё ба он ягон кори дигаре кунад.
Ба ҳангоми бе луқма рахнабандӣ кардан ҳамон гуна чизро андар даҳони [раг] ниҳода, ба дарун надароранд ва аз болояш бибанданд ва ё хунро, масалан, бо рифодаҳо хусусан бо рифодаҳои исфанҷӣ ва бандинаҳои қавӣ басташаванда бибанданд. Сахт бастан андар ин ҳангом баръакси бастане аст, ки ҳангоми кашидани [хун] ба кор бибаранд. Зеро ба ҳангоми бастани намуди якум бояд [бандина] ба наздики даҳони [захм] буда, сипас баробари печида шудан аз он ҷо ба сӯи пас биравад ва шиддатнокии он тадриҷан кам шавад, вале андар ин ҷо бошад, бар хилофи он бувад.
Бидон, ки агар рифодаҳо ва бандинаҳо суст баста шаванд, аз ин гуна бастан зиён, яъне кашидани хун, ба амал ояд, на суд, ки он бастани хун ва рахнаи он бувад. Бинобар ин бояд андар ин бобат нармрафторӣ намуд.
Ҳар гоҳ [захмро] хуб бастӣ, бари мухолифро низ бибанд, то модда бад-он сӯй майл намуда, кашиши ин бастагиро муқовимате бошад. Бо бастан бояд бидуни дард ба боз доштани хун ноил шуд, вале гоҳе ба [бастани дардовар] андар оғоз эҳтиёҷ биафтад ва сипас онро андак-андак суст созанд.
Бисёр бошад, ки ба дӯхтани чоки гӯшт, ҷамъ сохтани ҳар ду лаби он ва бо бандина бастан эҳтиёҷ биафтад, вале низ бисёр бувад, ки ҷамъ сохтани ҳар ду лаби [захм] ва ниҳо
дани рифодаҳое кифоят бошад, ки ҷамъ сохтагиро нигоҳ доранд ва бароят маълум бошанд. Сипас бандинаро аз болои доруҳои пошидаи сабзонанда бибанд. Масалан, агар раги видоҷ кафида бошад, бояд оғози онро бо ангуштони як даст зер кунӣ ва сипас бо дасти дигар доруҳо ва рифодаҳоро бар даҳони [захм] биниҳӣ.
Аммо рахнабандӣ кардан аз тариқи сахт шудани хун бадин гуна аст, ки ё ягон даҳонбандеро андар даҳони [захм] бибанданд ва ин бастанро то афсурда шудани хун ва ба рахнабанд табдил ёфтани он нигоҳ доранд ва ё ягон чизи сахт сардиоварандаеро ба кор бибаранд, ки андар хун таъсир карда, онро андар даҳони [захм] афсурда созад.
Фишурдани гӯшти маҳалли [захм] бад-ин гуна аст, ки масалан, рагро бар паҳно бибуранд, ки он нахуст ба ду тараф андар хеш кашида шавад ва сипас гӯштро бар он аз сӯе бипӯшонанд, ки аз он сӯй хун ҳамеояд. Ин кор танҳо андар маҳалҳои сергӯшт имконпазир аст. Бисёр иттифоқ биафтад, ки ба буридани шохаи як сари раг эҳтиёҷ бошад, то раг бештар андарун биравад ва сипас бар вай доруҳо биниҳанд. Бисёр бошад, ки маҷро аз ғайри ба амал омадани «уммуддам» гӯшт бигирад.
Бо хушкрешӣ бастани [хун] (167) ба ҳангоми осеби бузург бо ёрии худи оташ ва ба ҳангоми андак будани он бо ёрии доруҳои сӯзонандае ба амал оварда шавад, ки мисоли онҳо оҳак, зангор, зогҳо, зирнихҳо, инчунин зира ва монанди он буда, инҳоро бар маҳалли [захм] бипошанд. Кафки дарё низ ҳамчунин аст ва бисёр бошад, ки чун онро бар маҳалли [захм] бипошанд ва бибанданд, хун баста шавад. Лекин ин тариқаро чунин хатар аст, ки хушкрешӣ худ ба худ, бо андаке аз фишори фавворазании хун ва бо камтарин сабаби дигаре зуд аз ҷой бархезад. Ҳар гоҳ хушкрешӣ биафтад, бадбахтӣ ба шакли захм бори дигар боз ояд. Бинобар ин пизишкон фармудаанд, ки ҳангоми бо оташ доғ ниҳодан, бояд бо оҳани сахт сурхкарда ба таврӣ қавӣ доғ ниҳод, то хушкрешии сахт нишастаи ситабр ба амал омада, ба осонӣ наафтад ва чандоне биистад, ки андар ин муддат гӯшт бирӯяд. Аз доғи сабук хушкрешии ночизе ба амал ояд, ки бо андак сабабе биафтад ва ба изофаи он моддаи бисёре бикашад ва гармии сахт ба амал оварад. Аммо доғи қавӣ бо хушкрешии қавӣ овардан рахнаро бибандад ва даридагиро аз байн бурда, [даҳони] онро кашида, қабз кунад.
Яке аз доруҳои доғниҳандаи хуби муътадилтадбир [доруи зерин аст]: сафедии хояи мурғро гирифта, бо оҳаки обнорасида ҷамъ созанд ва пашми харгӯш ва ё чизи дигареро бо он олуда, бар маҳали [захм] ниҳанд ва бибанданд.
Яке аз доруҳое, ки аксар вақт ба ғоят хуб аст: зира ва оҳакро гирифта, бар маҳалли [захм] бибанданд ва гоҳе бар вай қалақатор биафзоянд. Зогҳо аз ҳамин қабил буда, ба изофаи доғ ниҳодан низ қабзкунанда буванд. Оҳак бошад, доғниҳанда аст, вале чандоне қабзкунанда нест, ки қобили мулоҳаза бошад. Он хушкрешиҳое, ки аз тариқи доғ ниҳодан бо чизҳои дорои қабзкунандагӣ падид ҳамеоянд, бисёртар биистанд ва нишастатар хоҳанд буд. Шираи саргини хар ва гавҳари он яке аз он доруҳоест, ки бо изофаи бо тезии худ доғ ниҳодан низ часпакӣ биоварад Мисоли доруҳое, ки аз тариқи часпакӣ овардан хунро бибанданд, инҳост: гачи шуста; сақизи ҷӯшонида; на шоста; гарди осиёб; самғҳо; кундур; ва ротиёнаҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор