Қонуни тиб

Ҳар гоҳ реш дер бикашад, хӯрандаву ганда бигардад ва бахши бисёре аз гавҳари он биравад ва хусусан агар қадима буда, як сол ва ё қариб як сол давом ёфта бошад ва ё сафолакдор гардида, ин сафолакҳои ӯ хеста бошанд, – яъне носурро дар назар дорам, – андар ин ҳангом ҷуз ба фароҳамоии фурӯрафтае умед нест. Реши куҳан ногузир ягон устухоне аз устухонҳои муҷовири худро берун хоҳад овард. Решҳои савдовӣ танҳо ҳангоме беҳ шаванд, ки агар ҳамаи фасоди онро то ҳадди гӯшту устухони солим гирифта андозанд.
Сабабҳое, ки чун ориз шаванд, решҳоро фасод хоҳанд кард, инҳост: заъфи андом, ки ба иллати он ҳар гуна моддаро бипазирад; бадмизоҷии андом; ва бадии бахши обии хун, ки ё ба кайфият бошад ва ё ба камият. Бадии ба кайфият аксар вақт ё ба бадии мизоҷи ҷигар вобаста буда, андар ин ҳангом ранги [тан] ба сафедии арзизӣ ва ё ба зардӣ бизанад ва ё ба бадии мизоҷи испурч вобаста буда, ранг ба сиёҳӣ ва ё кунҷитӣ бигарояд ва баробари ин ҳамаи хилтҳои тан бад буванд. Ин гуна хун ба изофаи он, ки аз он ягон чизи ба гӯшт табдилёбанда ҳосил намешавад, аз тариқи табдил ёфтан ба чирк мумкин аст зиён бирасонад. Бадии ба камият он бошад, ки [хун] ё афзун шавад ва ё чандоне бикохад, ки чизе барои рӯидани гӯшти реш лозимӣ ёфт нашавад.
Реше, ки софу пок буда, зуд ба хушкрешӣ бигарояд, ҳангоме ба гӯшт гирифтан муваффақ намегардад, ки агар тан поку камхун бошад, ё ба сафолаке вобаста аст, ки девора ва шерозаи онро ориз шуда бошад, ё ба фарохии рагҳое вобаста аст, ки ба сӯи он ҳамеоянд, ё ба фасодии устухонҳое вобаста аст, ки бад-он пайваста бошанд ва ё ба чунин фасодии ин устухонҳо вобаста аст, ки рӯ ба тирагӣ, сабзӣ ва сиёҳ шудан ниҳодаанд ва ё ба андоми бадмизоҷе вобаста аст, ки ҳамҷовари ӯ бошад.
Решҳои ба сахтӣ дармонпазире чун решҳои гирдашакл ва монанди инҳо аз барои кӯдакон қаттоланд, зеро кӯдакон на ба дарди сахти ин решҳо тоб овардан битавонанд ва на ба дармонҳои душвору мушкили онҳо.
Фасли дуввум андар шинохтани қонуни дармони решҳо
Бидон, ки ҳамаи решҳо ба истиснои онҳое, ки аз кӯфта шудан ва пора-пора шудани мушакҳо падид омадаанд, ниёзманди хушксозиянд, вале [решҳои истисношуда] нахуст ба нарму тар сохтан эҳтиёҷ доранд. Ҳарчанд решҳо андар бештари ҳолатҳо ба хушксозӣ эҳтиёҷ доранд, вале гоҳе мумкин аст ба ҳолатҳои дигаре аз қабили поксозӣ, зудоиш ва ғайра ниёзмандӣ пайдо кунанд, аз баҳри он ки решҳоро ба ғайр аз худи решшавӣ ҳолатҳои дигаре низ ориз бигарданд.
Реш ҳар андоза бузургтару нишастатар бошад, эҳтиёҷи ӯ ба хушкиоварӣ ҳамон андоза бештар бошад ва барои ҷамъ сохтани лабҳои он кӯшиши дӯхтан бештар ба харҷ дода шавад. Гоҳе ба дӯхтани он эҳтиёҷ биафтад. Аз барои чигунагии ҳоҷатмандӣ ба кӯшиши дӯхтан ва дигар корҳо он чизҳоеро ба эътибор бигир, ки андар боби ҷароҳатҳо186 ёд кардем.
Бидон, ки решҳо гоҳе ба ҳангоми муолаҷа ба истеъмоли доруҳое зарурат пайдо кунанд, ки равон, гузаро, бадрақакунанда ва сахт андарун раванда бошанд. Андар ин
ҳол аз истеъмоли марҳамҳо ва монанди онҳо чора нест ва бояд онҳо зоҳиран тару ботинан хушк бошанд. Хусусан доруҳои носуриро бояд хушкии ҷавҳарашон андар қувват ба таври хеле зиёд бар рутубати ҷирмашон ғолиб бошад. Гоҳе ба омехтани доруҳои решҳо бо ягон чизе эҳтиёҷ биафтад, ки низ ба ягон сабаби дигаре, яъне ба сабаби лағжонаку часпак гардонидан равонӣ орад. Инро низ андар ин бобат бидон.
Бидон, ки решҳо ба се ваҷҳ эҳтиёҷ ба бандинаҳо ва ба бастан доранд: якум аз барои он, ки чирк ояд ва бинобар ин бояд бастагӣ ба мунтаҳои реш қавӣ ва ба наздики даҳони он ковоктар бошад, то чирк хубтар фишурда шавад; дуввум аз барои он, ки то доруи часпонанда ва гӯштрӯёнандаро бар забари реш нигоҳ бидорад ва ин ба бастани сахт эҳтиёҷ надорад; севвум аз барои он, ки то ду лаби реш фароҳам ояд ва андар ин ҳол бояд бастагӣ ба наздики ҳар ду лаб ковок набошад, балки ба таври муносиб ҷамъсозанда бошад.
Дардоварии бандина набояд (171) ба андозае бирасад, ки боиси омосидан бигардад ва бояд он аз барои манъи омос ёварӣ кунад, зеро баробари ҷой доштани омос муолаҷаи реш туро муяссар нахоҳад шуд. Агар омосро боз доштан натавонӣ ва он зоҳир бигардад, андар ин ҳол ба омос машғул шав ва он чи гунае набошад, баробари риоя намудани худи реш онро низ дармон кун, то ҳар гоҳ аз муолаҷаи он фориғ шудӣ, он гоҳ танҳо ба мурооти реш бипардозӣ. Ҳамчунин агар маҳаллҳои гирди реш табаҳ шуда, сабзу сиёҳ гардида бошанд, онро бо теғ задан ва берун овардани хун, агарчи бо миҳҷама ниҳодан ҳам бошад, муолаҷа кун, сипас исфанҷи хушк ва баъд аз он доруҳои хушксозанда бинеҳ.
Ҳар гоҳ аз дармони реш фориғ шудӣ ва ё решро сода дарёфтӣ, пеш аз ҳама нек тааммул кун, ки оё ягон чизе аз тан ба сӯи реш метаровад ва ё ҳеҷ гуна таровандагие вуҷуд надошта, балки кайҳо қатъ шудааст. Агар ягон чиз ба сӯи он наметаровида бошад, ба дармони худи реш бархез, вале агар ба сӯи он ягон чизе метаровида бошад, аз тариқи раг задан, ё исҳол овардан ва ё қай ба манъ сохтани он чизе бипардоз, ки ба сӯи реш битаровад. Қай низ гоҳе андар ин бобат судманд аст ва Буқрот ба он шаҳодат додааст. Агар андар решҳо резаҳои устухон, ё парда ва ё чизҳои дигаре ҷой дошта бошанд, андар берун кашидани онҳо шитобкорӣ накун, валекин он кореро кун, ки андар боби устухонҳо мо ёд кардаем.
Нахустин чорае, ки бояд аз барои реш бибинӣ, ин рим кунондани он бо доруҳост. Сипас бо доруҳои поксозанда онро пок кунӣ ва баъд аз он ба рӯёнидани гӯшту фароҳам овардан бипардозӣ. Агар решро поку ҳамвор ва беумқ дарёфтӣ, онро фақат бо доруҳое фароҳам овар, ки бесӯзишанд. Вале ба ҳангоми реши чиркин аз доруи зудояндаи сӯзишовар чора нест. Нахустин бор, ки ба муолаҷа бипардозӣ, эҳтиёҷ ба доруи сӯзандатар биафтад, аз баҳри он ки ҳис онро дарнаёбад ва сипас то ҳангоми фаро расидани рӯёнидани гӯшт тадриҷан ба доруи камтар сӯзонанда бигузар. Андар ҳамаи ин ҳолатҳо ва хусусан агар гармию афрӯхтагӣ ҷой дошта бошанд, ҳар қадар битавонӣ, аз дард овардан эҳтиёт бош.
Бояд сабабҳои монеи фароҳамоиро бартараф созӣ ва инҳо ҳамон сабабҳоеанд, ки мо баршумурдем ва ёд кардем, ки онҳо решро ба сӯи бадӣ бикашанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор