Қонуни тиб

Андар ин ҳангом бояд хушкиоварии онро бо чизҳое пешгирӣ кунӣ, ки бароят ёд хоҳанд шуд. Ё мумкин аст чунонки баъд ёд хоҳем кард, решро хӯрда, ғор кунад. Андар ин ҳол ба шикастани қувваи зудояндагии он эҳтиёҷ биафтад.
Бисёр вақт дору аз он сабаб созгор наояд, ки мизоҷи бемор аз ягон бобат ба ифрот бад бошад. Андар ин ҳол бояд дору бар хилофи он гуна [бадмизоҷӣ] қавӣ буда, онро [ба ҳоли муътадил] боз орад ва ё аз бобати созгорӣ бо ин гуна мизоҷ заиф бошад.
Фасли севвум дармони решҳои зардобнок
Ба ҳангоми ин [решҳо] ба истеъмоли доруҳои хушккунанда эҳтиёҷ биафтад, то зардоб пок шавад, сипас ба рӯёнидани гӯшт машғул шаванд. Агар реш суст буда, аз болои он доруҳои рӯёнандаро ба кор бибаранд, ин доруҳо онро ғор карда, бигандонанд, аз баҳри он ки ҷисми ин гуна решҳо камқувват аст. Баръакс, бояд нахуст онро хушконда, сипас ин [доруҳоро] ба кор бурд. Ҳар гоҳ доруро ба кор бибарӣ ва бибинӣ, ки рутубат коҳиш намеёбад ва ё бибинӣ, ки рӯ ба афзоиш аст, бидон, ки дору ба ҳасби он тан хушкиоваранда нест. Бинобар он қувваю хушкиоварандагии онро афзоиш дода, бо ягон зудояндаи андаке чун ангубин ва бо доруҳои қабзкунандае мили гулнор ва замч ба он ёварӣ бирасон, қувваи равғанро бикоҳ ва андар он равғанеро ҳамроҳ кун, ки хушкиоваранда бошад. Низ, агар бибинӣ, ки реш андар хушкӣ аз андоза берун шудааст, ҳамаи қувваҳои дору, яъне хушкиоварӣ, зудояндагӣ ва қабзкунандагии онро коҳиш деҳ.
Андарзи зеринро оид ба (173) доруҳои гӯштрӯёнандаи решҳо аз бар кун ва андар як чиз ба ғалат роҳ надеҳ, яъне агар дору беш аз ҳадди лозимӣ зудоянда бошад, андомро бихӯрад ва бахши гӯштии онро ба рутубати ҷоришаванда табдил диҳад, вале онро зардоб гумон карда, қувваи зудояндагии доруро биафзоянд ва ин гуна дору решро ғортару гармтар ва шабеҳи варамкарда гардонида, лаби он сафолак бигирад ва бемор ба таври маълум сӯзиш ҳис кунад.
Бидон, ки бархе аз доруҳои хушконандаи решҳо сахт сардиоварандаанд, ки мисоли ин банг, афюн ва бехи луффоҳ бошад ва бархе дигар мисли ротиёнаҷ ва зифт сахт гармиоваранда буванд. Бинобар ин ӯро лозим аст, ки якеро бо дигарӣ ба ҳасби муқояса бо яке аз мизоҷҳои ҷузъӣ муътадил бисозӣ.
Доруҳои поккунандаи зардоб доруҳои хушккунанда буда, мисоли онҳо замч, мозу, пӯсти анор, пӯсти кундур, мурдосанг, орди ҷав ва писти он, лола ва барги «дарахти пашша» мебошад. Агар барги сабзи чаҳормағз ва худи чаҳормағзро зимод кунанд, суди зиёд бахшида, бидуни ранҷ овардан рутубатҳоро бикашад. Онро ё чуноне ки ҳаст ва ё бо шароб ҷӯшонида, зимод кунанд.
Як марҳами хуб: Мурдосангро гирифта, то сафед шудан як бор бо сирко ва як бор бо равғани зайтун об диҳанд.
Сипас аз сурма, рӯсӯхта, зардчӯба, гулнор, мозу, хуни сиёвушон, замч ва иқлимиёи сим бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд ва нек бисованд. Бояд миқдори ҳар як аз ин доруҳо шашяки он миқдор аз мурдосанге бошад, ки
омода сохтаӣ. Сипас ҳамаро биомезанд ва ба кор баранд.
Низ, бояд доруҳоеро ба кор бурд, ки андар Қарободин ёд кардам. Бисёр вақт эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки зардобро бо доруҳои равон бишӯянд, чунонки мо инҳоро андар боби решҳои сахт нишаста ёд хоҳем кард. Яке аз ин доруҳо оби дарёст, вале оби замч бошад, ҳам бишӯяд, ҳам моддаро пас бигардонад ва хушк созад. Агар баробари реш омос ҷой дошта бошад, ҳамаи доруҳои ҳозир ёдшуда зиён хоҳанд овард. Обе, ки андар он мушки замин ҷӯшонида бошанд, хуб хушксозанда аст. Ҷӯшонидаи ҳалила, балила ва омула ва ҷӯшонидаи озоддарахт ва барги сидр низ андар ин бобат хубанд.
Фасли чаҳорум дармони решҳои чиркнок
Ба ҳангоми ин [решҳо] чунонки мо андар боби қонуни муолаҷа ёд кардем, бояд доруҳои зудояндаро ба кор бурда, нахуст аз қавитар ва сӯзандатари онҳо оғоз кунанд ва сипас тадриҷан ба истеъмоли, масалан, шитараҷ ва зарованд бо ангубин ва андаке сирко бигузаранд. Низ, сақизи хинчакро бо як чанди он аз равғани гул ва ё равғани гов, ё бехи савсанро бо ангубин ва ё орди говдона ва гиёҳи говширро [ба кор бибаранд].
Аз доруҳои мураккаб инҳоро [ба кор баранд]: марҳами ҳиндӣ; ҳамаи марҳамҳои сабз, яъне зангории сода ва ё омехта бо уша ва монанди он; марҳамҳои қайшурӣ; марҳамҳое, ки аз орди говдона сохта бошанд; марҳами намак; қурси сиёҳ; қурси сабз, ки бо номи «қурмуҷонис» маъруф аст.
Яке аз доруҳои хушксозанда чунин аст: аз дурди равғани зайтун, ангубин ва замч бахшҳои баробар бигиранд.
Ё аз сафеда ва гесугуна ба қадри баробар ба кор баранд.
Ҳар гоҳ чиркнокӣ шиддат ёбад, ганданои кӯҳӣ бо ангубин судбахш аст. Яке аз зимодҳои хуб зайтуни намакин аст. Ҳангоми ин [решҳо] низ аз барои шустан ба доруҳои равоне эҳтиёҷи зиёд бошад, ки мо онҳоро андар боби решҳои амиқ ёд хоҳем кард. Агар омос ҷой дошта бошад, ҳамаи ин [доруҳо] зиён доранд.
Фасли панҷум дармони решҳои амиқ, [89] «ғорҳо»
ва «паногоҳҳо»
Илоҷи инҳо бо гӯшт пур кардан аст ва ин ҷуз ба фаровонии ғизо ва хун муяссар нахоҳад шуд. Аз барои ин
ба доруҳое эҳтиёҷ биафтад, ки ба таври қавӣ ҳам хушконанда ва ҳам поксозанда бошанд. Ниҳоди он бояд ба
намуде бошад, ки омадани зардоб қатъ нагардад, баръакс, бояд таровидан бигирад. Агар иттифоқан маҳалли
[реш] чунон бошад, ки буни реши андом ба барсӯ ва
даҳонаш ба фурусӯ бошад, бигузор чунин биистад, вале
агар баръакс буда ва худованди он аз тариқи ба такаллуф ғайри табиӣ истодан вазъи буни решро дигаргун кардан битавонад, пас, бояд чунин кард. Агар [вазъи худро дигар] кардан натавонад, ноилоҷ решро то бун бо диққат
пора кунанд, то ягон ғоре боқӣ намонад ва ё андар буни
он аз ғайри даҳон бо дасткорӣ ягон таровишгоҳ ва гузаргоҳе ба амал оранд. Андар ин ҳангом бояд андомро тааммул намуд, ки (174) оё аз ин кор ба ӯ ягон хатаре падид меояд, ё не. Ҳар гоҳ ин корро кардӣ, решро аз рӯи да ҳон оғоз карда, то бунӣ он то он ҷое, ки кушодӣ, бо бандина бибанд, вале андар ҳолати якум бар хилофи ин бибанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор