Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ту онҳоро нахуст муолаҷа насозӣ, ба таври шоиста ба муолаҷаи реш пурра машғул шудан натавонӣ, балки муолаҷа туро муяссар нахоҳад шуд. Бисёр вақт чун мизоҷи андомро дуруст кунанд, ин аз барои ислоҳ шудани решҳо кифоя бошад.
Бисёр бошад, ки реш суст буда, бар вай гӯшти бад бирӯяд ва ин [гӯшт] худ ба худ ба сурхӣ ва тафсонӣ бигарояд.
Ин гуна [решро] бо доруҳое дармон кунанд, ки гӯшти гирди он бигрифтаро сард созанд. Мисоли ин [доруҳо] фишурдаи ангури сагак бо гили арманӣ ва сирко ва ё тилоҳои сандалӣ ва кофуриест, ки онҳоро бо барф сард карда бошанд. Он гоҳ ҷароҳат пайваста фароҳам омада, тангтар шудан бигирад.
Ба ҳангоми решҳои сахт дардовар нахуст бояд ба таскини дард бипардохт ва ин корро ночор бо доруҳои нармкунандаи бароят маълум, сарфи назар аз он ки зидди решанд, иҷро кунӣ, зеро агар мо дардро таскин надиҳем, барои мо имконияти муолаҷа кардан фароҳам нахоҳад омад, вале чун дардро таскин додем, аз уҳдаи муолаҷа хоҳем баромад.
Решҳои чиркнок эҳтиёҷ ба поксозӣ доранд ва инҳо решҳое бошанд, ки рутубатҳо ва чизҳои аз онҳо тарованда ба ҳар гуна ранг оянд. Гоҳе онҳоро бо ангубин ва гоҳе бо доруҳои хока ва ё марҳамҳо пок созанд. Агар онҳоро пок насозанд, доруҳо ва хусусан доруҳои хока ба таври холис то ба ҷирми онҳо рафта расидан натавонанд. Бинобар ин, бояд нахуст онҳоро пок сохт ва сипас ба рӯёндани гӯшт бипардохт. Доруи поксозанда зудояндагии бештаре дорад, вале доруи гӯштрӯёнанда, чунонки донистӣ, камтар зудоянда бувад.
Гоҳе мумкин аст гӯшти бад бирӯяд ва эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо ягон доруи тезе онро биравонанд ва аз берун доруҳои сардиоваранда тило намуда, сипас он [гӯштро] бо чизе бикананд, ки бо он хушкреширо бикананд.
Баъд аз он ба муолаҷа бипардозанд. Тариқаи носурҳоро муолаҷа кардани мо низ ҳамин гуна буда, моро лозим аст, ки нахуст сафолакҳои онро биканем ва сипас муолаҷа кунем.
Як дору метавонад ба ҳасби бархе танҳо гӯштрӯёнанда ва ба ҳасби бархе танҳое, ки сахт нарманд, хӯрандаи ниҳоят зудоянда буда, вале ба ҳасби бархе дигар на зудоянда бошаду на рӯёнанда. Бинобар ин аз барои як тан ба қавӣ сохтанӣ дору эҳтиёҷ афтида, ё вазни онро зиёд кунанд, ё равғани онро бикоҳанд [88] ва ё ба он ягон доруи дигареро биафзоянд, ки дорои хусусияти хушкиоварию зудоиш бувад, вале андар қиёс ба тани дигар то агар вазни онро коҳиш надиҳанд, ё равғанашро наафзоянд ва ё агар ба он ягон доруи қабзкунанда изофа накунанд, хӯранда хоҳад буд. Сазовортарини решҳо ба тақвияти дору онест, ки ба душворӣ фароҳам ояд. Бояд дору се рӯз бар реш биистад, сипас бигиранд, зеро агар андар ин кор шитоб кунанд, дору таъсири худро расонидан натавонад. Бояд равғанро аз решҳо дур дошт, вале агар ногузир лозим ояд, бояд равғани беданҷир, равғани мӯрд ва равғани (172) мастако [ба кор бурд].
Агар андар пеши ту ба ҷуз реш чизи дигаре набошад, бояд аз миёни андомҳои дорандаи реш ба андоми ҳас

сос ба нармӣ рафтор намуд ва аз дард ангехтани он бо доруи қавӣ эҳтиёт шуд, вале андар андоми кундҳис аз муолаҷаи лозимӣ боз наистод. Андоми дарунӣ, андоми шарифу хатарнок, андоми бисёр судманд ва андоми зуд пазирандаи офатҳо ҳама аз боби андоми ҳассос ва ҳукми он ва зиддҳои онҳо аз боби ғайри ҳассос ва ё сустҳис ба шумор бираванд. Ба ҳамин сабаб решҳои дарунӣ таҳаммули мисли зангор ва монанди он ва хусусан доруҳои ошомиданиро надоранд. Онҳо бештар ба доруҳои часпакиоварандае аз қабили касиро ва самғ эҳтиёҷ доранд ва он доруҳое, ки бо онҳо ҳуқнарезӣ кунанд, бояд миёнаҳол бошанд.
Ба ҳангоми муолаҷаи решҳо савоб он аст, ки андомҳои онҳо ором бошанд ва наҷунбанд. Андак ҳаракат кардани онҳо ба марҳалаи оғоз камзиёнтар аз он аст, ки баъд аз марҳалаи оғоз ва хусусан андар тани бадхилт сахт ҳаракат кунанд.
Ба ҳангоми решҳо бояд эҳтиёт шуд, ки аз тариқи ҳамҷаворӣ миёни ду андоми ҳамҷавор ба ҳам часпидан рӯй надиҳад. Мисоли ин часпишест, ки андар миёни пилку чашм, миёни ду пилк ва миёни ду ангушт биафтад.
«Ғорҳо» ва «паногоҳҳо» зуд ба носурҳо табдил ёбанд ва решҳои ҳамҷавори шараёнҳо ва варидҳои бузург боиси омосидани гӯшти нарми андар ҷавори худ буда, масалан, пайғулаҳо, зери бағал ва паси гӯш бигарданд. Ҳамчунин, ба ҳамин сабаб ва хусусан агар тан бад буда, бо фазлаҳо пур бошад, гар ва монанди он боиси ҳамин гуна оқибат шаванд, ки мо онҳоро ёд кардем. Андар ин ҳол дард шиддат ёфта, [омос] ба реш табдил ёбад. Бинобар он инро бояд аз тариқи пок сохтани тан ва бо он [доруҳое] муолаҷа намуд, ки андар боби он ёд шудаанд. То агар омос пок нашавад, ба муолаҷаи он умед набанд. Агар тан пок бошад, андар мисли ин ҳолат мо эҳтиёҷ бад-он дорем, ки решро бо босалиқун ва монанди он аз ранҷ додан нигоҳ дошта, андар миёни реш ва андом девор созем, то андар ҳама ҳолат ранҷро ба сӯи реш гузаштан намонад.
Бояд як андарзи ҷомееро ба гӯш бигирӣ: яъне, доруе, ки бо он решро муолаҷа кунӣ, ба зарурат ё созгор аст ва ё ғайри созгор. Доруи созгор агар фавран суд набахшад ҳам, вале зиёновар нест. Доруи носозгор ё аз он сабаб носозгор аст, ки камқувват аст ва ба ин фузунии хусусияти зидди он хусусияте гувоҳӣ диҳад, ки аз қабили хушкиоварӣ, ё поксозӣ ва ё ғайри он буда, аз ин дору мавриди умедворист, вале фасоди дигаре ҷой надошта бошад.
Андар ин ҳол бояд қуввати дору афзоиш дода шавад. Ё мумкин аст носозгории он ба сабабҳои дигаре вобаста бошад. Масалан, мумкин аст беш аз андозаи мавриди эҳтиёҷ гармӣ оварда, боиси сурхию афрӯхтагӣ бигардад.
Андар ин ҳол эҳтиёҷ бад-он аст, ки қуввати онро бикоҳанд ва зуд бо ягон марҳами сардиовар афрӯхтагии онро хомӯш кунанд. Ё мумкин аст [решро] ба сиёҳ шудану тирагӣ бикашонад ва аз ин маълум бигардад, ки дору сардиовар аст ва ё на ба андозаи ниёзмандӣ гармиовар бувад. Андар ин ҳангом бояд қувваи гармиоварии доруро афзоиш дод. Ё мумкин аст дору [решро] ковок созад ва андар ин ҳол эҳтиёҷ бад-он аст, ки қувваи доруҳои қабзкунанда ва хушкиоварандае аз қабили гулнор, мозу ва монанди он афзоиш дода шавад. Ё мумкин аст дору хушкӣ оварад.

пешина
аз 1215
навбатӣ