Қонуни тиб

[Решҳои] нопок мумкин аст агарчи бад набошанд ҳам, ё тар, яъне дорои хилти бисёр ва рутубати фаровон, ё чиркнок ва ё зардобнок бошанд. Бархе аз решҳо ганданда буда, зиёнвартарини чизҳо аз барои он боди ҷанубӣ ва намнокию гармии ҳаво мебошад. Бархе аз онҳо хӯранда, бархе хазанда ва бархе дигар ковок буда, ё сард бошанд ва ё гарм.
Решҳои ковок муҷиби рехтани мӯйҳои он бахше [аз пӯст] бигарданд, ки бад-онҳо наздикӣ дорад.
Бархе аз решҳо мумкин аст тарованда буда, аз онҳо зардоби зарди гарм битаровад. Бошад, ки аз онҳо оби гарме берун ояд, ки ҳар чизи андар гирди он бударо бисӯзонад. Ин гуна реш бади ҳалокатовар бувад. Бархе аз решҳо ба сахтӣ фароҳам оянд.
Реши ганданда ғайри хӯранда бувад, ҳарчанд ки ҳар ду хазандаанд. Реши хӯранда гоҳе мумкин аст аз ғайри гандонидан ва бидуни таб овардан ба сабаби тезии худ ба ҳар чи, ки бирасад, онро бихӯрад, лекин ба ҳангоми реши хазандаи ганда таб ё аксар вақт ва ё ба таври доимӣ ҷой хоҳад дошт. Ҷолинус амсоли «оташи форсӣ» ва намлаи хазандаро решҳои хӯранда номида, реши гандандаро мураккаби реш ва бемории (169) уфунатӣ ҳисобидааст.
Ҳар як аз ин решҳоро ҳолатест. Решҳои сахти ба сабзу сиёҳ шудан оғоз карда баданд. Решҳои сард ковоки сафед буда, аз доруҳои гармиоваранда осудагӣ ёбанд, вале решҳои гарм ба сурхӣ зада, аз сардӣ осуда бигарданд.
Агар бо решҳои бад ягон ранги баде андар тан аз қабили сафеди арзизӣ ва ё зардӣ ёр бошад, ин далели фасоди мизоҷи ҷигар ва фасоди хуне бошад, ки ба сӯи реш ояд ва аз ин реш ба душворӣ фароҳам ояд. Фазлаи решҳое, ки заминаашон гарму хоришнок аст, тез бувад. Решҳое, ки буни онҳо паҳни сафед ва камхориш аст, мизоҷи сард доранд. Решҳои аз паси бемориҳо падидоянда баданд, аз баҳри он ки табиат пасмондаи табаҳшудаи фазлаҳоро ба сӯи онҳо биронад. Решҳое, ки мӯйҳои маҳалҳои ба худ наздикро бирезонанд, бад буванд.
Андар [китоби] «Нишонаҳои марги зуд фарорасанда»
чунин омадааст, ки агар ягон касро омосҳо ва решҳои нарм буда, ақлаш биравад, ӯ зуд бимирад.
Сабаби решҳои палид гоҳе ҷароҳатест, ки бо фазлаҳои палиди тан ва ё бо тадбири табаҳкунандае рост ояд ва гоҳе ҳамчун натиҷаи табишҳои баде падид оянд, ки баъд аз рӯ задан зуд ба реш шудан шитобанд.
Далели палидии реш ин аст, ки ганда бигардад, бихазад, маҳалҳои гирди худро табаҳ созад ва бо вуҷуди дурустии муолаҷа худ ба худ ба душворӣ беҳ шавад.
Беҳтарин далели некфарҷомии решоҳову хуроҷҳо рим карданест, ки ё ба сабаби доруи римоваранда ва ё аз таъсири табиат ба амал ояд, зеро феъли табиат бар маҷрои табиӣ равон аст. Рим ва хусусан рими сутудаи сафеди ҳамвори яксоне, ки аз пазиши пурра бархурдор буда, ягон бадбӯӣ надорад, зеро бе уфунат аст, танҳо аз тариқи пазиши табиӣ ва ба шарте падид ояд, ки ягон аразе аз аразҳои нохуши решҳои бад онро ҳамроҳӣ накунад. Гаҳе мумкин аст рим андаке бадбӯӣ дошта бошад, зеро он аз тариқи ҳамко
рии гармии модарзодӣ ва гармии бегона ба амал ояд. Мо оид ба рим андар ҷойҳои дигар сухан рондем.
Аз реши ташаннуҷовар, реши ганданда, реши саратонӣ, реши хирунӣ, реши хӯранда ва дигар решҳои ба ҳамин равиш буда рим падид наояд. Баръакс, агар ба ҳангоми реш риму омос зоҳир шаванд, ин нишонаи некӣ буда, баробари он бими ташаннуҷ, шӯридагии ақл ва ғайра аз байн биравад ва ҳатто агар [реш] андар ҷое аз қабили андомҳои пасгоҳӣ ва пешгоҳӣ, ки муҷиби ин [авориз] аст, ҷой дошта бошад ҳам, боке надорад. Вале агар аз ҳад гузашта, омос гоҳе падид ояд ва гоҳе нопадид гардида, аз тариқи рим кардан ва ё ба ягон роҳи дигар ҳал нашавад ва изофа ба он агар реш ҳамҷавори андомҳои асабнок бошад, чунонки решҳои пушт андар ҷавори сутунмуҳра ва ҳароммағз воқеъ шаванд ва ё решҳои бар пешгоҳи рон ва зону падидоянда низ бар мушакҳои асабноки он ҷойҳо биафтанд, андар ин ҳангом оқибати ин ба ташаннуҷ ва ошуфтаақлӣ бианҷомад. Ҳар гоҳ [реш] андар андомҳои серраг, ки бештари онҳо андар пешгоҳи «танӯри тан» ҷой гирифтаанд, биафтад ва агар андар нимаи фурӯсӯви танӯр бошад, бими ба амал омадани исҳоли хун ва гоҳе бими ба амал омадани ошуфтаақлиро низ дорад. Ё агар [ин гуна реш] андар бахши барсӯвини танӯр афтода бошад, бими ба амал омадани барсомеро дорад, ки баъдаш рим кардан ва ё хунпартоӣ ба амал ояд. Маънои рим кардани синаро аз Китоби севвум донистӣ. Андар ин ҳангом низ бими ба амал омадани шӯридагии ақл ҷой дорад.
Яке аз нишонаҳои хуби решҳо ин аст, ки андар гирди онҳо мӯйҳои рехта дубора бирӯянд. Беҳтарини танҳо аз барои пазируфтани муолаҷаи решҳо танест, ки мизоҷаш аз ҳама хубтар, рутубати фазлавиаш аз ҳама камтар ва ба изофаи ин дорои хуни хуб бошад. Тани серрутубат ва ё бисёр хушк ба ҳангоми решҳо дер муолаҷапазир аст, вале тани тармизоҷ, масалан, тани кӯдакон, бештар аз тани хушкмизоҷ, масалан, тани пирон, илоҷпазир бувад. Ин хусусан ҳангоме ҷой дорад, ки агар мизоҷи аслӣ хушки бехуни покиза ва [мизоҷи] аразӣ тари ковок бошанд, чунонки андар пирон ҳамин гуна аст. Бад-ин сабаб муолаҷаи [87] решҳои касони гирифтори истисқо мушкил аст ва занони обистанро низ ҳамчунин бувад, аз баҳри он ки ба иллати баста будани ҳайз фазлаҳои эшон банд гардидааст. Аммо беҳ нашудани решҳои пирон ҳам бад-ин сабаб ва ҳам ба хуни хуб кам доштани эшон вобаста аст. Гоҳе мумкин аст реш беҳ шуда, дубора реш шавад, зеро гӯшти он пеш аз пок шудан рӯида бошад. Ҳар гоҳ андар он фазлаи нопок банд бигардад, ба муҷиби он пайвастагии падидомада дубора табаҳ шавад. Гоҳе (170) чунин бинамояд, ки носурҳо беҳ шудаанд ва онҳоро ҳолати хушкӣ ва бастагие падид ояд, ки аз он касро ба беҳшудагии онҳо қаноатмандӣ ҳосил шавад, зеро ин ҳоли онҳо, чунонки ёд хоҳем кард, шабеҳи беҳист, вале сипас бо андак ҳаракат, такон, сурфа, кӯфт хӯрдан, бад хобидан ва ғайра дубора ба таровидан оғоз кунанд.
Решҳое, ки андар онҳо гӯшт бирӯяд, бархеро гӯшти зиёдатӣ бирӯяд ва бархеро нарӯяд. Аз ҳама сазовортар ба гӯшти зиёдатӣ баровардан он решҳоеанд, ки зуд ва пеш аз пок шудан андар онҳо гӯшт бирӯяд ва аз ҳама сазовортар ба нарӯидани чунин гӯшт он решҳоеанд, ки танҳо баъд аз пок шудан андар онҳо гӯшт бирӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор