Қонуни тиб

Ба ҳангоми ҳар ду намуди [бастан] ҷиҳати болоиро сахттар бибанд. Бастан набояд ба андозае сахт бошад, ки дард ва сипас омос оварад. Агар чок кардан туро муяссар нашавад, ба шустан ва даровардани фатилаҳои рӯёнанда ва поксозандае бипардоз, ки поксозандагии онҳо рӯёнандагиашонро бекор насозад, зеро ҳар ду хусусият андар онҳо қавӣ бувад.
Мо «марҳами паямбарон»-ро санҷидем, аз ҷиҳати мудоро кардан ба ғоят хубу судбахш будааст. Агар [решро] бо қантуриюн пур кунанд, сахт аҷиб аст. Сипас сумқутун,187 баъд бехи савсани осмонгунӣ ва баъд аз он орди говдона биистанд.
Агар «паногоҳҳо»-ро сари вақт чорабинӣ накунанд, пӯсти онҳо хуб нахоҳад часпид, лекин ба ҳангоми онҳо пӯстро метавон хушк кард, то он тавре биистад, ки ҳамчун пӯсти тандуруст бинамояд.
Решҳои амиқ, «паногоҳҳо» ва «ғорҳо»-ро доруҳо на ба ғоят пок кунанд ва на гӯшт рӯёндан битавонанд. Магар ки бо обдуздакҳо андар онҳо доруҳои равони шӯянда бипошанд ва ё фатилаҳо бидароранд. Ин хусусан ҳангоме [мавриди эҳтиёҷ аст], ки агар шаклашон на чунин як шакле бошад, ки ба ҳангоми поксозӣ онро ба қадри кофӣ рост кардан ва ё бо бандинаҳо фишурдан, чунонки баён кардем, мумкин бошад.
Ангубин хусусан омехта бо шароб яке аз доруҳои шӯянда ба шумор биравад. Оби хокистар шӯяндаи қавӣ буда, вале ба ҳангоми реши камчирк таҳаммулнопазир аст. Оби дарё ба ҳамин наздик аст: вай ҳам бишӯяд ва ҳам бихушконад. Оби замчӣ шӯянда буда, ба изофаи он моддаи ба сӯи андом таровандаро боз дорад. Агар омос ҷой дошта бошад, ҳеҷ кадом аз инҳо, ҳатто шароб, ҳам созгор нест.
Ба ҳангоми ин решҳо аз болои доруҳо пораеро андар миёни бандинаҳо бояд ниҳод, ки ба он доруи аз барои ислоҳи мизоҷи андом мавриди ниёзро андуда бошанд.
[Андомро] аз барои муқовамати марҳамҳои аз зер ба кор бурда эҳтиёҷ бад-он аст, ки бар даҳони реш пораи дигаре бо доруи лозимӣ тило карда, ниҳода шавад.
Далели часпидагии реш ин аст, ки чизи тарованда кам ва бахшҳои фурӯсӯви он устувор гардида бошад. Гоҳе мумкин аст ба сабаби банд ва қувваи дору якбора рутубатҳои бисёре фишурда, берун шаванд ва баъд аз он [реш] хушкида бичаспад.
Фасли шашум андар илоҷи кирмҳои решҳо
Яке аз чизҳои аз барои онҳо судманд фишурдаи пудинаи рӯдӣ ва доруҳоест, ки андар бобати кирми гӯш андар Китоби севвум ёд кардем ва аз он ҷой [ин чизҳоро] пайдо кун.
Фасли ҳафтум тариқи рӯёнидани гӯшт андар решҳо
То [реш] пок нашавад ва агар ғизо кам буда, он намерасида бошад, то ғизо ба сӯи он кашида нашавад, набояд ба
рӯёнидани гӯшт бипардохт. Ҳар гоҳ решро пок кардӣ,
чӣ гуна реше набошад ва андар куҷое набошад, аз ҳар гу
на чизи ба таври қавӣ сӯзишовар ва зудоянда дураш бидор. Ба ҳангоми ба кор бурдани доруҳои гӯштрӯёнанда бояд андарзҳои ёдшударо ба эътибор гирифт, яъне аз бисёр омадани рутубат ва ё аз ҳад зиёд хушкидани реш бохабар шуда, он кореро бояд кард, ки андар боби решҳои зардобнок ёд кардем. [Чунин кор] на аз барои он кунанд, ки то решҳо тар бимонанд ва ё сахт хушкида бигарданд, балки аз барои гӯшти рӯянда ва ҳангоме чунин кунанд, ки агар он сахт тар ва ё ками хушкида бошад. Яке аз тадбирҳое, ки хушкиоварии [доруро] бикоҳад, ин равон сохтани он ва агар марҳам бошад, афзудани равғану муми он мебошад. Яке аз роҳҳои афзудани хушкифизоии дору чунин аст, ки онро ситабру сахт кунанд ва равғаннокиашро бикоҳанд. [Низ] доруҳои таркиби онро бештар бигиранд ва ё андар он, масалан, ангубин биафзоянд. Ба ҳангоми решҳо рӯёнидани гӯшт бо ёрии марҳамҳо созгортар аст, вале оҳиста ба амал ояд, аммо бо ёрии доруҳои хока бошад, мушкилтар буда, вале зудтар бианҷомад. Бошад, ки гӯшт сахт шавад. Андар ин ҳангом роҳи савоб он аст, ки бар вай хокаҳо пошида, бар гирдаш марҳамҳо бимоланд.
Шароб ва хусусан шароби қабзкунанда ба сабаби шӯяндагиаш аз барои ҳамаи решҳо доруи хуб буда, хушкӣ оварад, пок созад ва ниҳоят қувват бахшад.
Мо доруҳои гӯштрӯёнандаро андар боби ҷароҳатҳо ёд кардем ва беҳтар он аст, ки бархе баргузидаҳои онҳоро, ки муносиби ин ҷой аст, биоварем. Онҳо [доруҳои зерин буванд]: сурмаи сӯхта; анзарут; сирешуми моҳӣ; лесаки суда; туполи шобурагон; сурби сӯхта; ваҷ; бӯмодарон; филгӯш ва мушки замин хусусан аз барои реши чиркнок. Гесугуна ниҳоят таъсири қавӣ дорад, қантуриюн ба ғоят [хуб] аст ва обгинаи сӯхта аз барои хушконидан ва фароҳам овардани [решҳо] таъсири аҷиб дорад.
Фасли ҳаштум дармони решҳои хӯрашавандаи ғайри ганданда
Қонуни ҳамагонӣ ба ҳангоми муолаҷаи решҳои хӯрашаванда ва палид ин аст, (175) ки танро пок кунанд ва агар пок бошад, андомро бо миҳҷама ниҳодан ва девча сар додан пок созанд ва бо ёрии тилоҳо ва ислоҳи ғизо мизоҷи онро бигардонанд. [Андар ин кор] набояд ба таъхиру кашолакорӣ роҳ дод, зеро кашолакорӣ андар ин ҳангом боиси афзоиши бадии реш бигардад ва гоҳе хазидани хӯрашавии он зарурати қатъи андомро ба миён оварад.
Решҳои хӯрашавандаи беуфунатро рехтани оби сард, оби мӯрд, оби гул, оби садпайванд, агар гармӣ набошад, шароби қабзкунанда, агар гармӣ бошад, сиркои омехта бо оби гул ва ё бо оби холиси бисёр ва низ дигар обҳои сардиоварандаи хушкифизоянда судманд аст. Агар гандагӣ ҷой дошта бошад, он гоҳ бо оби дарё ва дигар чизҳое [дорурезӣ] кунанд, ки андар боби решҳои ганданда ёд хоҳем кард.
Баъд, беҳтарин дармони ин [решҳо] ба кор бурдани чизҳои қабзкунанда, хушкиоваранда ва сардиафзой буда, мисолашон инҳост: пӯсти анор; наск; барги [дарахти] мастако; тухми гул; хори мисрӣ ва донаи мӯрд. Пухтаковҳои дорои ин доруҳо [низ хубанд]. Амсоли ин доруҳоро бо андаке аз замч ва монанди он тақвият диҳанд. Зимод кардани барги туруша ва шохаҳои он, ки андар шароб ҷӯшонида бошанд, зимод кардани гили румии бо сирко ва ё сикангубин сиришта, ё [зимоди] кадуи хушки сӯхта ва ё аспғул бо пист ва ё барги сабзи зайтун низ ҳамин гуна буванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор