Қонуни тиб

Худи мавизи ангур низ ҳамчунин аст. Аз рӯи гуфтаи одамон ғук ва инчунин «ситораи Шомус» аз ҳамин қабил буванд.
Аммо мисоли доруҳое, ки аз тариқи хушкиоварию сабзондан хунро бибанданд, инҳост: сабр; тарошаҳои кундур; донаи нек кӯфтаи мавиз; мозуе, ки равған молида, бисӯзонанд ва чун алангааш паст шуд, хомӯшаш кунанд; пезари сӯхта; ротиёнаҷи бирён; занги оҳан; саргини сӯхта ва носӯхтаи асп ва хар; хокистари ношустаи устухон ва садаф, зеро шустаи онҳо ба гурӯҳи часпакиоварандаҳо бидарояд; исфанҷи наве, ки онро андар равғани зайтун184 ва ё шароб оғушта, сипас бисӯзонанд; ва мӯи сӯхта.
Фасли ҳаждаҳум андар сифати доруҳои мураккабе, ки аз намудҳои гуногун таркиб ёфта, аз барои боз доштани хун таъсири қавӣ доранд
Яке аз доруҳое, ки Ҷолинус онро тавсифи хуб кардааст ва касони баъдомада ба ҳангоми санҷиш бисёр судбахшаш ёфтаанд, доруи зерин аст: бист [дирам] қалқатор, шонздаҳ [дирам] кундури кӯфта, ҳашт [дирамӣ] сабр, мурч ва
сақизи хушк, чаҳор [дирам] зирних ва бист [дирам] гачи сахт судаи бехтаро бигиранд ва бар фатилаҳо пошида,
ба кор баранд ва ё агар бар маҳалли [захм] бипошанд, таъсири аҷибе бахшад. Ё анзарут, сабр, мастако ва хуни сиёвушонро гирифта, бар фатила бипошанд ва бибанданд.
Ё танҳо сабр ва кундурро бо пашми [харгӯш] ба тавре ба кор баранд, ки донистӣ. Низ, чунонки гуфтем, исфанҷи сӯхта ва ғишти пухтаро ба таври суда бо рими арзиз, тӯтиё ва сабр ба кор бибаранд. Ё кундур, сабр ва гӯгирд ва ё кундуру гӯгирдро гирифта, аз онҳо доруи хока омода созанд ва ё бо сафедии хояи мурғ ба шакли фатила ба кор бибаранд . Ё аз қалқатор бист [дирам], аз кундур ва ё кӯфтаи он ҳашт [дирам], аз ротиёнаҷ ҳашт дирам ва аз гачи сӯхта ҳашт [дирам] бигиранд. Ё аз қалқатор, миси сӯхта, қалқадис ва зоги бирён бахшҳои баробар гирифта, ба кор баранд.
Яке аз доруҳои аз барои хунравӣ ва хусусан хунравии сар хуб [доруи зерин аст]: [86] аз сабр як бахш ва ё ним бахш, яъне якумӣ барои каси хушкандом ва дуввумӣ барои каси нармандом, аз аррамайдаи кундур барои хушкандом як бахш ва аз худи кундури равғанӣ барои каси нармандом як бахш гирифта, ё бо ҳаминҳо кифоят кунанд (168) ва ё ба изофаи онҳо хуни сиёвушон ва анзарут низ бигиранд. Сипас ҳамаро бо сафедии хояи мурғ сиришта, ба ҳасби маҳалли [захм] ё бар пашми харгӯш ниҳода [бибанданд] ва ё бипошанд.
Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ РЕШҲО
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни решҳо
Решҳо аз ҷароҳатҳо, аз хуроҷҳои кафида ва аз табишҳо зода шаванд. Ҳар гоҳ гусастани пайвастагии гӯшт варам карда, рим кунад, онро «реш» номанд. Вай аз он сабаб рим кунад, ки ғизои бад-он сӯй расида ба иллати камқувватии андом табаҳ гардад, ё ба иллати ин қамқувватӣ фазлаҳои андомҳои ҳамҷавор ҳал шуда, ба сӯи он андом битарованд ва ё марҳамҳо андомро ковок намуда, ба тарӣ ва равғаннокии хеш онро сӯрох созанд.
Он чи аз қабили рим, ки тунук аст, онро «зардоб» номанд ва он чи, ки ситабр аст, «чирк»-аш хонанд. Чирк чизи сахти афсурдаи сафед ва ё моил ба сиёҳӣ буда, дурди [шаробро] монад. Зардоб аз бахши тунуки хилтҳо ва фазлаи обии онҳо ва ё аз бахши тези онҳо падид ояд ва чирк аз бахши ситабри хилтҳо зода шавад. Зардоб аксар вақт омос ба амал оварад. Зардоб ба доруи хушконанда ниёзманд асту чирк ба [доруи] зудоянда.
Решҳо мумкин аст намоён ва мумкин аст сахт нишаста бошанд. Реше, ки сахт нишастааст, берун аз ин ду ҳол нест: ё гӯшти гирди он сахт шуда бошад, ки инро «носур» (реши равон) гӯянд ва он найчаи андарун рафтаро монад, ва ё сахт нашуда бошад, ки инро «паногоҳ» ва «ғор» хонанд. Бархе аз пизишкон он решеро «паногоҳ»
гӯянд, ки ба зери пӯст гузашта, пӯст аз он ҷудо шуда бошад ва «ғор» гуфта, онеро бихоҳанд, ки ба зери гӯшт фурӯ хамида, андар он ҷой густариш ёфта бошад. Бархе
дигар гуфтаанд: «Не, реши васеъ «ғор» ва реши танги амиқ «носур» бувад, вале ин номниҳиҳо ҳоҷати баҳс надоранд. Агар бар забари реши намоён сахтӣ ҷой дошта бошад, инро «реши сафолакӣ» гӯянд.
Носури бад онест, ки бе ҳис бошад ва бадияш ба чи андоза аз ҳис дур будани он вобаста аст. Бархе аз носур рост ва бархе каҷ бувад. Он носуре, ки ба асаб расидааст, хусусан ҳангоми милро ба зераш расондан сахт дард кунад ва бошад, ки кори он андомро душвор бигардонад. Рутубати ин гуна [носур] рутубати тунуки латиф ва мисли [рутубатест], ки аз носури ба устухон расида ояд, вале агар ба зардпай расида бошад, чизи аз он тарованда қариб ҳамин гуна бувад. Лекин дарди носури устухонӣ ва зардпаӣ гоҳе бузург набошад. Рутубати он носуре, ки ба устухон расидааст, тунуктар буда, ба зардӣ бигарояд. Ба ҳангоми носури ба варид ва шараён расида аксар вақт чизе чун дурд битаровад ва гоҳ-гоҳе ҳангоми ба варид расидан, хуни бисёри покиза ва ҳангоми ба шараён расидан, хуни арғавонии фаровон ва тездиҳанда берун ояд. Аз носури ба гӯшт расида рутубати часпаки ситабри тираи хом битаровад.
Бисёр бошад, ки як носурро даҳонҳои бисёре бошанд ва ин ҳолати ӯ мушкилӣ пеш оварда ва мо онро шинохтан натавонем, ки оё як носур аст ва ё якчанд носур. Андар ин ҳол мо ба яке аз даҳонҳои он ягон рутубати рангин хоҳем рехт. Агар носур як бошад, он [рутубат] аз дигар даҳонҳо берун ояд. [Ранги носур ҳар гуна бувад: са фед, тираранг, сурх ва ғайра].185 Решҳо ба якчанд намудҳо тақсим шуда, бархеро «дарднок», бархеро «бе дард», бархеро «омоснок», бархеро «бе омос», бархеро «пок» ва бархеро «нопок» хонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор